logo

иҷтимоиёт

МУЪМИНОБОД. ҲОЛИ ТАБОҲИ КОРХОНАИ КОММУНАЛӢ

Нарасидани техникаҳо ва набудани шароити хуби корӣ ба  фаъолияти мунтазаму босифати корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳияи Муъминобод монеаи ҷиддӣ эҷод кардааст.  
Абдураҳим Шарифов, сармуҳандиси корхона, изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки дар  ихтиёри муассиса ҳафт техникаи корӣ буда, ҳамаи онҳо таъмирталаб ва фарсудаю корношояманд. Аз ин рӯ, масъулон, дар бисёр маврид маҷбур мешаванд, ки ба ҳамаи 35 нуқта партовҳоро бо ароба кашонанд.
- Бинои корхона низ куҳна шуда, таъмирро тақозо дорад. Мутаассифона, то кунун барои навсозии он аз буҷети маҳаллӣ  маблағ ҷудо нашудааст. Корхона аз андоз беш аз 540 ҳазор сомонӣ қарздор буда, суратҳисоби он дар раёсати андози вилояти Хатлон муваққатан баста шудааст. Ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди  давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 21 ҳазору 500 сомонӣ пардохт намудем. Айни замон бо маблағҳои худӣ фаъолияти корхонаро пеш бурда истодаем. Маблағи ҳаққи хизматрасонии он аз ҳисоби  аҳолӣ дар як моҳ наздики ду ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ҳатто барои хариди сӯзишворӣ намерасад, - гуфт ӯ.
Ба иттилои Тоҷиддин Мирзобаротов, сардори раёсати молияи ноҳия, маоши кормандонаш  аз буҷети ноҳия пардохт мешавад. Чунончи номбурда гуфт: «То кунун барои таъмири корхона 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки онро пурра пардохтем».
Ҳамзамон, масъулони раёсати молия иттилоъ доданд, ки   бо дастури шифоҳии Лутфия Шарифзода, раиси ноҳия, дар корхонаи номбурда санҷиши молиявӣ гузаронда шудааст. Дар рафти санҷиш амалҳои изофанависии масъулони корхона ошкор гардиданд. Аз ҷумла, ҳангоми кашондани партовҳо сарфи сӯзишворӣ дар рӯйхати тақсимот барзиёд дарҷ ёфтааст.  Ҳамчунин,  хариди молу ашё ва сӯзишворӣ бе бастани шартнома сурат гирифта, талаботи қонун вобаста ба  ҳисоботи молиявӣ сарфи назар шудааст. 
Яке аз мушкилиҳои дигари соҳа нарасидани қуттиҳои партов дар ноҳия мебошад. Ин ҳолат боиси ифлос гардидани муҳити зист мегардад.
Фирдавс Расулов, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, чунин зикр намуд: «Воқеан, на ҳамаи партовгоҳҳои ноҳия ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Борҳо мушоҳида кардем, ки мағозаю дуконҳои хизматрасонӣ партовҳояшонро ба ҷӯйбор мепартоянд ва бегоҳӣ кормандони корхонаи коммуналӣ онро поккорӣ мекунанд. Дар 5 моҳи соли равон нисбат ба 9 сокини ноҳия санади қонунвайронкунӣ тартиб дода, онҳоро ҷарима бастем».  
Тавре аз гуфтаи масъулони корхонаи мазкур ва ҳам бахшҳои молияву ҳифзи муҳити зист бармеояд, шароити номусоиди корӣ боис ба сатҳи пасти хизматрасонии коммуналӣ ва ифлосии маҳалҳо гардидааст. Суоли матраҳ ин аст: "Вазъи номусоид то кай идома мекунад?".  
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2021    №: 163    Мутолиа карданд: 2826
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед