logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ШИНОХТИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ АНДРЕЙ МАШАКОВ ВА ВИКТОР РУДНИТСКИЙ

Аввалин тадқиқот, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву давлатии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур рӯйи чопро дид, очерки сиёсии Андрей Василевич Машаков ва Виктор Александрович Руднитский буд. Очерк соли 1964 ба муносибати 40-солагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба табъ расидааст. Тавре Қурбон Аламшоев, муҳаққиқи ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур, менависад, ба унвони шахси якум аз миёни бунёдгузорони давлатдории нави тоҷикон интихоб шудани Шоҳтемур аз ҷониби ду олим, ки солҳои зиёд ба омӯзиши таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ машғул буданд, бесабаб набуд. 
- Тавре муаллифон дар таҳқиқоти худ ёдрас мешаванд, - менависад Қ. Аламшоев, -  Шоҳтемур инсоне буд, ки дар идеяҳои худаш баҳри пойдор кардани давлати миллии тоҷикон то охир содиқ монд ва боре ҳам ба каҷравӣ роҳ надод. Ин очерк аввалин маълумоти мукаммал дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки баъди ҳашт соли исботи бегуноҳӣ ва 27 соли куштани ӯ ба табъ расид. То ин давра (1937 – 1964) ӯ ва дигар ҳамсафонаш гумному бенишон буданд. 
Асари мазкур ҳарчанд хурд бошад ҳам, маълумоти дақиқ ва мукаммалро доир ба зиндагии Шоҳтемур дар бар гирифта, яке аз сарчашмаҳои асосии кору пайкор ва зиндагиномаи ӯ ба ҳисоб меравад. Муаллифон ба таври мухтассар дар бораи давраҳои гуногуни зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур маълумот додаанд. Аз ҷумла, муаллифон менависад, ки соли 1920 Шоҳтемур дар Тошканд ба номзадӣ ва моҳи августи соли 1921 ба аъзогии ҳизби коммунистӣ қабул мегардад. «Дар ин давра мамлакати мо нав аз ҷанги гражданӣ баромада буд ва рӯзҳои душворе аз сар мегузаронд. Аз сабаби беҳосилӣ дар як қатор ҷойҳои Россияи Советӣ қатҳӣ сар зад. Коммунистони Туркистон барои ёрдам расондан ба районҳои марказии мамлакат ҳамаи қувваҳоро сафарбар карданд. Дар ҷумлаи 500 нафар студентони пролетарии халқӣ, ки барои ғаллатайёркунӣ ба Туркистон сафарбар шуда буданд, Шоҳтемур ба уезди Хуҷанд фиристонда шуд. Ин кор барои ӯ аввалин супориши ҷиддии партия буд». 
Шириншоҳ Шоҳтемур бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд  супориши ҳизбро иҷро мекунад. Зеро дар уезди Хуҷанд боқимондаҳои босмачиён ҳаракат мекарданд ва ба кори кормандони ҳукумати нав халал мерасонданд. «Аз ҳамин сабаб комитетҳои партиявии Туркистон, аз як тараф, ба ғаллатайёркунӣ бевосита роҳбарӣ карда, аз тарафи дигар маҷбур буданд, ки отрядҳои мусаллаҳи коргарон ташкил намуда, ба сардории муккавалии худ ба маҳалҳо фиристонанд. Шоҳтемур  ҳам ҳамин хел муккавали камитети озуқаворӣ шуда, дар райони Дилварзин ба кори ғаллатайёркунӣ машғул шуд». 
Кори бовиҷдонаи Шириншоҳро ҳизб ба инобат гирифта, ӯро дар ҷумлаи сегонаи ҳарбии сиёсӣ ба Помир фиристод.
Андрей Машаков ва Виктор Руднитский дар бораи муборизаҳои ӯ дар роҳи ташкили ҶШС Тоҷикистон ва пойдор кардани ин ҳақиқати таърихӣ низ маълумоти мухтассар медиҳад. Махсусан, муборизаҳои ӯро бар зидди душманони тоҷик, ки сиёсати шовинистӣ мегузаронанд ва мавҷудияти халқи тоҷикро зери суол мебурданд, зикр кардаанд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар мактубу маърузаҳои хеш пайваста бар зидди душманони миллати тоҷик мубориза мебурд. «Дар ин мубориза мактубе, ки ӯ ба номи КМ ВКП ва Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП «Дар бораи аҳволи маданӣ ва иҷтимоию сиёсии тоҷикон дар территорияи республикаи Ӯзбекистон» навишта буд, аҳамияти калон дошт»,- менависад Андрей Машаков  ва Виктор Руднитский. 
Муаллифон бо дарки аҳамият ва муҳимияти ин мактуб дар роҳи бунёди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон онро яке аз қадамҳои асосии мубориза бар зидди нотавонбинони халқи тоҷик  меҳисобанд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар мактуби худ қайд мекунад, ки то тақсимоти миллии ҳудудии Осиёи Миёна, пантуркистҳо мавҷудияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна, ба ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон рӯйирост инкор мекарданд… 
Тавре гуфтем Андрей Машаков ва Виктор Руднитский дар бораи паҳлуҳои гуногуни зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур маълумоти дақиқу ҷолиб пешниҳод кардаанд. Дар очерки ёдшуда, дар бораи чи тавр ба туҳмат гирифтор шудаву ба ҳалокат расиданаш низ маълумот дода шудааст. Ба андешаи муаллифон, сабаби асосии гирифтор шудани Шириншоҳ Шоҳтемур баромадаш дар Пленуми мартии КМ ҲК Тоҷикистон буд, ки дар бораи фактҳои вайрон кардани конститутсияҳои ИҶШС ва тангу маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мардуми шӯравӣ бо исрор гап мезанад.  Оқибати мақсад ва ниятҳои наҷиб, садоқат ва принсипиалии ӯ буд, ки соли 1937 бегуноҳ ба қатл расонда шуд.
- Шириншоҳ Шоҳмемур, - менависанд муаллифон, - роҳбари ҳассос ва рафиқи ғамхор буд. Ӯ ҳаргиз ваъдаҳои хушку холи надода, балки албатта ба онҳо вафо мекард. Шириншоҳ Шоҳтемур фарзонафарзанди ҳақиқии халқи тоҷик буд.
Очерки сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур аз аввалин асарҳоест, ки дар бораи корнамоиҳои фарзонафарзанди Тоҷикистон маълумотҳои арзишмандро пешниҳод мекунад. Пас, киҳо буданд аввалин муҳаққиқони зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур? Чаро мо дар бораи онҳо кам медонем? 
Муҳаққиқ Қурбон Аламшоев менависад, ки Андрей Василевич Машаков 20 апрели соли 1925 дар вилояти Саратови Россия дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Соли 1932 хонаводаи онҳо ба Тоҷикистон мекӯчанд. Соли 1943 ҳамчун афсари хурд ба ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, ба ҳайати бригадаи 168-уми танкии Рига шомил мешавад. Соли 1945 сахт захмӣ мешавад ва ҳамчун маъюби дараҷаи дуюм аз ҷанг бармегардад. Ӯ ба ноҳияи Ҳисор меояд ва ба Институти педагогии шаҳри Сталинобод дохил мешавад. Солҳои 1947 – 1953 дар созмонҳои ҳизбии ноҳияҳои  Ҳисор, Шаҳринав, обкоми Сталинобод ва дастгоҳи Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1953 то солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳайси корманди калони илмӣ дар Институти таърихи ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолият дошт. Доктори илмҳои таърих ва муаллифи беш аз 50 асару мақолаи таърихӣ мебошад. Бо нишони «Ситораи Сурх» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.
Мутаассифона, дар бораи Виктор Александрович Руднитский дар бойгонии ҳизбии Тоҷикистон, ки ӯ солҳои зиёд дар он ҷо кор кардааст, ҳеҷ гуна маълумот дастрас нест. Ба гуфтаи Раҳматҷон Раҳматуллоев, корманди ин муассиса, Виктор Руднитский солҳои 90-ум ба давлати Исроил кӯчидааст.
 
Комрон САФАР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед