logo

иҷтимоиёт

МУЖДАИ СУЛҲ

Садои тир. Паррон - паррони беохир. Ваҳму даҳшат, навмедӣ ва фикри марг дар сар. Ин фоҷиа баногаҳ чун балои осмонӣ ба сари мардум омад. Дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, ки аслан ному нишоне аз камон набуду одамон сурати онро дар китобҳо медиданд, якбора садои  тир, ки гувоҳи ҷангу хунрезӣ буд, баланд гардид. 
 
Ҳисори оромию амонӣ рахна гардидаву аз  ҳам рехт, нахустин одамон дар шоҳроҳи Ёвон - Оли Совет бе ҳеҷ сабабу гуноҳе ҳадафи тир қарор гирифтанд ва  абадан сар ба ниқоби хок кашиданд. Баъд аз ин вазъи фоҷиазо, одамон фаҳмиданд, ки дигар кор аз кор гузаштаву дар ин сарзамин ақлу шуур дар ҷанинаш буғиву хафа шудааст, ҷойи онро силоҳ гирифтааст. Онҳое, ки камон ба даст гирифта буданд, сояашонро даҳ баробари худ медиданд, ба  худ меандешиданд, ки агар як зӯр зананд, кӯҳҳоро ба замин ҳамвору садои хониши мурғонро маҳв мекунанд. Одамон дар чашмони хунгирифтаашон шабеҳи парвонаҳои кӯчак менамуданд. 
Кишвари сарсабзу ободу шукуфон ба набардгоҳ табдил ёфт. Хавфи марги ҳазорон одами бегуноҳ, вайрону харобазор гардидани ҷумҳурӣ ва пайомадҳои   тасаввурнопазири фалокатзои он пеши чашм аён гардида буд. Роҳбарону сардамдорони гирдиҳамоиҳо ва сарварони вақти ҷумҳурӣ сар ба ҷайби андеша бурда, роҳи наҷот ва бурунрафтро аз фоҷиаи баамаломада меҷустанд. Ва гӯё он роҳро дарёфтанд: мулоқоту вохӯриҳои дастаҳои мусаллаҳро дар ину он шаҳру вилояти кишвар баргузор намуданд. Аммо ба ваҷҳи набудани эътимоду бовар ба иҷрои шартҳои пешгузошта, ҷонибҳо бо баргаштан ба қароргоҳу ситодҳои хеш дубора оташи ҷангро аланга медоданд. Ниҳоят чораи ниҳоиро пешниҳод намуданд: таъсиси  Ҳукумати муросои миллӣ. Вале бо ташкили ин ҳукумат низ ҳеҷ гуна муросо ва амну оромӣ дар мамлакат ба амал  наомад. 
Дигар мушкилӣ, ҷустану дарёфтани як пора нон мардумро шикастадилу афсурдаҳол намуда буд. Муаллими дӯстам бо дард нақл кард, ки бо каме ором гардидани вазъ ба мактаб омадам. Директори мо, муаллимонро ҷамъ оварда, маслиҳат пеш  овард, ки замини паси таълимгоҳро, ки бекор мехобид, байни ҳам тақсим карда, гандум бикорем.
- Як халтаию духалтаӣ гандум ба даст меоред, - фаҳмонд директор,  рӯзгоратон хеле сабук мешавад.
Дар қитъаҳои замини ҷудогардида гандум коридем… Тобистон гандумро даравида, орд  кардем. Насиб будааст, баъди чандин азобу сабуриҳо нони хушбӯйи гандумиро ба даст гирифта, ба дидаҳо молидем. Тановули нони гандумӣ ҷонро роҳат мебахшид. Дар тасвири чашмони мамлу аз хушҳолию нишоти фарзандон, ки аз дидани нони гандумӣ зуҳур карда буд, қалам оҷизӣ мекашад. Дӯстам дафъатан хомӯш мемонад ва нигоҳашро ба уфуқи дур медӯзад. Як сукути сангине фаро мегирад ӯро.
- Медонӣ, - мегӯяд пас аз чанд муддате вай. -  Ман савдою тиҷоратро намедонис-там. Аслан бо савдогарон он қадар муносибати хуб надоштам, вале…
Вале зиндагӣ маҷбурам сохт, ки кам - кам аз ин «фан» ҳам биёмӯзаму таҷриба ҳосил намоям. Ҳар ҳафта ҳамроҳи ду - се нафар ҳамкорам роҳ ҷониби бозори Деҳнав мегирифтем. Бо қатора мерафтему меомадем. Аз бозор биринҷу равған, собуну чой харида дар бозори ноҳия мефурӯхтем. Аввалҳо мушкил буд. Аз фурӯши биринҷ ҳеҷ фоидае ба даст намеомад, лекин, тадриҷан савдоямон ривоҷ гирифт. Ҳатто ҳамдеҳагон биринҷро аз хона омада мехариданд. Баъзеҳо бар ивази нони хлеб мегирифтанд биринҷро. Оҳиста - оҳиста аз Деҳнав ба бозорҳои Регару Ҳисор гузаштем. Зиндагиамон беҳтар гардида, акнун ҳафтае як - ду маротиба оши палав ҳам мехӯрдем. Аҷаб давлате! Рӯзҳо тирвор мегузаштанд. Як рӯз бо беҳтар гардидани зиндагӣ раиси хоҷагӣ ба мактаб дар бордони як трактор гандум фиристод. Директор гандумро ба омӯзгорон тақсим кард. Донаҳои сурхи гандум дар зери анвори хуршед чашм мебурд. Ҳама хурсанду хушҳол буданд.
Пагоҳӣ, вақте ки ба мактаб омадем, директор бо чеҳраи шукуфон як - як моро оғӯш карда, табрику шодбош гуфт.
Ҳайрон монда, сабаби ин ҳолро фаҳмидан мехостем. Магар барои соҳиби халтаҳои гандум шудан моро муборакбод мегӯяд директор? - аз дил гузарондам ман. Аммо вақте дидем, ки аз чашмони директор ашк ҷорӣ мешавад,  ҳайратам фузуду мӯҷиби вазъро пурсон шудем.
- Дирӯз Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ба  имзо расид, - пайғом дод директори мактаб ва афзуд, ки пеши роҳи ҷангу хунрезӣ гирифта шуда, сулҳу  осоиштагӣ дар мамлакат ҳукмфармо гардид. Магар ин навид боиси табрику шодбошӣ нест?
Воқеаи таърихӣ, сарнавиштсоз барои миллати тоҷик! Ҳамин тавр не?!
- Инак, аз он овон 23 сол сипарӣ мешавад, - мегӯяд омӯзгори дӯстам ва мо, омӯзгорони мактаб, ҳамасола 27 июн якдигарро табрик мегӯем,  ашки шодӣ мерезем. Иди ваҳдатро сидқану самимона таб-рик мегӯем, ки истиқлолиятро ҳифз кард. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруд мерасонем, ки аз байни обу оташ гузашта, якпорчагию воҳидии марзу буми кишвари азиз – Тоҷикистонро нигаҳ дошт.
 
Шодӣ РАҶАБЗОД,
журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед