logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барпо гардид. 
Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.
 
 
Ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ ба фазои Тоҷикистон ворид нашудааст
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабар дод, ки ҳавопаймои ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст. Инчунин, гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки ТАСС ва якчанд агентиҳои иттилоотӣ бо истинод ба телевизиони «Tolo News» хабар дода буданд, ки Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ шоми 15 август кишварро тарк карда, гӯё ба Тоҷикистон фирор намудааст. Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон қарор дорад. Ин изҳоротро рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии «Kabul news» дар Twitter пахш кард.
 
 
Машқҳои тактикии якҷояи Тоҷикистон ва Чин
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Юнфэн мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои гузарондани машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чинро дар мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор, ки аз 17 то 20 августи соли 2021 баргузор мегарданд, баррасӣ карданд.
 
 
«Андалеб-2021». Ҳунармандони Панҷакент соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ - «Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид. 
Шоҳҷоизаи фестивалро ҳунармандони шаҳри Панҷакент ба даст оварданд. Ҷойи якум насиби ҳунармандони ноҳияҳои Восеъ, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Ҳисор гашт. Ҷойи дуюмро ҳунармандони шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон, ҷойи сеюмро ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод соҳиб шуданд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар фестивал барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ чанд нафар ҳунарманд, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, шуъба, бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, масъулон ва ташаббускорон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», диплом, ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ қадр гаштанд.
 
 
Коронавирус. 54 ҳолати нави сироят
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 54 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 72 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфт. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дод.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 16 август дар кишвар 16175 нафар гирифтори COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15828 нафар (97,7%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари ин беморӣ 124 кас фавтид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед