logo

сиёсат

АЗ ПАРЕШОНӢ ТО ДУРАХШОНӢ

Баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 1976, муқими шаҳри Душанбе шудаму 34 сол дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудам. Ин рӯзномаи бонуфузи кишвар, ки воқеан, мактаби бузурги тарбия ва бакамолрасии журналистони собитқадам аст, ба ман дарси худшиносию меҳанпарастӣ, садоқату  вафодорӣ, некбиниву некхоҳӣ ва дӯстию бародарӣ омӯхт. Ин мактаби бузург дар ташаккули ҷаҳони маънавии на танҳо журналистон,  балки  аҳли ҷомеа нақши марказӣ бозидаву бозида истодааст.
 
Шаҳри Душанбе бошад, барои ман оғӯши пур аз муҳаббаташро во намуда, фарзандвор парварид ва ба сӯйи орзуҳоям раҳнамун сохт. Ба ташбеҳи шоир, ин шаҳри ҳамешасабз баҳор буду ман яке аз шохаҳои дарахтҳои пурбораш. Хиёбонҳои гулрези Душанбе шоҳиди ҷавониҳо, шукуфтанҳо, парвозҳо, ба орзую ҳавасҳо расиданҳо ва бурду бохтҳои мананд. Аз ин рӯ, меҳри Душанбе дар мағз - мағзи устухону ҷони ман ҷо гардида, бароям ниҳоят азиз аст. Маҳз ҳамин меҳру муҳаббати беандоза маро аз ин шаҳри дӯстдоштанӣ, ки баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ чанд муддат бо дасисаи душманони дохилию берунӣ ба макони даргириҳои хунин, қатлу ғорат, фиребу дурӯғ, туҳмату иғво ва сарсонию саргардониҳои мардум табдил ёфта буд, лаҳзае берун рафтан намонд. 
Дар радифи сокинони шаҳр ҳар саҳар, ҳарчанд кӯчаҳо пур аз силоҳбадастон буданд, ба кор мерафтам. Баъд аз кор талош мекардам, ки ақаллан як буханка хлеб ёфта, ба хона баргардам.  Зеро дар шаҳр нон камчин шуда буд. Бинобар ин, мардум ҳанӯз чашми рӯз накафида ё ба “Хлебзавод” мерафтанд ва ё соатҳо навбат истода, аз ягон дукон ё мағоза нон мегирифтанд. Дар ҳамон шабу рӯзҳо сокинони пойтахт пас аз шом ҷуръати аз хонаҳояшон баромадан намекарданд. Онҳо дар ҳолати тарс барои ҳаёти худ, фарзандони худ, хонадони худ ва ояндаи хеш рӯз мегузаронданд. Ин аслан зиндагӣ набуд. 
Даъвати худхоҳонаи баъзе аз роҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар масъалаи гаравгонгирии русзабонҳо фирори оммавии онҳоро аз кишвар ба амал овард. Худи мардуми тоҷик бошад, хонаи солҳо ободкардаашро партофта, аз Ватани бобоӣ гурехт. Бо вуҷуди ин, мардум умедашонро аз зиндагӣ намеканданд. Бовар доштанд, ки Сарвари тозаинтихобашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба рӯзҳои нек мерасонад. Дар дили ман низ ҳамеша алорағми нобасомониҳои рӯзгору дасисаҳои бадхоҳони миллат чароғаки умед фурӯзон буд.
Ҳоло ки мо 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бошкӯҳ ва дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифтем он рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, Муроҷиатномаи Сарвари тозаинтихоби кишвар ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992, Изҳороти Раиси Шӯрои Олӣ аз 31 декабри соли 1992, Муроҷиатнома ба ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон аз 16 январи соли 1994, мулоқоту музокироти байни тоҷикон дар Афғонистону Эрон, Россияву Покистон, Қирғизистону Туркманистон пеши чашм меоянд. Дармеёбем, ки дар расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ бозида, ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварданд ва ба ҳамин васила наҷоти давлат ва бақои миллатро таъмин намуданд. Бо талошу ҷонфидоиҳои ин фарзанди сарсупурдаи миллат дар хонаҳои аз наҳсии як тӯда мансабталошу зархарид торикгаштаи мардум равзанаи умед намудор гардида, роҳи наҷот аз бунбасти ноумедӣ пайдо шуд.
Дар як суҳбати ихтисосӣ ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов перомуни нақши сулҳофаринӣ ва ваҳдатсозии Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, гуфта буданд, ки баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ тамоми қувва, донишу таҷриба, иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани гурезаҳо ва шуруи музокирот бо мухолифин равона намуданд. Дар чунин лаҳзаҳои барои миллат сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон, дарвоқеъ, бахти таърихии тоҷикон буд.
Дар он айём мавзуъҳои вобаста ба талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ, ба маҳалли зисти доимиашон баргардондани гурезаҳо, музокироти байни тоҷикон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими дохил ва хориҷи кишвар дар сархати хабару гузоришҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” қарор гирифта буданд. Мазҳабшои Муҳаббатшо, ки ҳамон вақт сармуҳарририи рӯзномаро ба зимма дошт, шуъбаи ҳаёти байналмилалиро муваззаф намуда буд, ки дар инъикоси раванди сулҳ масъулияти баланд ҳис карда, ҷараёни воқеаҳоро воқеъбинона пешкаши хонандагон гардонанд. 
Моҳи августи соли 1994 сармуҳаррир маро, ки мудири шуъбаи ҳаёти байналмилалӣ будам, ба наздаш даъват карда, пурсид:
- Рафиқ Рӯзиев, дар пеш ҷашни сесолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Шуъба чӣ нақшаҳо дорад?
- Омодагӣ бад нест. Кормандони шуъба ба чунин хулоса омаданд, ки барои шумораи ҷашнӣ бо сафирони Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат анҷом дода, назарашонро оид ба вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, раванди сулҳи тоҷикон дар як саҳифа манзури хонандагони рӯзнома гардонанд. 
Ин тасмим ба сармуҳаррир писанд афтод ва супориш дод, ки аз паси иҷрои кор шавем. Ба шуъба омада, бо ҳамкорам Ҳусейн Қутбӣ тарҳи саҳифаро кашидем. Ӯ баъди чанд лаҳзаи андеша гуфт:
- Акои Додоҷон, саҳифаро бо мисраъҳои зерин сар кунем, аҷоиб мешавад:
Эй кош, Ватан зудтар аз ин ғам бадар ояд,
Ин шом саҳар гардаду ин ғусса сар ояд.
Пешниҳод қабул шуд ва мо аз пайи иҷрои супориши сармуҳаррир шудем. Мусоҳибаҳо бо сафирони Федератсияи Россия М. Сенкевич, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стенли Эскудеро ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ба чоп омода гардиданд. Дар зери он ду мисраъ шеъри зикршуда ин матлаб ҳам навишта шуд: "Ҳамватанони азиз! Биёед, дар рӯзи хуҷастаи истиқлол ҳамагон даст ба дуо бардорем, ки ҳар чи зудтар ҳамдиёрони ғарибафтодаамон ба Ватан баргарданд. Музокироти байни тоҷикон самараи нек орад ва сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон пойдор гардад".
Шумораи ҷашнӣ ба чоп расид. Саҳифа дар чапира баҳои баланд гирифт. Муаллифон ҳавасманд гардонда  шуданд.
Баъд аз ин бо Мазҳабшои Муҳаббатшо дар мавриди дар кадом шакл инъикос кардани музокироти байни тоҷикон, ки мебоист  охири моҳи ноябри соли 1994 дар Исломобод ҷараён гирад, машварат оростем. Роҳбарияти рӯзнома моро вазифадор намуд, ки баъд аз анҷоми музокирот бо роҳбари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва қоиммақоми сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Сайидҳасани Ҷовид мусоҳиба анҷом диҳем.  Мусоҳибаҳо баъди бозгашти ҳайати музокиракунанда аз Исломобод сурат гирифта, бо унвони умумии “Тоҷиконро ҳаваси сулҳу сафост” ва сарлавҳаҳои алоҳидаи “Ҳар иқдомро ба тарозуи манфиати миллат бояд баркашид”, “Дар Исломобод марҳалаи душворе паси сар шуд” ва “Ҳамдигарбахшӣ рисолати олии инсон аст” ба чоп расиданд. Давраҳои баъдии музокирот низ дар “Ҷумҳурият” ба таври васеъ инъикос ёфтанд. 
Аз байн тақрибан ним сол гузашт. Рӯзе Мирзоҳаёт Давлатов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (равонаш шод бод!) занг зада, хоҳиш кард, ки матолиби дар мавзуи раванди сулҳи тоҷикон навиштаамонро гирд оварда, ба иттифоқ пешниҳод намоем. Ману Ҳусейн Қутбӣ ин корро анҷом додем. 11 марти соли 1998 барои инъикоси саривақтии музокирот ва гузоштани саҳми арзанда дар раванди сулҳи тоҷикон моро ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор донистанд.
Ҳамин тавр, бо саъю талошҳои давомноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат тавассути шабакаҳои телевизионию радиоӣ ба ҳамдиёрон муроҷиат намуда, онҳоро бо ин рӯзи  фирӯз ва саодатбор табрик намуданд. Бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки “Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид. Ҳуҷҷате, ки имрӯз дар Маскав ба имзо расид, роҳи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ба сӯйи фардо ҳамвор месозад. Ин дастоварди некро ҳар яки мо бояд мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем”. Ин муждаи нек, ин санаи воқеан таърихиро шуъбаи ҳаёти байналмилалӣ бо чанд суҳбату гузориш, шеър ва мақолаҳои таҳлилӣ ба хонандагони “Ҷумҳурият” расонд. 
Созишномаи сулҳ ба марҳалаи басо пурихтилофи муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон анҷом бахшида, ба оғози давраи нави таърихӣ асос гузошт. Созишнома барои дастовардҳои минбаъдаи мардуми кишвар дар самти плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ташаккули низоми бисёрандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки поягузораш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мавриди эътирофу омӯзиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бисёр кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт. 
Воқеан, ваҳдати миллӣ омили асосии пойдории сулҳу субот буда, рушди бонизоми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро таъмин менамояд. Имрӯз, маҳз ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқол баҳори гулгулшукуфоро мемонад, ки ҳар ғунчааш меваи саодат меорад. Душанбеи азиз бошад, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз як шаҳри одии хоси замони шӯравӣ ба як шаҳри муосиру мудерн, ки биноҳояш чун кӯҳҳои сар ба афлоки Ватан осмонбӯсанд, ба маркази ҳамоишҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии сатҳи минақавию байналмилалӣ мубаддал гардид. Шаҳре, ки дирӯз кӯчаҳояш макони тарсу ҳарос буданду аз фазояш бӯи ноумедӣ меомад, имрӯз аз файзи ваҳдат ва пирӯзии идроки миллати тамаддунофарини тоҷик биҳиштеро мемонад, ки дар канораш ба орзую ҳавасҳои дил расидан осон аст.   Таманно мекунам, ки ваҳдату ягонагии мардуми мо ҷовидона ва дар ҳар хонадон  чароғи иқбол то абад нурафшон бошад.
 
Додоҷон  РӮЗИЕВ, 
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи 
журналистони Тоҷикистон 
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2021    №: 163    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед