иқтисод
САНГВОР. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД!
“Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор тадбирҳои судманд ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо роҳандозӣ гардида истодааст. Дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию ободонӣ ба сомон расонда шуда истодааст”, - иброз намуд Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат, раиси ноҳия.
СОХТМОН
Сангвор чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - сологии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба сомон расонда, кӯшиш менамояд, ки дар ободии як гӯшаи Ватан саҳми арзандае гузорад. Боиси зикр аст, ки дар ноҳия бунёдкорӣ идома дошта, тайи 3 соли охир сохтмони 107 иншоот ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар 75-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар дигар иншоот корҳо бомаром идома доранд. Соли ҷорӣ барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз ин маблағ мувофиқи нақша барои сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва навсозии боғи фарҳангиву фароғатӣ дар маркази ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Тибқи нақша соли 2021 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 6, 12, 14 ва 31-и ноҳия, инчунин, пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои Ҷамоати деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар арафаи таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои хуштарҳу замонавии шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, 3 майдончаи варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Вахиё, Сангвор ва Чилдара, инчунин, коргоҳи қаннодӣ дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шуд.
Аз шумораи умумии иншооти банақшагирифта, ба соҳаҳои маориф 21, тандурустӣ 10, фарҳанг 3, варзиш 9, коргоҳ ва корхонаҳои саноатӣ 6, кишоварзӣ 18, сайёҳӣ 2, маркази хизматрасонӣ ва савдо 7 ва дигар бинову иморатҳо 31 иншоот рост меояд. Сохтмонҳои бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, бинои шуъбаи маориф, хатти баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара, меҳмонхона, ҳавзи моҳипарварӣ, 2 толори варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Вахиё ва Чилдара, ҳамчунин, 2 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара ва Вахиё идома доранд.
КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва даромаднок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар он фаъолият мекунад.
Кишоварзон тибқи нақшаи дурнамо имсол дар майдони 1540 гектар кишти ғалладона, 1117 картошка, 214 сабзавот, 50,5 зағир, 4 полизӣ, 52 хӯроки чорво гузаронда, 19 нектар боғи нав бунёд намуданд.
Соли равон кишти зироат дар муқоиса ба соли 2020 ғалладона 2, зағир 2,5, сабзавот 3 ва хӯроки чорво 39 гектар зиёд карда шудааст.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 7,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - ум 598 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 318 тонна гӯшт, 680 тонна шир ва 427 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 24 тонна гӯшт ва 55 тонна шир зиёд мебошад. Хушбахтона, маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад, ки ин аз меҳнати софдилонаву босамари деҳқонон дарак медиҳад.
МАОРИФ
Соҳаи маориф, самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, барои рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши наврасон дар ноҳия аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон, ташкили озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба роҳ монда шуда, дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забонҳои русию англисӣ, математика, забону адабиёти тоҷик, физика, химия, техналогияи информатсионӣ ташкил шудаанд.
16 июни соли 2021 баъди санҷиши комиссияи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар довталаб (11 писар ва 11 духтар) тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дохил гардиданд.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ шуда, айни ҳол дар назди 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо 380 кӯдак ҷалб шудааст. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоатҳои деҳоти Сангвор ва Чилдара низ хуб ба роҳ монда шуда, бо фарогирии 125 кӯдак фаъолият менамояд. Тарбиятгирандагон бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла асбобҳои хониш, бозичаҳо ва се вақт хӯроки гарм, таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ дош-тани фосилаи байниҳамдигарӣ машғулиятҳо ба роҳ монда мешаванд.
Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия айни замон 111 хонанда, аз ҷумла 33 нафар духтар, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли 2021 ба мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия ба маблағи 76 ҳазору 418 сомонӣ кумакҳои хайриявӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳои дахлдор дастрас гардидааст. Дар назди мактаб – интернати мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сарпарастон ва шахсони саховатпеша майдончаи варзиш сохта мешавад.
ТАНДУРУСТӢ
Тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти саломатии аҳолӣ нигаронда шудааст. Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмгузаронӣ, ҳуҷраҳои мубориза бар зидди бемориҳои сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва танзими оила, ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмат мерасонанд. Барои пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемориҳои гепатити Б ва C аз тарафи маркази санитарии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудааст.
Аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи коронавирус кормандони соҳаи тандурустии ноҳия корҳои омодагиву пешгириро барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат тайёр намудани шуъбаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад. Дар ҳудуди ноҳия барои муолиҷаи беморони гумонбар ба COVID-19 тамоми шароит омода мебошад. Дар беморхонаи марказӣ бо дастгирии шарикони рушд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сокинони Сангвор дар ҷавоб ба ин ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободгардонии ноҳияашон ба роҳ мондаанд. Ашхоси бонангу номус ва меҳанпарвар дар пешравии ноҳия ва, дар маҷмуъ, Тоҷикистони маҳбуб, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2021 №: 163 Мутолиа карданд: 2031