logo

Хабарҳо

ФАЛАК - СУРУДИ ФОЛКЛОРИИ БЕМУСИҚӢ

Дар китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ” вожаи “фалак”- ро ин тавр шарҳ доданд: “(ар. - осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кӯҳистон; жанри мусиқии овозӣ ва созӣ”. 
Албатта, дар тасаввуроти одамони қадим фалак гуфта чархи гардуни осмон, чархи тақдир ва Худо буд. Ман зодаи деҳаи Равнови Дарвозам ва дар  деҳаи мо чор ҳофиз буд: Шохӯҷа Давлатов ва Довудхӯҷа Неъматуллоев. Ҳар ду ғазалхон маҳсуб мешуданд ва дар идҳо онҳо бо дутор суруд мехонданд. Ҳофизи тӯйҳо бобои Нурқадам ном дошт ва ӯ сурудҳои фолклориро месароид. Бобои Ғоиб зардинаи чашмкабуд  буд ва фалак мезад.  Сурудҳояш дар вақтҳои чӯпонӣ ва шабдаравҳо ба гӯш мерасиданд.  Дар маъракаҳои деҳа суруд намехонд ва мегуфт, ки “сурудҳои ман дар ин ҷо хонда намешаванд, онҳо фалакианд ва аз баландиҳо бояд хонд”. Ман он вақт ин суханони  бобои Ғоибро намефаҳмидам ва мегуфтам, ки чӣ хел мешавад, сурудҳоро дар вақти коҳдарав, чӯпонӣ аз  баландиҳо хондан мумкин будасту дар пастиҳо, тӯйҳо не. Ҳоло ман ба гуфтаҳояш сарфаҳм меравам. Фалак - ҳама сурудҳои ғамангез, шикоят аз ғарибӣ, бекасӣ ва нотавонӣ аз ҳаёти вазнини он давраҳо мебошанд, ки ба тарзи муноҷот ба сӯи Худо нигаронда шудаанд. Онҳоро аз баландиҳо, аз болои кӯҳ - ба Худо наздик месароянд, то Офаридгор бишнавад ва ба додашон бирасад. Мегӯянд, ки  овози фалаксарои машҳури Дарвоз Марями Ёгедӣ аз овози устод Акашариф хеле баланд будааст. Ӯро дар замони ташкил шудани шуроҳо ҳабс намуда, нобуд кардаанд. Сурудҳояшро мардуми Афғонистон низ мешунидаанд. 
“Донандагони фалак” мафҳуми “Фалаки даштӣ” - ро бофтаанд. Фалаки даштӣ ва шаҳрӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва намешавад. Агар фалак даштӣ ва шаҳрӣ мешуд, дар Бухоро, Самарқанд, Марв ва Балх онро медонистанд ва месароиданд. 
 
Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ, академики АМИТ, бостоншинос
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед