иқтисод
КИШОВАРЗӢ. САҲМИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ ЗИНДАГИСОЗ
Картошка (Solanum tuberosum L.) дар олам ҳамчун «нони дуюм» ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории сайёра нақши муҳим мебозад. Маҳз бо назардошти ин хусусияташ Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид соли 2008-ро соли картошка эълон намуда буд.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати истеҳсол он байни зироатҳои кишоварзӣ баъди гандум, шолӣ ва ҷуворимакка дар дунё ҷойи чорумро ишғол менамояд.
Дар Тоҷикистон низ аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ ба парвариши картошка диққати ҷиддӣ медоданд. Мутаассифона, аввали солҳои 90-ум асри гузашта пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрат ва аз байн рафтани риштаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ базаи моддӣ-техникии соҳаи картошкапарварии кишвар заиф гардид. Норасоии техникаи коркарди замин, қисмҳои эҳтиётии механизмҳои кишоварзӣ, нуриҳои маъданӣ, заҳрхимикатҳо ва тухмии аълосифат боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли картошка шуд.
Ҳамаи ин мушкилиҳо зарурати аз нав ҷоннок гардондани корҳои илмӣ-селексионӣ ва тухмипарварии ин зироати зарурии озуқавориро пеш овард. Ва, хушбахтона, дар ин давраи барои картошкапарварон душвор бо ташаббусу дастгириҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳа рӯ ба рушд ниҳод. Бахусус, солҳои 2001, 2003 ва 2004 дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рӯдакӣ семинарҳои ҷумҳуриявӣ оид ба картошкапарварӣ баргузор гаштанд, ки дар онҳо Сарвари давлат иштирок карда, баҳри тавсеаву густариши ин соҳаи даромаднок ба зироаткорон маслиҳатҳои муфид ироа доштанд. Ҳамин буд, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат , аллакай, соли 2005 истеҳсоли картошка дар кишвар ба зиёда аз 500 ҳазор тонна расид. Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифа гузоштанд, ки ҳарчи тезтар навъҳои нави картошкаи ватанӣ ба даст оварда шаванд ва дар истеҳсолот ҷорӣ гарданд, то ки воридоти он аз дигар кишварҳо коҳиш ёбанд.
Дар робита ба ин, дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон туфайли истифодабарии усулҳои селексияи классикӣ ва биотехнологияи муосир, аз қабили муҳандисии бофтавӣ ва ҳуҷайравӣ, дар шароити сунъӣ ( in-vitro) муяссар гашт, ки навъҳои нави картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Рашт», «Академияи илмҳо – 1», «Нилуфар» офарида шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ гарданд. Бояд гуфт, ки ҳосилнокии онҳо аз ҳар гетар 350 – 450 сентнерро ташкил медиҳад. Махсусан, навъи картошкаи «Тоҷикистон» хеле серҳосил буда, деҳқонон аз ҳар гектар то 500 сентнер ба даст меоранд. Инчунин, дар таркиби лӯндаҳои он нисбат ба дигар навъҳо ду-се маротиба оҳан зиёд мебошад, ки барои пешгирии касалии камхунӣ муфид аст. Бояд ёдовар гашт, ки навъи «Тоҷикистон» дар ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ парвариш мешавад. Навъи дигари картошкаи бадастовардаи олимон «Нилуфар» мебошад, ки таркибаш аз элементи йод бой буда, барои пешгирии бемории ҷоғар нафъи зиёд дорад.
Ҳамзамон, баҳри равнақу ривоҷи бештари соҳа моҳи сентябри соли 2016 дар ноҳияи Лахш зимни мулоқот бо фаъолон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат олимон бояд тадқиқоти хешро доир ба омӯзиши нашъунамои намудҳои гуногуни картошка васеъ карда, дар афзоиши тухмии солими картошка ба деҳқонон кумак расонанд. Дар асоси ин, раёсати президиуми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як гурӯҳ олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниро барои гузарондани кишти картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат сафарбар намуд. Он вақт дар назди олимон вазифа гузошта шуда буд, ки дар майдони бештар аз ду гектар кишти коллексияи навъу гибридҳои гуногуни картошкаро омӯзанд. Ҳамин тавр, олимон аз соли 2017 сар карда, то кунун дар ин мавзеъ (дар баландии 2300 – 2500 м аз сатҳи баҳр) дар ҳамкорӣ бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмиро доир ба селексия ва тухмипарварии картошка давом дода истодаанд. Дар ин муддат олимон ба хулоса омаданд, ки минтақаи Канаск дар оянда метавонад макони истеҳсоли тухмии аълосифати картошка ва дигар зироатҳо гардад, зеро минтақаи Канаск аз ҳашаротҳо ва касалиҳои картошка қариб, ки озод буда, дар ин ҷо ҳар сол парвариши бештар аз 3 ҳазор тонна нахусттухмӣ, супер-суперэлита ва суперэлита имкон дорад. Ин миқдори картошкаи тухмиро дар муддати се сол дар натиҷаи ҳамкориҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ метавон ба даст овард. Дар муддати се соли минбаъда парвариши ин тухмии картошка дар ноҳияҳои кӯҳӣ (Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш ва Ишкашим), ки хок ва иқлими мусоид доранд, бояд ба 2500 тонна расад. Дар натиҷа метавон беш аз 150 ҳазор тонна тухмии репродуксияи II рӯёнд, ки ин барои пурра қонеъ гардондани талабот ба тухмии картошка дар ҷумҳурӣ басанда мебошад.
Ҳамчунин, омӯзишҳои муштараки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ассотсиатсияҳои тухмипарварии ноҳияҳои кӯҳии кишвар бозгӯйи онанд, ки дар оянда воридоти тухмӣ аз хориҷи кишвар сол ба сол коҳиш ёфта, тадриҷан, аз байн меравад. Чунки таҷрибаҳои гузарондаи мо дар ноҳияҳои кӯҳии мамалакат, аз қабили Лахш, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Ванҷ, Шуғнон, Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Файзобод, Муъминобод, Ховалинг, Шаҳристон, Балҷувон собит сохтанд, ки дар баландиҳои 1800 – 2700 метр аз сатҳи баҳр барангезандагони касалиҳои вирусии картошка ниҳоят кам ба назар мерасанд ва дар онҳо метавон тухмии солими картошкаро парвариш намуд.
Ҳамин тавр, маҳз бо дастгириҳои пайваста ва рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши картошкапарварии мамлакат беш аз пеш рушду нумӯ менамояд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дастархони сокинони кишварамон аз «нони дуюм» доимо фаровон хоҳад буд.
Қурбон АЛИЕВ,
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,
Мавлон ҚУРБОНОВ,
олимони Институти ботаника,
физиология ва генетикаи растании АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2021 №: 164 Мутолиа карданд: 2740