logo

фарҳанг

ҲОШИМ ГАДО

 
ОҒОЗ
Намехоҳам шахсияти Ҳошим Гадоро бо боз-овардани унвонҳояш баён созам. Ҳамон гуна ки Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём ва ҳамтоёни онҳоро бе шарҳи зистгоҳу тахаллусашон ба гунаи Шерозӣ ва Нишопурӣ ҳам огаҳони адабиёт мешиносанду медонанд. Пеш аз ҳама, инро гуфтаниам, ки Ҳошим Гадо пас аз чопи мақолаи инҷониб дар бораи эҷодиёти ӯ, (дар зарфи 10 моҳ) 16 ҷилд китоби нави дигар нигошта, ба чоп расондааст. Барои омӯзишу таҳлилу пажӯҳиши офаридаҳои ӯ фурсати зиёдеро мебояд дар ихтиёр дошт. Аммо чизе нагуфтан дар бораи навиштаҳои тозаи нобиғае, ки ҳаммиллату ҳамзамонамон аст ва ба теғаи кӯҳи андешаҳои ӯ на ҳар кас баромада метавонад, гуноҳи нобахшиданист.
Мардуми зоҳирпарасти мо ба ҷаҳони андешаҳои жарфи Ҳошим Гадо наметавонанд ба таври боиста дарбираванд, зеро ин донишманду файласуфи тавоно аз ҳамзамонони худ фарсахҳо пеш рафтааст. Ӯ шояд зери таъсири омӯзишу парвариш дар Донишкадаи театрии (ГИТИС)-и Москва, китобхонии бешумори адабиёти ҷаҳонӣ ончунон ба шеваи андешаронии русҳову аврупоиён омезиш ёфтааст, ки табиати тоҷикиаш дар чашми ноогаҳон дигаргуна менамояд. Аз суҳбат бо касони ба ҷаҳони андешаронии ӯ дарнарафта пай бурдаем, ки бо сабаби ноошноӣ ба шеваи биниши ин бинишвари доно ва, албатта, андакхон будан, нобиғаи ӯро кам мебинанд. 
Иддаи зиёди хонандагони офаридаҳои Ҳошим Гадо ин заҳматҳои камаршикани нависанда ва он ҳам нависандаи пажӯҳишгар ва, гузашта аз ин, пажӯҳишгари адабиёт ва ҳунари театрии ҷаҳониро осон медонанд. Баъзеҳо гумон низ мекунанд, ки Ҳошим Гадо аз ин заҳматҳои камаршиканаш албатта фоидаи молӣ мебарад, пулу сармоя гирд меоварад. Дар ин маврид гуфтаи як дӯстамро ёдовар мешавам: «Ҳоло китоб менависӣ, худат пул пайдо карда онро ба чоп мерасонӣ ва худат мехонӣ».
Аммо Ҳошим Гадо он қадар содаандеш нест, ки нафақаи худро, бештар маблағи талбидаашро сарфи чопи китобҳояш мекунад. Ӯ медонад чӣ кор мекунад. Медонад пас аз  гузашти чор - панҷ даҳсола, ки дигар худаш нест, донишҷӯйён, донишварзон, донишхоҳон, синамогарон, театршиносон, таърихнигорон дар китобхонаҳо офаридаҳои ӯро ҷустуҷӯ хоҳанд кард. Шумо ба саҳифаи охири китобҳои ӯ бингаред, хоҳед дид, ки дар сатри адади нашри 320 ҷилди китобҳои ӯ навишта шудааст: “Адади нашр - 50 нусха”. Ин сирро ман медонам ва албатта худашон, зеро пайдост, ки инро бо овози баланд ба касе нагуфтааст ва хонандагон аслан ба ин вижагии полиграфӣ бетафовутанд. Бубинед, Ҳошим Гадо агар худаш аз ин 50 нусха 30 нусхаашро гирифта, ба дӯстону ҳаводорони муқими Москваю Санкт-Петербург ва Тошканду Боку тақдим карда бошад, 20 нусхаи дигараш дар китобхонаҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб  ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда бошанд, тасаввур кунед, ҳоли он пажӯҳишгарон ва театромӯзон чӣ гуна хоҳад буд.
Ва бояд донист, ки бо забони русӣ навиштани асарҳояш низ ҳикмате дорад, ки дар нигари мо чунин аст: мехоҳӣ ҳунарманди шоиста барои офаридани намодҳои осори нобиғаҳои Ғарб бошӣ ва ҳунари театриро дуруст бишносӣ, забони русиро биомӯз, ёд бигир. Агар забони русиро надонистиву офаридаҳои драмнависони русу аврупоиро наомӯхтӣ, метавони актёре бошӣ, аммо актёраки ноқис, драманависаки нокомил.
Аксари тоҷикони мо намедонанд, ки дар офариниши асарҳои ҷиддӣ бо жанрҳои ихтироъкардаи аврупоиён, яъне роман, повест, ҳикоя, новелла, пйеса мо аз Аврупо 200 - 300 сол вопас мондаем. Аврупоиён, ҳамзамон, бо инқилоби фаннӣ, яъне пешравиҳои ҷаҳишсон дар илмҳои механика, кашфи неруи барқ, аэродинамика ва даҳҳо кашфиёти дигар, дар офариниши асарҳои адабӣ низ пеш рафтанд. Гузашта аз ин, фарҳанги тоҷикону Шарқи мусалмон, ки бештар ба сухан (арабиаш калом) такя дорад, пас аз воридшавии дини ислом ба сарзамини онҳо, ғолибан фарҳанги каломӣ (сухан) мебошад. Дар сарзамини офарандаҳои Авасто, пас аз ислом ба иллати носавоб дониста шудани ҳунари наққошӣ, мусиқиву пайкартарошӣ, тамоми завқу ҳунари ориёӣ ва фаъолиятҳои зеҳниву фикрӣ, дар чаҳорчӯбаи сухан (калом) ба кор бурда шуда, сухан бори ҳунарҳои дигарро бар дӯши худ гирифт ва, гузашта аз ин, сухан бештар бо забони шеър баён гашт. Шеъру достонсароӣ, албатта, наметавонист, чун роман, повест, ҳикоя, асарҳои драмавии саҳнаҳои тамсилӣ, баёни андешаро ба таври пурра таъмин созад. Чуноне ҳама медонанд танҳо дар даҳсолаи сеюми садаи XX устод Садриддин Айнӣ нахустин шуда бо офариниши ҳикояи «Одина» ба нигориши жанри нав пардохт ва адибони тоҷик пас аз ду даҳсолаи дигар ба навиштани  асарҳои драмавӣ камубеш оғоз карданд.
Агар бигӯем фарҳанги сухан ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи тоҷикон болотар аз ҳунарҳои дигар аст, иштибоҳ нахоҳем кард. Ҳанӯз ҳам чун ҳазорсолаҳо пеш насиҳатофариниҳо ва ошиқонасароиҳо дар маркази бозтоби адабии зиндагӣ ҷой доранд. Ҳунари  драмнависӣ ва бозтоби он аз саҳнаи театрӣ, ки душвор аст, бо вуҷуди дар тарбияи мардумон пуртаъсир будан дар сафи дувум ҷой дорад. Ва шояд ба ҳамин сабаб, донишу биниши беҳамто ва сад дареғ гузарои Ҳошим Гадо то андозае ба ҷавонони имрӯз нокоромад мондааст.
Ман бо Ҳошим Гадо се - чор бор гуфтугӯйи телефонӣ доштам, ки аслан ӯ мегуфту ман мешунавидам. Аз гуфтораш пай бурдам, ки ӯ хеле зиракона намегузорад, ки ба беҳудагӯйиҳои ҳамсуҳбаташ гӯш фаро диҳад. Барои ӯ дар ин лаҳзаҳо назокату ҳусни гуфтугӯ арзише надорад ва ин дуруст ҳам ҳаст, зеро бисёре аз ошноёни мо вақти ҳамсуҳбати худро ночиз пиндошта, бо беҳудагӯйиҳояшон онро харҷ мекунанд. Ман ки саросемагии ӯро мефаҳмидам, ба дил камтарин малолеро роҳ намедодам, ки сухани  маро мебурад, гуфтаҳои маро то ахир гӯш намекунад ва мекӯшад маро биомӯзонад, аммо медонам, ки бисёре аз ошноёну ҳамтоён ва мартабаву унвондорон аз суҳбати ӯ худро канор мегиранд ва ҳатто, навишторҳои гаронарзишашро бо чашми омӯзанда намехонанд. Дар яке аз гуфтугӯҳои телефониамон гуфт: «Ту «Данко» - и маро хондаӣ? Медонӣ Данко кист?». Ин пурсиш ба он сабаб буд, ки маро аз одамони андакхонда мепиндошт ва пиндораш дуруст ҳам буд, зеро дар паҳлуи мо касони андакхонда, дар нисбат ба китобхондаҳо зиёдтаранд. Ва аз худ пурсидам, ки чаро ӯ “Данко”-и Горкийро аз худ медонад. 
 
Ҳошим Гадо ҷилди 290 - уми осори худро «Дили Данко» (“Сердце Данко”) унвон гузошта, дар он устураи юнонии Прометейро низ ҷой додааст. Мо бо ин ҳар ду достон аз ҷавонӣ ошно будем ва ба нобиғаи Эсхил ва Максим Горкий аз он рӯзгор қоил. Аз шиносоӣ бо қаҳрамонони он достонҳо дарёфтаем, ки дар рӯйи Замин будаанд касони ба хотири зиндаву осуда зистани мардумон ҷони худро дареғ надошта, дили пурхуни худро аз даруни сина канда барояшон чароғи раҳнамо дуруст кардаанд. 
Пас аз гуфтугӯйи телефонӣ китоби «Дили Данко»-и Ҳошим Гадоро саҳифагардон кардам ва бардошт аз ин хондани тозаам дар нисбат ба дарёфтҳои ҷавонӣ тафовут дошт. Гӯё Ҳошим Гадо ба ман ишора мекард ба ин нукта аз гуфтаҳои Горкий бо забони Данко аҳамият бидеҳ, ки ҳангоми мардумро аз пушти худ барои берун баромадан аз ҷангали ба истилоҳи Фирдавсӣ гашн, яъне аз миёни анбуҳи дарахтон раҳнамоӣ мекард, аммо одамон, ки хаставу афсурда аз по дармеафтиданд, аз Данко ноумед шуда, ба ӯ лаънат мефиристанд ва таҳдид мекарданд, ки мекушандаш. Дар ин лаҳза Данко ба одамон менигарад, ки ӯро иҳота карда бо нафрат чун даррандагон ба сӯяш менигаранд. Ва он нуктае, ки пас аз 50 сол бо ишораи Ҳошим Гадо ба он аҳамият додам, маро акнун ба дарунмояи достони Горкий ворид сохт, ки он ин аст: “Ту, - гуфтанд онҳо, - барои мо инсони нобакор ва зарароварӣ! Ту моро раҳнамоӣ кардӣ ва афсурда сохтӣ ва барои ин хоҳӣ мурд.
- Дар ниҳоди ман мардонагӣ ҷой дорад ва барои ҳамин ҳам шуморо раҳнамоӣ кардам. Аммо шумо. Шумо чӣ кардед барои ёрии худ? Шумо танҳо роҳпаймоӣ кардед ва натавонистед неруи даркориятонро барои  роҳпаймоии масофаи дарозтаре нигаҳ доред. Шумо танҳо роҳ гаштеду роҳ гаштед, ба монанди рамаи гӯспандон!
Одамони зиёд ӯро иҳота карда буданд, аммо дар рӯйи онҳо накуи падидор набуд ва аз онҳо набояд тараҳҳумро интизор дошт. Ва як замон дар дили ӯ низ нафрат ҷӯш зад, вале аз раҳми бар одамон дошта нафраташ хомӯш гашт”.
Акнун ба ҳикмати офаридаи Горкий ва дарёфти дурусти Ҳошим Гадо пай бурдам, ки дили одамони чун Данкоро тӯдаҳо ва ё авом ҳаргиз нахоҳанд фаҳмид. Тӯдаҳо бо камтарин ноумедӣ омодаанд ба раҳнамои худ ҳазорон таъну лаънат бифирастанд ва, умуман, аз по дарафкананд. Мо ин худфидоии сарварону давлатсозон ва ё эҷодгаронеро чун Ҳошим Гадо дар рӯзгори худ мебинем. Онҳо ҳар чи доштанд ба одамон доданд; зиндагии озоди худ, бепарвоӣ ва маҳрумият ба сайру тамошо, бо хости дил писандидани ҳар роҳу рафтор, гуфтору кирдори хоси як инсони хокиро. Акнун танҳо коре мондааст то дили худро аз сина канда, афзори рӯшноибахши мардумон созанд. 
Ҷолиб он аст, ки ҳикояи ҳаяҷонбарангези «Пиразани Изергил”-ро Максим Горкий дар навҷавонӣ навиштааст ва аз мундариҷаи фишурдаи он саҳнаороёни театрӣ намоишномаи дусоатае бо номи «Шуълаи оташ» офаридаанд.
 
«ЧӢ МЕХОҲАД ҲОШИМ ГАДО?»
Соли гузашта навиштореро бо унвони «Кист Ҳошим Гадо?» ба ин нобиғаи беқарор бахшида, пурсишеро ба миён гузоштам, ки «Чӣ мехоҳад Ҳошим Гадо?» Ва посухи ман ба ин пурсиш пурра набуд, нотамом буд, зеро осон нест хоҳиши дар дил доштаи Гиганти соҳиби 320 ҷилд китоби пур аз пурсишҳо, бидуни камтарин бузургбинии сохта Суқроти зиндаро дар рӯйи чанд варақ ба қалам овард. Албатта навиштам, ки  Ҳошим Гадо мехоҳад миллаташ аз тангназариҳои бар асари ғуломӣ зери юғи маънавии арабу турку муғул дар замираш ҷойгирифтаро аз сар берун партояд. Ӯ ранҷи руҳӣ мебарад, ки мардумонаш аз андешаҳои ҷаҳонгири нобиғаҳои илму ҳунару фарҳанги Аврупо ҷудо шуда, биниши офаридгорони ҳазорон осори бузургони ҷаҳонӣ барояшон бегона хоҳанд шуд. Бим дорад, ки садҳо беистеъдодон, камҳунарон, нотавонони аз андешаварзӣ бенасиб, худбузургбинони камхондаву андакхонда, бахилони бетабъу завқ, ки ҳилаву найрангро илму доноӣ донистаанд, бар маснаду мартаба расида, ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ ҳунарро хормоя месозанд. То ки каме ҳам бошад, садди пеши роҳи чунинҳо шавад, роҳи донишхоҳонро равшантар созад, кӯшидааст ҳамватанонро бо нобиғагони Ғарб ошно созад; хоҳ ҳунарманди театр бошад, хоҳ суратгар, хоҳ файласуф, ё фарҳанговару оҳангсоз. Барои ин дар баробари 320 ҷилд китобе, ки мавзуи марказиашон ҳамон фарҳанговарӣ аст, ҷилди алоҳидаеро зери унвони «Нобиғагони беақл» (“Гениальные безумцы”) таълиф намудааст. Сарсухани китоб бо чунин суханони фалсафии донишманди бузурги англис Ҷон Трайден оғоз меёбад, ки хонандаро ба андеша вомедорад: «Ақли баланд (расо) ҳамсояи беақлӣ аст ва байни онҳо сарҳаде вуҷуд надорад».
Дар асари «Нобиғагони беақл» сарнавишти эҷодкорони бузургеро бозгӯ намудааст, ки онҳоро, ҳамрӯзгоронашон писанд намекарданд, худро бузург дида истеъдоди ғайриодии онҳоро чашми дидан надоштанд. Он беҳунарони андакхонда гоҳе аз тангназарии барқасдонаи худ, гоҳе аз он ки Худо ӯро аз  нуктабиниву жарфнигарӣ бенасиб гардондааст ва гоҳе бим доштанд, ки дар сурати равшану овозаманд гаштани андеша ва биниши баланди касони дорои истеъдоди худодод, дарёфтаҳои казоии ӯ дар пеши мардум хираву тира хоҳанд монд. 
Воқеан, дар зиндагӣ ва кору бори офарандагони бузурги асарҳои бадеӣ (хоҳ адибон, хоҳ суратгарон ва оҳангсозон) як ҳамсоние дида мешавад. Инро ба ҳангоми хондани китоби номбурдаи Ҳошим Гадо хубтар дарк мекунӣ. Бахши зиёде аз он офарандагони асарҳои ҷаҳонӣ кирдорҳои ғайриодӣ доранд. Барои исботи ин Ҳошим Гадо дар китоби «Нобиғагони беақл» кирдорҳои девонавори нобиғагоне чун Хармс, Нитсше, Салвадор Дали, Ванн Гог, Шуман ва дигаронро дар оғози китоб ва фасли алоҳидае унвонии «Гениальность и безумие - грани различия» (Нубуғ (нобиғагӣ) ва беақлӣ - сарҳадҳои тафовут) шарҳ додааст.  Ва хеле хуб дарёфтааст, ки «нобиғагон дар нисбат ба одамони муқаррарӣ ба гунаи дигар ба ҷаҳон менигаранд. Ғолибан онҳо аз он чи мебинанду мешунаванд, қаноатманд нестанд. Онҳо пайваста талош меварзанд, ки ин ҷаҳонро дигаргуна бозсозӣ кунанд».
Ҳошим Гадо ҳолатҳои руҳии пур аз ранҷу дарди худро ба ҳангоми офаридани намодҳои бузургон бозгӯ намуда, ҳамзамон, ба истилоҳи худаш актёракҳои маъмулии сатҳи миёнаро ба ёд овардааст, ки кору зиндагиашон ҳамвору нарм мегузарад, ҳаргиз нақшҳои асосиро бозӣ намекунанд, истеъдодашон иборат аз маҳорати намоиш додани камҳунарии худ  мебошад.  Бо чунинҳо на танҳо дар рӯзгори аҳли театр дучор меоем, балки онҳоро бештар дар байни аҳли тақво ва олимнамоён метавон фаровон дид. Ононе, ки нобиғаҳоро ба девонагӣ тела медиҳанд, аксаран дар байни чунинҳо ҷой доранд. Дар ҳақиқат, лашкари андешаҳои нав ба нав, даста - даста ба зеҳни нобиға ҳамлавар гашта, мағзи сари ӯро фаро мегиранд, муаммоҳои ҳастӣ ҳазорон кунҷу ниҳонгоҳи сари ӯро чун кирм мехӯранд ва  дарёфтҳои ӯро ҷавфурӯшони гандумнамо гирд омада, масалан, ҳукм мебароранд, ки офаридаҳои он нобиға «ба халқ нофаҳмо аст».
Дар ин маврид Ҳошим Гадо гуфтаҳои Ромен Ролланро дар бораи эҷодиёти Микалоюс Чурлёнис иқтибос оварда таъкид кардааст, ки Чурлёнис қонуни тӯдаҳоро вайрон кард, зеро аз рӯйи қонуни онҳо ҳар як гӯянда бояд тавре бигӯяд, ки ба истилоҳ халқ - ҳама тӯдаҳо онро бифаҳманд. Ба суратҳои кашидаи Чурлёнис зеҳни одӣ наметавонад дарбиравад..... Чурлёнис дар офаридаҳои худ ҷойе барои шарҳу тафсир нагузоштааст. Он маъниҳои жарфро танҳо зеҳни бинишвар метавонад дарк кунад.
Омодагириҳову тамринҳо то ба саҳнаи театр роҳ пайдо кардани шоҳкори беҳамтои Ҳошим Гадо «Эдип» 10 соли ҷонканиҳоро дар бар гирифт. Ӯ дар ҷилди 194 - уми асарҳояш, унвонии «Уходящие» (“Равандагон”) аз гуфтаи театршинос Низом Нурҷонов овардааст, ки «дар ин муддати дароз чандин борҳо иродаи одам шикаста ба дастшӯӣ аз ин пофишориҳои бенатиҷа вомедошт, аммо на Гадоевро». Гӯйишгар идома медиҳад, ки тамошогари одӣ одат кардааст дар саҳна пайкари паҳлавонгунаву боҳашамати Ҳошим Гадоро дар либоси фохир бо ҳаракатҳову овози омирона бубинад, аммо гаҳе ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ омадан мехоҳӣ бигӯйӣ: «Ту ҳанӯз зиндаӣ Ҳошим? Туро ҳоло дар теппаҳои баландфарози дар сари роҳат талкардаи худхоҳони садгузори пешравиҳо ва бахилони санъатро бо чашми захм нигаранда, зер накардаанд?».
 
СУҲРОБИ ҲОШИМ ГАДО
Оҳангҳои шикваомези Ҳошим Гадо на аз носозгориҳои рӯзгор, бо вуҷуди як шахсияти бузурги фарҳангии кишвар будан, на аз шароити зиндагии одии хеш ва монанди он сабабҳои бархоста аз нафси инсонҳо мебошад. Гуфтаҳои шиквагуна аз он дорад, ки мардумони мо, ба биниши дигаргуна ва дақиқи ӯ, офаридаҳои бо хуни ҷигар ба саҳна гузоштаи ӯ, ба таври умда шахсияти ягона ва нотакрори ӯ ҳанӯз ҳам баҳои боиста намедиҳанд. На танҳо ҳамкорони одии нақшҳои офаридаи ӯ, балки коргардонҳои овозаманд, муаллифони филмномаҳо таҳрирҳову хурдагириҳои Ҳошим Гадоро ба хурдтарин норасоиҳои матнӣ, ё техникӣ таҳаммул надоштанд. Аммо он чӣ бинишвари жарфбин Ҳошим Гадо медид, гаҳе чашми муаллифи асари саҳнавӣ нотавон буд. Ҳамон гуна ки ба ҳангоми таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаи «Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло аз рӯйи шоҳкори ҷовидонии «Шоҳнома»- и Ҳаким Фирдавсӣ, рух дода буд. Нукта ин ҷост, ки ба офариниши нақши Суҳроб Ҳошим Гадо пазируфта шуда буд ва ӯ пофишорӣ мекард, ки гуфтори Суҳроб аз  рӯйи матни нусхаи асл, яъне офаридаҳои Ҳаким Фирдавсӣ бозгӯ шавад, на аз бофтори Ғанӣ Абдулло. Ҳошим Гадо дар ин бора дар ҷилди XI (соли 2010) унвонии «Мой Суҳроб» (“Суҳроби ман”) навиштааст, ки ҳангоми ба саҳна гузоштани «Рус-там ва Суҳроб» хилофандешӣ ва зиддият ба миён омад. Ба Ҳошим Гадо равшан буд, ки дар гуфтори саҳнаи Суҳроб жарфнову намаки суханофариниҳои Ҳаким Фирдавсӣ пай бурда намешуд. «Ман, - мегӯяд Ҳошим Гадо, бо муаллиф Ғанӣ Абдулло розӣ нашудам ва пофишорӣ доштам, ки гуфтори Суҳроб аз нусхаи асл, яъне аз «Шоҳнома» бардошт шавад. Мо ҳамдигарро фаҳмида наметавонистем ва дар паспардаи театр бар ивази ман актёри дигареро пайдо карданд ва кор то ҷое расид, ки дигар бо ман маслиҳат намекарданд....» Аммо иродатмандӣ ва далелҳои қотеъ ӯро ба пирӯзӣ расонд, ки намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» ҷуз дар саҳнаи театри Лоҳутӣ, дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ Москва ба намоиш гузошта шуд ва даҳҳо театршиносону мунаққидони бузурги кишвар дар мақолаҳо ва гузоришҳои худ ба актёр баҳои олӣ доданд. Яке аз театршиносони рус, ҳунари баланди ӯро ҳамсони нобиғаи овозаманди театри рус Павел Мочалов донист. Саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарогири мақолаҳо ва расмҳои Ҳошим Гадо дар офариниши нақши Суҳроб буд. 
Ба пиндори ман ҳамон гуна ки коргардон намебоист пешниҳоди Ҳошим Гадоро дар мавриди иваз накардани суханони заррини паямбари сухан Ҳаким Фирдавсӣ нодуруст шуморад, филмноманавис Колтунов намебоист лаҳзаи хабари марги фарзанди ягонаашро шунидани Таҳминаро бо хости худ дигаргуна пешкаш кунад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ин лаҳзаи фоҷеаро дардноктару пурмаънитар офаридааст. Яъне мояи ранҷу азобҳо ва бо хатари марг зоидани ҷаҳонпаҳлавон Рустам аз тарафи Рӯдоба, паёмадаш бо дасти худ куштани писар мебошад. Ва, ҳамзамон, дар ин ҷо тухмаи Соми Наримон аз рӯйи замин нест мешавад.
Таҳмина бо шунидани хабари кушта шудани писарашро бо дасти падар як солро бо оҳу нолаи ҷонгудоз гузаронда мемурад. Фирдавсӣ сӯзу гудозу нолаву фиғони зани писармурдаро дар симои Рӯдоба - модари Рустам - модарбузурги Суҳроб бозгӯ менамояд. Рӯдоба аст, ки побараҳна, мӯпарешону рӯйканон ба сӯйи Рустами тобути писар рӯйи даст ба Зобулистон меояд:
Чу Рӯдоба тобути Суҳроб дид,
Зи чашмаш равон ҷӯи хуноб дид.
Ҳаме гуфт зор эй, гави сарфароз,
Замоне зи сандуқ сар барфароз.
Ба зорӣ ҳаме мӯя оғоз кард,
Ҳаме баркашид аз ҷигар боди сард.
Чуноне дар ҷилди 194 асарҳояш ёдовар шудааст, Борис Кимёгаров пас аз ҷустуҷӯйи ҳунарманди арзанда барои офариниши нақши Суҳроб ба истилоҳ ҳамаи Осиёи Марказиро такурӯ мекунад, вале шахси дилхоҳро пайдо карда наметавонад. Актёрҳо ғолибан машқу тамринҳои варзиширо он қадар хуш надоштанд. Режиссёри овозаманд пас аз наворгирии филми «Рустам ва Суҳроб» дар ёддоштҳояш навиштааст, ки актёри бозтобкунандаи Суҳроб мебояд зебоӣ, зӯрмандӣ, сифати варзишгарӣ, ҷавонӣ, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҳунари иҷро карда тавонистани нақши   қаҳрамони асари назмиро ҳамнаво карда тавонад. Кимёгаров ба Ҳошим Гадо таваҷҷуҳ накарда буд ва касе хабар овард Ҳошим Гадо чандин моҳ аст, ки ба машқи вазнбардорӣ шуғл меварзад. Кимёгаров аз миёни шаш нафар Гадоевро ба нақши Суҳроб мепазирад ва ӯ ба омӯзиши  пурраи «Шоҳнома» машғул шуда, шабу рӯзро дар тамрини шиноварӣ, вазнбардорӣ, аспдавонӣ, шамшерзанӣ мегузаронад. Се моҳ дар ипподром ҳунари бо найза задани нишонро меомӯзад ва дар фарҷом ба бозии нақши Суҳроб мепардозад.
 
НАСРНАВИСИ БУЗУРГИ АСР ВА АРЗИШИ ОФАРИДАҲОИ Ӯ
Ман ба худ иҷозат додам, ки дар зери ин суханҳо якчанд саҳифаро ба баъзе паҳлуҳои асарнигории Ҳошим Гадо бибахшам. Шояд ягон каси китобҳои ӯро бо чашми хирад хонда, ба якчанд каси дигар бигӯяд, ки «ман асарҳои фалон - фалон нависандагони бузурги Аврупову Осиёро хондам, аз дарду ранҷҳои бурдаашон огоҳ шудам, аммо ба ин наздикӣ китобҳои Ҳошим Гадоро хондам, ки аз нигоштаҳои он бузургон кам набуданд». Албатта нигорандаи ин сатрҳо садҳо бор бо ҳамсуҳбатон аз таассуроти шигифтовари офаридаҳои ӯ гуфтугӯҳо доштам. Дар шигифт будани худро низ изҳор кардаам. Гуфтаам, ки дар кишвар бо амри оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад, вале ягон узви ҳакамон саволеро масалан ба миён намегузорад, ки «кадом асари драмавии адабиёти классикии русро, ё адабиёти муосири тоҷикро хондаед?». Ё «Кадом асари Ҳошим Гадоро дар бораи осори драмнависони Юнони бостон хондаед?»  Ҳатто ба як ҷавони китобхонда, ки имсол сазовори ҷойи аввал дар хондани китобҳои адибони муосири ҷаҳон гашта буд, 5 - 6 китоби Ҳошим Гадоро дода, гуфтам бихон ва дар рӯйхати адабиёти мутолиа кардаат номи он асарҳоро бинавис. Он ҷавон чуниин кард, вале ягон аъзои ҳакамон дар рӯйхат ба номнависи асарҳои  Ҳошим Гадо аҳамият надодааст. Ин бепарвоӣ ба офаридаҳои нобиғагони асарҳои драмавии ҷаҳонгир аст, ё дастандаркорон ба бахши драмавии адабиёт хати бутлон кашидаанд.
Чунин муносибат ба осори драмавии адабиёти ҷаҳонӣ ва адабиёти муосири тоҷик таассуфовар аст. Чунин ба назар мерасад, ки дар баъзе мавридҳо ба ҳангоми таҳлили адабиёти классикии форс - тоҷик адабпажӯҳони Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба як худбузургбинӣ роҳ медиҳанд. Онҳо дар корҳои пажӯҳишии худ нақши адабиёти Юнони бостонро дар адабиёти классикии форс - тоҷик нодида мегиранд. Албатта ин ҳама аз он сарчашма мегирад, ки тазкиранависони номии мо таҳлилу муқоисаро дар офариниши образҳои бадеӣ раво надидаанд ва ё аз сабаби дастрасӣ надоштан ба адабиёти асотирии Юнон ва Рими бостон, баргирифтаҳо аз офаридаҳои онҳоро нодида гирифтаанд. Чуноне ки мавзуи калидии Маснавии Маънавии Мавлавӣ ва Девони Шамси Табрезии Ҷалолиддини Балхӣ мубориза бар зидди нафс мебошад ва модари ҳама иллатҳоро нафс дониста, гаҳ - гоҳе бо сароидани достонҳои берун аз ахлоқ ин падидоварандаи душмани ахлоқро бо назми баланд бозтоб намудааст. Аммо Софокл ва ҳамтоёни ӯ мавзуи нафсро дар маркази эҷодиёти худ ҷой дода, онро дар чаҳорчӯбаи асари драмавӣ бозтоб намудаанд. Яъне мавзуи мубориза бо нафси худро ду ҳазор сол пеш бо забони дигар сурудаанд, ки дар нисбат ба гуфтори шеърӣ хубтар ба дили одамон роҳ пайдо мекунад. 
Дар ин росто шоҳкори Софокл «Эдип», ки онро Ҳошм Гадо беҳтар аз аврупоиён бознамоёндааст, беҳамто мебошад. Ҳамон дарёфти Афлотун ба гунаи «Ҳама дар ҷаҳон қурбонии нафси инсон аст, вале инсон қурбонии нафси худ аст».  Софокл дар бозтоби ин муаммои зиндагӣ як паҳлуи ин фоҷеаи инсониро ёдовар гаштааст, ки инсонҳо ҳар гуноҳе, ки содир мекунанд, кайфарашро ҷавоб хоҳанд дод, вале, мутаассифона, дар бисёре аз мавридҳо ҷавобгӯйи гуноҳи содир кардаи падар писари бегуноҳ мегардад. 
Ин дарёфти қонунмонанди Афлотунро Ҳошим Гадо пешсухани тафсири «Эдип»-и худ сохта ниҳоят жарфбинона ба сони як файласуф диди ғайриоддиашро китобат кардааст. Мо дар ин маврид бори дигар достони ҳузнангези Эдипро ёдовар мешавем.
 
ДОСТОНИ ҲУЗНАНГЕЗИ ЭДИП
Чуноне мундариҷаи ин фоҷеаро дар мақолаи пештараамон овардаем, шоҳ Эдип худ гуноҳе надошт, гунаҳкор падараш Лай буд, ки дар меҳмонии шоҳ Пелопс, нону намаки ӯро хӯрда, бо нияти нопок дил ба писари зебояш мебандад. Лай писари шоҳро дуздида бо худ мебарад ва ба пиндори устурашиносон ин нахустин гуноҳе буд дар ҷаҳон бар пояи меҳри нопок. Агар Лай нону намаки шоҳро хӯрда, даст ба он гуноҳи кареҳ намебурд, он силсилафоҷеаҳо сар намезаданд. Аммо решаи гуноҳҳо фаротар аз рабудани писари навҷавони шоҳ буд. Навҷавон бори бенангиву бешармиро бардошта натавониста худкушӣ мекунад. Аммо гуноҳи аз ин ҳам сангин пештар рӯй дода буд. Пелоп аз ин бадкирдориҳои меҳмони бехудояш ба Лай нафрин хонда дуои талхе мехонад, ки ӯ ҳаргиз писардор нашавад ва агар ҳам писардор шуд, бигзор бо дасти писари худ ҳалок шавад. Бад - ин тартиб гардунаи гунаҳкориҳо дар замонҳо ба чархиш медарояд. Лай пас аз гунаҳкории фаҷеҳи худ душизаи зебоеро бо номи Иокаста ба занӣ гирифта, писардор мешавад. Лай чун пай бурд, ки бо дасти писари худ кушта мешавад,  амр мекунад пойҳои Эдипи навзодро сӯрох карда ба чӯпон бисупоранд, то дар биёбон бимирад. Чун дили чӯпон ба навзод месӯзад, ӯро ба чӯпони дигаре медиҳад ва дар навбати худ кӯдакро чӯпони дуввум ба шоҳ Пелопи бефарзанд месупорад. Эдип ҳамчун шоҳзода ба воя мерасад ва дар яке аз нишастҳои дарборӣ, ашрофзодаи ҷавоне аз рафтори ҳавобаландонаи ӯ  дар ғазаб бо тамасхур ишора мекунад, ки шоҳзода фарзанди асили шоҳ нест. Эдип бо огаҳӣ аз фарзанди нотании шоҳ будан, шикастадил дарборро тарк карда, ба сайру гашти кишварҳо мепардозад. Дар чорроҳе бо марду зане бармехӯрад, ки бо аробаи вайрон интизори ёрӣ буданд. Эдип ба мард дарафтода ӯро мекушад ва зану силоҳашро азхуд мекунад. Пас аз чанд сол он зан - Иокаста пай мебарад, ки Эдип писари падаркуши ӯст, ки модари худашро ба занӣ гирифтааст. Дар он замон Эдип аз модар соҳиби ду духтар буд. Бо гузашти замон Эдип аз паёмади кирдораш бохабар шуда, бо ҳазёну дарду дареғи бепоён ба чашмони хеш ханҷар зада, худро кӯр мекунад.
Бад - ин тартиб аз ошноӣ бо офаридаҳои Юнони бостон дармеёбем, ки инсонҳо дар ҷараёни худнигарӣ ҳанӯз дар садсолаҳои фаротаърихӣ натиҷагирӣ карда будаанд, ки фоҷеаҳо ғолибан аз сарчашмаи нафс сар мезананд. Ва ҳанӯз ду ҳазор сол пеш мавзуи асосии фарҳанги худро бо як нерумандии хосса мавзуи муқовимати қаҳрамононаи инсон бо неруҳои бадкори ҷаҳони носозгор қарор дода буданд. 
Софокли хирадманд ҳанӯз ду ҳазор сол пеш, нафс - ин модари норасоиҳои инсонҳоро ба шакли асари драммавӣ бозтоб намуда нишон додааст,  ки худоён (худоҳои юнониён) гуноҳҳои аз нафс сар задаро набахшида,  кайфари онҳоро ваҳшатбор таъин кардаанд. Ҳамин аст, ки садсолаҳо пас аз Софокл паямбарони динҳои гуногун, ҳангоми баёни паёми Худованд, чӣ аз роҳи Таврот, чӣ аз роҳи Инҷил ва ё Қуръону Авасто, мубориза бо нафсро дар ҷойи намоёни худошиносӣ гузоштаанд.
Бори дигар мебояд таъкид кард, ки барои як равшанандеши имрӯза низ, олимшаванда низ надонистани адабиёти Юнони бостон, аз надонистани адабиёти классикии форс - тоҷик камтар нест. Ҳатто барои чунинҳо айб аст агар бидонанд Рӯдакиву Саъдӣ кист, вале аз осори Эсхилу Софокл огоҳии боиста надошта бошанд. Ин бузургон ҳазорсолаҳост дар андешаҳои фарҳангии ҷаҳониён ҷой гирифтаанд ва метавон гуфт дар парвариши зеҳнҳои варзидаи аврупоиён нақши созгор бозидаанд. 
Ҳошим Гадо кори равшанандешону олимшавандагонро осон кардааст, зеро бо заҳматҳое, ки миёни филро мешиканад, дар ҷилд - ҷилд китобҳо осори онҳоро ба таври фишурда ҷамъ кардааст, худашро дар симои қаҳрамонони ҳазорсолаҳои пеш бознамоён кардааст. Монанди онҳо ранҷ бурдааст, гиря кардааст, ба бадкорон кина варзидааст, ҷангидааст. Бояд ба таъкид низ гуфт, ки ин истеъдоди осмониро Худо ба тоҷикон арзонӣ кардааст ва на кам аз 50 - 60 миллати дигар, ки нуфусашон 20 - 30 миллион аст, аз доштани чунин нобиға бархурдор нестанд.
 
ҲОШИМ ГАДО ВА МАРДУМОНИ ОДӢ
Ҳошим Гадо дӯст медорад бо мардумони одӣ ва дар чашми дигарон назарногир гуфтугӯ дошта бошад. Ҳошим Гадо дар назди мартабадорон худро гарданбаланд нишон медиҳад, вале дар назди одамони ба истилоҳ хокӣ бо гардани хам бо забони одии онҳо суҳбат меорояд. Барояш бештар хушоянд аст, ки бо поккорони шаҳр суҳбат ороста аз кору бору зиндагиашон пурсон шавад. Ҳамон гуна ки боре аз якеи онҳо пурсида буд: «Росташро бигӯ ва ту дониву Худо, аз қуттии партовҳо чӣ чизҳои қиматбаҳо ёфтаӣ?» Гуфт: «Як бор 500 доллар ёфта будам ва бори дигар китоби шуморо, ки дар пушташ сурататон буд».
Ҳошим Гадо гуфт: «Чӣ ном дошт китоби ман?»  Гуфт: «Ба фикрам «Асо» ном дошт...» Ҳошим Гадо хоҳиш мекунад, ки он китоби аз миёни партовҳои бӯйнок пайдо кардаашро ба ӯ бидиҳад, вале аз забони як хошокрӯб суханонеро шунид, ки аз нӯки қалами як адиби китобнавис шуниданаш амри муҳол буд: «Не, ман ин китобатро намедиҳам, ҳатто агар 500 доллар ваъдаам кунӣ». Ин китоб барои хотира ба наберагонам ёдгорӣ хоҳад монд. Дар ин ҷо ман - нависандаи ин сатрҳо андешидам, ки шояд он хошокрӯб бад-он сон бохираду дурандеш будааст, ки воқеияти пас аз даҳсолаҳо бо нархи гарон ба фурӯш рафтани китобҳои Ҳошим бори дигар бо коргари партовгоҳе рӯ ба рӯ шудам, ки гуфт «даҳ ҷилди китобатро дар даруни ду халтаи селофанӣ ёфтам ва ба як рустабор фурӯхтам, ки бо пулаш ду халта орд харидам. Баъдҳо фаҳмидам, ки он даҳ ҷилд китоби Ҳошим Гадо аз ҷавоне будааст, ки падараш худро мулло мепиндоштааст ва офаридаҳои ӯро куфр медонистааст. Он ҷавон барои ёфтани китобҳояш ба партовгоҳ омада будааст, вале дигар акнун дер шуда...»
Ман бар он боварам, ки агар сесад ҷилд китоби Ҳошим Гадо дар дасти хошокрӯби боақл мебуд, онҳоро он рустабор мехарид. Шахсе гуфтааст, ки «барои мағлуб сохтани миллате шарт нест, ки китобҳои онро бисӯзонӣ. Беҳтараш коре бояд кард, ки он миллат аз китобхонӣ бозмонад». Маҳз китоб миллати тоҷикро ва умуман форситаборонро аз гум кардани ҳувияти миллии худ, аз бохтани забони худ наҷот додааст.
Миллати тоҷик дар сарнавишти ошуфтабори худ чунин хатарро аз сар гузарондааст. Донандагони таърихи адабиёти форс - тоҷик натиҷагирӣ кардаанд, ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар замони ҳассостарини сарнавишти забон ва ҳувияти миллии тоҷикону эронитаборон «Шоҳнома» - и беҳамтои худро офаридааст. Дар он замоне, ки кишварҳои пурзӯри Миср, Лубнон, Сурия, Ироқ, забону фарҳанги поядору бошукӯҳи финиқӣ ва бобулии худро аз даст доданд ва низ якчанд давлатҳои дигари пешрафтаи Шарқ аз байн рафта, забону фарҳанги арабӣ ҷояшонро гирифта буданд ва ин ангеза дар фалоти Эрону Хуросон бошитоб густариш дода мешуд, ҳамчунон туркони қарахонӣ ва қарахитоиву сабуктегинӣ дар ҳамсозӣ  бо халифаҳои араб зери парчами ислом бар тахти каёнӣ такя зада буданд ва ин ҳама таҳдид ба аз байн бурдани асолати тоҷикии мардумони таҳҷоӣ дошт, Ҳаким Фирдавсӣ ба офариниши «Шоҳнома», ин шиносномаи миллии тоҷиктаборон пардохт. Ҳаким Фирдавсӣ дар офариниш ва дар байни мардум паҳн кардани ормонҳои меҳанпарастӣ ва нигаҳбонии забону ҳувияти миллии эронитаборон танҳо набуд. Ӯро устондори Тӯс, ҳокими Табирон ва дастаи калони нусхабардорону ёварон ҳамроҳӣ мекарданд. Чун нигориши достоне ба поён мерасид, хушхатҳо ба зудӣ онро рӯнавис карда, ба дасти паҳнгарони «Шоҳнома» мерасонданд ва онҳо дар навбати худ нусхаҳои омодагаштаро дар байни мардуми шаҳру музофот, то ба Бухорову Самарқанду Марв паҳн мекарданд. Бад - ин тартиб омӯзиши «Шоҳнома» аз рӯзи оғози офариданаш дар дарозои 35 - сол давом дошт, ки ҳамчун садди оҳанине дар рӯёрӯи таҷовузи забони арабӣ бо роҳи шинохти гузаштаи худ ва нигаҳдошти забони зебои форси - тоҷикӣ гашт.
 
ТАМСИЛНИГОРИҲОИ ФАЙЛАСУФОНА
Дар адабиёти форс - тоҷик достонҳои тамсилии зиёде вуҷуд доранд, ки бо баъзе аз онҳо дар рӯзгори таҳсил дар мактаби миёна ошно шудаем. Ба монанди «Мушу гурба» - и Убайди Зоконӣ, «Баҳориёт» -  и Сайидои Насафӣ. Ин тамсилнигорӣ ҳанӯз аз замони фаротаърихӣ ба мо мерос мондааст. Достони «Калила ва Димна» - ро падари шоирони форс - тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ба назм даровардааст, вале мутаассифона ба ҷуз чанд байти ӯ то замони мо он асари бузург нарасидааст. Дар адабиёти рус масалнигори барҷаста Иван Андреевич Крилов мебошад, ки осори ӯ дар тарбияи насли навраси русҳо ва, умуман, мардумони Иттиҳоди Шуравӣ нақши беҳамто гузоштааст. Масалнависиро бад - он хотир ёдовар шудам, ки Ҳошим Гадо дар эҷодиёти худ бо масалнависӣ низ гоҳе сару кор гирифтааст ва бояд гуфт дар ин жанр низ ба дастовардҳои баланд комёб мебошад. Дар ҷилди 294 - уми осори худ зери унвони «Ширинкорони театр ва кино» (“Комики театра и кино”), муаллиф ҳикояеро бо номи «Маҷлиси ҳайвонот» ба чоп расондааст, ки бидуни хурдтарин зиёднависӣ метавон онро яке аз ҳикояҳои хуби тамсилии адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ кард. Муаллиф дар масали «Паррандаяк» мавзуи чун ин ҷаҳон куҳнаро дар пиромуни ногузир будани марг ва беарзиш шудани пайкари инсон пас аз реҳлат аз ҷаҳон ва ин ҳикматро дониста, кас набояд худхоҳу ҳавобаланд бошад, бо услуби вижа бознамоёндааст. Ҳошим Гадо, агар чунин натиҷагирии моро иштибоҳ нашуморанд, дар жанри масал назиранависиро ворид кардааст. Ончуноне ки масали машҳури  «Рӯбоҳ ва Зоғ» - и Иван Криловро ба гунаи дигар бозофарида, ба он шарҳи тозае афзудааст. Ҳикмати бозёфти Ҳошим Гадо дар он аст, ки чун нолаи ширине ба даст овардӣ, онро бо рафиқат бихӯр, вагарна дар наздикиат рӯбоҳи ҳилагар дар сайр буда, содадиле чун туро пайдо мекунад ва фирефторат карда он ноларо аз ту мерабояд.    
Дар ҷилдҳои 295 ва 300 - ум низ ба ин мавзуъ ба таври гузаро саҳифаеро чанд бахшидааст. Ба гуфтан меарзад, ки  ҷилди 294-уми осори ӯ ба шарҳу тафсири яке аз гӯшаҳои камомӯхтаи адабиёти ҷаҳонӣ ба танзу ҳазл бахшида шудааст. Муаллиф дар баробари шарҳу тафсири зиндагӣ ва эҷодиёти танзнависону ширинкорони овозаманди ҷаҳонӣ, кушидааст хонандагонро бо чеҳраҳои то ҳанӯз ноошно ба ҷомеаи тоҷикӣ шинос кунад. Чеҳраҳои ба аксарияти ҷаҳониён ошное чун Ллойд Гаролд, Бастер Китон, Пат ва Паташон, Фернандел, Алберто Сорди, Норман Уиздом, Пиер Этекс, Бурвил, Тото, Андре Дид, Ян Верих, Эраст Гарин ва дигарон ба тоҷикони мо ноошно мебошанд, ки ин ба фарҳангшиносии мо таъсири нохуб дорад.   
Дар ҷилди 194 - уми асарҳояш («Уходящие» - “Равандагон”) муаллиф фаслеро унвонгузорӣ кардааст ба гунаи «Завещание Хошима Гадо потомкам, будущим актёрам, режиссёрам» (“Васияти Ҳошим Гадо ба наслҳои оянда, актёрҳои оянда, режиссёрҳо”), ки шахси ноогоҳ гумон хоҳад кард ин шахсияти бузург дороии даҳсолаҳо гирдовардаашро барои мерос васият карданист. Ва ҳангоми хондани ин фасли китоб, ба зудӣ пай хоҳад бурд, ки он навиштор аслан ба васияти як доро ба авлодонаш монандие надорад. Муаллиф дар ин фасл аз ранҷи актёрҳои тоҷике, ки барои офаридани намодҳои барҷаста, чӣ худфидоие намекунанд ва аз он худсӯзиҳову аз ҳеҷ чиз образтарошиҳо (намодсозиҳо), бардошти сармояву ситоишҳои шоиста барнамегиранд. Аммо актёрҳои Ҳоливуду Боливуд, чун Швартснегер, Сталлоне, Амито Бачан ва дигарон ба сафи миллионерҳо ворид мешаванд ва актёри иҷрокардаи нақшҳои Гамлет, Отелло ва Эдип  - Лорис Оливье дар Британияи Кабир ба мартабаи Лорд бардошта шуда, дар қатори курсиҳои қайсари (короли) Англия ҷой дода мешавад. Албатта ҷомеаи моро расидан то сатҳи кинопрокати  Ҳоливуду Боливуд замони бешуморе лозим дорад. Танҳо барои тайёр кардани актёрҳо замони зиёде лозим меояд, ки ҷуз Ҳошим Гадо коршиносони варзидаи соҳаи театру киноро ба воя расонд.  Тасвирҳову омӯзишҳои тасаввуфу ирфонро маҳдуд сохта мебояд донист, ки ҷавонони мо дар нисбат ба донистани «ваҳдати вуҷуд» ва ин дунёро муваққат шуморида, фикри он дунё кардан бештар, ба сохтани ин дунё ниёз доранд. Ба ҷавонон табъу завқи ба даст овардаи аврупоиёнро мебояд омӯзонд. Ба сони замони шуравӣ ҷавонони дорои табъу завқи худододро хуш карда мебояд ба мактабҳои олии театрии Москва ва Санкт - Петербург равон кард. Ҳар як омӯзгор, корманди фарҳанг ва, умуман, зиёиёнро мебояд водошт, ки намоишҳои театриро ҳатман тамошо кунанд ва даҳҳо тадбирҳои корсози дигарро барои театрӣ кардани мардум мебояд ба роҳ андохт.
 
ЭҲТИЁТ БОЯД КАРД ҲОШИМ ГАДОРО
Дар бораи ҳунари беҳамто, чеҳраву пайкари беҳамто, донишу биниши беҳамто, ки андаруни онҳо метавон чеҳраҳои қаҳрамонони асарҳои классикиро ҷой кард, театршиносони барҷастаи рус, актёрони бузурги рус ва дигар бинишварони овозаманди ҷаҳонӣ суханҳои баланд гуфтаанд ва аксаран ба мо тоҷикон ба таъкид гуфтаанд, ки ӯро эҳтиёт кунем, то замоне, ки ҳаст нобиғаи худододи ӯро ба кор барем, омӯзем. Дар ин маврид гуфтаи театршинос Евгений Морозро меоварем, ки чунин аст: «Ҳошим Гадоев барои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин зуҳуроти ноёфте мебошад ва ин аст, ки бояд ҳама шароити шоистаро барои фаъолияти эҷодиаш муҳайё кард, бад-он хотир, ки то замоне зинда аст битавонад бидуни халалрасонии дигарон ба андозаи тавоноӣ доштан, то нерӯ, тандурустӣ ва вақт имконаш додан, кору эҷод кунад”.
Аммо Ҳошим Гадо дар ҳамон ҷилди 299 дар баробари андарзгӯйиҳо ва рӯ овардан ба фалсафаи ишқ ва зану мард, шикваҳое аз зиндагии худ дорад, ки гумон мекунам бигзор дар ин маврид дастандаркорони Вазорати фарҳанг пешниҳодҳои санъатшиносони русро бо шикваҳои Ҳошим Гадо дар рӯйи миз гузошта, каме андеша намоянд. 
Агар такрор ҳам шавад, бозгуфтани ин дарёфтамро муҳим медонам, зеро сесаду чанд ҷилд китоби Ҳошим Гадо беҳтар аз энсиклопедияи фарҳангу санъат мебошад. Он донишҳое, ки дар ин китобҳои худ гирд овардааст, фаротар аз чаҳорчӯбаи театр ва ҷоннисориҳои муаллиф барои театри тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ баровардан мебошад. Муаллиф навишторҳои худро бо ҳунари кино, таърихи пайдоиши филмбардорӣ, кинои безабон (гунг), офаридаҳои санъати тасвирӣ ва мактабҳои гуногуни он, ҳунари суратгарони барҷастаи ҷаҳон, доираҳои суратгарӣ ва сарнавишти шоҳкориҳои онҳо, офарандагони мусиқии баланди классикии Ғарб пайваста, роҳи тарбияи маънавию фарҳангиро осон кардааст.
Ӯ дар ҷилди 295 - уми осораш бо як ваҷдду шефтагӣ дар бораи кинои безабон (гунг) андешаҳои вижаеро баён кардааст. Кинои безабон, ки ҳоло дигар хаёли касеро ба сӯйи худ ҷалб намекунад ва дар чашми одамон ибтидоиву номукаммал менамояд, Ҳошим Гадои бинишварро ба паҳлуҳои норавшани худ ҷалб кардааст ва ӯ дар нигариши хушбини хеш бартариҳои бадеиву ҷолиби кинои безабонро дарёфтааст, ки синамошиносон ҳанӯз ба он паҳлуҳо нигоҳе накардаанд. Ҳошим Гадо бар он аст, ки кинои безабон актёрҳояшро водоштааст то барои бозтоб намудани намоди қаҳрамони асар, бознамоёндани риштаҳои эҳсоси ӯ, ранҷу дарду нолаву шеван, парешониву танҳоӣ, бурдбории хиёнату таҳқиру нотавонбиниҳо, чӣ худфидоиҳое накардаанд. Ӯ дар шигифт мемонад, ки чӣ гуна бесухан он актёрҳо тавонистанд бо як маҳорати ғайриодӣ аз роҳи имову ишора, ҳаракати чашму лабу абрӯву даступо маъниро ба тамошобин бирасонанд. Ҳамин аст, ки нобиғаи саҳнаву кинои тоҷик Ҳошим Гадо  яке аз актёрони бузурги кинои безабони ҷаҳон Чарли Чаплинро «Гунги Бузург» номида, ӯро  «Актёри рақами 1» унвон додааст. Ва саргузашти ӯро ба таври гузаро ёдовар шуда, гуфтааст: «Ба чӣ  таъқибҳо тоб наовардааст ӯ дар зиндагиааш... Бо худ меандешам чӣ гуна метавон бо ин зиндагии фоҷеабор актёри мазҳака буд. Ман инро мефаҳмам - Ҳ. Гадо». 
 
МО ВА ФАРҲАНГИ РУСҲО
Мо чанд бор ҳиссаи забони русӣ ва муҳити мардумони русро дар ташаккул ёфтани шахсияти Ҳошим Гадо ва ба мартабаҳои олии эҷодӣ расидани ӯ ёдовар шудем ва дар мақолаи дигарамон ба ҷилди 120 осораш бо номи «Русь» ишора карда, хостаҳои бисёрамонро дар ин маврид рӯйи коғаз овардаем. Аммо бозгуфтани мавзуи «Мо ва русҳо», ки бо таҳлили густурдаи он бисёре аз иллатҳои тоҷикон рӯ мезананд, барои худнигарӣ ва худсозии тоҷикон беаҳамият нахоҳад буд.
Хотираҳои муаллифи ин 320 ҷилд китобро хонда, ба он нукта аҳамият додаам, ки ба нобиғаи фарҳангистони тоҷик - Ҳошим Гадо аз ҳама беш коршиносон, донишмандон, тамошогарон ва ҳамкорони рус баҳои баландтарин додаанд. Чуноне дар боло гуфта шуд, маҳз театршиноси рус аз мо тоҷикон хоҳишу тавалло намудааст, ки мо Ҳошим Гадоро нигоҳубин кунем, нагузорем, ки нобиғаи нақшофаринии ӯ дар театру кино хира шавад, чашмаи истеъдоди аз синаи кӯҳ баромада хушк шавад. 
Чаро чунин аст? Аз чист, ки дар даҳлезҳои мактаби миёнаи ба номи Ленини шаҳри Кӯлоб, (мактаби № 4) як навиштаи кутоҳаке ба чашм намехӯрад, ки «Ин мактабро Артисти халқии Тоҷикистон, дорандаи нишони  «Ситораи Президент” Ҳошим Гадо хатм кардааст»?  Шояд маниши ин мардум чунин бошад, ки бегонагони ҳамлавар, кушандагони бобокалонҳояшонро тавсиф мекунанд, аз онҳо пайғамбар метарошанд. Ба сони Искандари Макдунӣ, Саъди Ваққос, Ибни Қутайба, Темури ланги Курагонӣ ва монанди онҳоро дар осорашон ситоиш мекунанд, на шаҳидони роҳи ватанпарастӣ ба сони Синдбод (соли 756), Бӯ Осими Бустӣ (с.757), Сайид Ҷулоҳ (с.757), Ҳазини Риқо (с.758), Озарӯя, Марзбон, Муҳаммади Шаддод (с.767), Юсуфи Барам (с.776) ва ҳазорон тоҷикони сарсупурдаи ҷони ҷавон барои Ватан дареғ надоштаро.
Аммо русҳо на Чингизхону Субалаю Ботухону Мамай, на Бонапарт Наполеон, на Гитлерро боре ҳам ба хубӣ ёд накардаанд. Онҳо ҳаргиз ба андешаашон роҳ дода наметавонанд, ки бегонаи бо шамшер ба марзҳои муқаддасашон пойи нопок гузоштаро ба таври умда фарҳангсӯзону фарҳангдуздони худро ситоиш кунанд. Мутаассифона мо аз русҳо ин арзиши баланди миллатсозиро наомӯхтем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои ҳақиқии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худшиносӣ ва худсозиро бавуҷудоваранда ва зояндаи донишу биниш медонанд ва дар таърихи сарзамини мо ҳастӣ ва кистии моро пос доштаанд ба хурдтарин рукнҳои миллатсозиву давлатсозӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва мутаассифона на ҳама вобастагони шохаҳои ҳукуматронӣ аз ташаббускорие бархурдоранд, то хирадашон барои аҳволпурсии Ҳошим Гадо, бирасад ва ин дорулмаонии санъату ҳунарро дар миллатсозии тоҷикон ба кор барад. Аммо Ҳошим Гадо аз он махмали мулоим сиришта нашудааст, ки онро болиш сохта рӯяш дам бигирӣ. Бихоҳӣ, ки аз гули маънии Ҳошим Гадо гулоб омода кунӣ, хорҳояшро фаромӯш накун. Ҳошим Гадо гуфтори ҳарзаро намепарастад, шахси андакхондаву худхоҳи дар пешонааш унвони баланди илмӣ ё фарҳангӣ часпондаро намеписандад, ба кори бенатиҷа даст намебарад, дар гуфтугӯйи кутоҳ ҳамсуханро дар тарозуи донишу биниш варандоз мекунад... Чунин ғаризаро бештар метавон дар замири мардумони рус пай бурд. Маниши шарқӣ он қадар бо кӯчиёни биёбонгарду рамагардони хурофотпараст олуда шудааст, ки аз байнашон пайдо кардани мардони ҳампаймону вафодор, ростгӯву фидокору бетамаъ осон нест. 
Гаҳе ба гуфтори баъзе сабукандешон гӯш фаро медиҳам ва пай мебарам, ки онҳо бо он донишаки сарсарии ҳосил кардаашон дастовардаҳои илмии аврупоиён ва аз ҷумла русҳоро ночиз мебинанд ва падидаи ношоистаи гурез аз онҳоро паҳн мекунанд. Дар сурате ки чуноне Пешвои миллат пайваста дастур медиҳанд мебояд забони пурзӯри русӣ, адабиёти ниҳоят пешрафтаи русро омӯхт. Албатта адабиёти бузурги форс - тоҷикро мебояд ҳар чи бештар омӯхт. 
Бояд ба қатъияти том гуфт, ки офаридаҳои Ҳошим Гадо ҳаргиз кам нахоҳанд шуд, ҳаргиз куҳна нахоҳанд шуд, ҳамеша дар тарбияи ҷомеаи фарҳангӣ, ба вижа омода кардани насли интеллектуалҳо (андешаварзон) фарҳангномаи (энсиклопедияи) беҳамто хоҳад буд.
 
ХЛЕСТАКОВ
Ҳамчун намуна мехоҳам ин ҷо нақши Хлестаковро аз асари Николай Гогол - «Ревизор» дар офариниши Ҳошим Гадо ёдовар шавам. Ифтихори бепоён дорем, ки ҳунари баланди актёри бузурги моро дар офариниши нақши Хлестаков театршиносони номии Русия дар расонаҳои хабарии кишварашон сутудаанд. Гумон мекунам агар чархи гардон пас мегашту Гоголи зиндаро ба Театри академӣ - драмавии ба номи Лоҳутӣ ба намоиши «Ревизор» меовард, муаллиф ин ҷаҳонро ноумед тарк намекард, зеро ҳангоме ки дар рӯзгори зиндагии ӯ актёри шинохта Николай Осипович Дюра нақши Хлестаковро иҷро мекард, Николай Гогол пас аз тамошои намоиш бо шикоят гуфта буд: «Дюр як мӯ ҳам дарнарафтааст Хлестаков, яъне чӣ...»
Николай Гогол ноумед намегашт, зеро нақши Хлестаковро Ҳошим Гадо соли 1979 бо як маҳорати баланд тавонист рӯйи саҳнаи тоҷик бозоварад. Театри тоҷик бо коргардонии Х. Майбалиев, ҳунармандии Маҳмуд Тоҳирӣ, Бурҳон Раҷабов мавзуи дар ҳама замонаҳо ба пешравии ҷомеа халалрасон - хлестаковизмро пеши дидори мардум намоён сохта буд. Дар бораи ҳунари беҳамтои нақшофаринии Ҳошим Гадо театршиноси рус Лес Танюк саҳнаи охирини намоишро чунин бозгӯ намудааст, ки то ҳанӯз куҳна нагаштани шоҳкори Николай Гогол «Ревизор» - ро гувоҳӣ медиҳад: «Пайдо шудани жандарм бо хабари омадани ревизори ҳақиқӣ ҳамаро карахт кард. Аммо шаҳрдор якбора ба худ омада аз кисааш як баста пул бароварду рӯйи саҳна партофт. Ҳама маъмурон низ чунин мекунанд. Киноя ба гунаи «инашро ҳам бо пул мехарем», ин намоиши ҷолибу саршори бозёбиҳо ба поён мерасад”.
 
СУХАНИ НИҲОӢ
Пеш аз ба поён расондани навиштори худ мехоҳам нигари шахсии худро дар пиромуни оҳангҳои шикоятии Ҳошим Гадо бигӯям, ки онҳо гарде ҳам ишора ба давлату Сарвари мо надоранд. Сипосгузории ӯ аз шоиста донистанаш ба нишони олии «Ситораи Президент» ва лутфу эҳсони шахсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсияти ӯ аз гуфтор дар рӯзи 80 - солагиаш ҳувайдост. Дили Ҳошим Гадо аз ишқи ягонаи худ - аз Меҳани зеботарини зебоҳояш Тоҷикистон саршор аст. Дар ҷилди 290 - уми осораш омадааст, ки чанде дар кишвари дигар бо коре шуғл меварзид ва бо бозгашт ба шаҳри азизаш Душанбе онро нашинохт. «Шаҳри азизи ман, - бозмеоварад гуфтори ӯро, - театршинос ва рӯзноманигори пуркори рус, ҳамдиёрамон Евгений Мороз, наву тозаву равшану хуррам гашта буд. Дар ҳама гӯшаҳои шаҳр биноҳои истиқоматии ба қаср монанд сохта мешуд. Ман хушнуд гаштам аз шукуфоии Ватани худ».
Мо ба ояндаи шукуфони театри тоҷик пурра боварӣ дорем. Барои омода сохтани ҳунармандони ояндаи театри тоҷик роҳро нобиғаи беҳамто Ҳошим Гадо равшан кардааст. Хушбахт хоҳад буд он ҷавоне, ки осори ин андешаманди ноёбро омӯхта, шеваи кору зиндагиашро бо дастовардҳои ӯ наздик карда тавонад.
Ин андешаро бо гуфтаҳои ҳунарманди бузурги рус, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Кирилл Лавров, мешавад пурра кард, ки онро дар рӯзгори ошуфтагиҳои солҳои 90 - уми садсолаи XX баён кардааст: «Мегӯянд театр мемирад, вале ман мегӯям театр нахоҳад мурд то замоне, ки актёроне чун Ҳошим Гадо дар он бошанд». 
 
Зафар МИРЗОЁН, 
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18 - 25.08.2021    №: 164 - 167-169    Мутолиа карданд: 2584
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед