logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ФАРОҒАТИ ТОБИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ТАЪМИН АСТ!

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои беҳдошти саломатӣ ва солимгардонии насли наврас як қатор чорабиниҳои фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ноҳияи Восеъ низ барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонии наврасон дар лагерҳои фароғатӣ андешидаанд. 
Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия Меҳринисо Ҳалимзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, имсол низ чун солҳои пештара, истироҳати тобистонаи хонандагон дар се давр ташкил  гардида, ҳоло дар лагерҳои фароғатии назди муассисаҳои таълимии ноҳия 7 ҳазору 40 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шудааст. Дар давраи истироҳатӣ барои таълиму тарбия ва назорати шабонарӯзии онҳо 232 омӯзгор вобаста шуд. Сифати хӯрок мунтазам аз ҷониби табибон назорат шуда, саломатии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. 
Идораи санитарию эпидемиологии ноҳия ҷиҳати назорати вазъи санитариву беҳдошти истироҳатгоҳҳо корҳои судмандро анҷом дода истодаанд. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ низ вазъи пешгирии сӯхторро дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо таҳти назорат қарор дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯриҳо мегузаронад. Айни замон 10 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар дараи Варзоб дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол»- и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат доранд. Дар лагерҳои истироҳатӣ барномаҳои таълимию тарбиявиро, ки ба баланд бардоштани савияи дониши кӯдакону наврасон, ҳисси ифтихор ба Ватану ватандорӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ мусоидат мекунанд роҳандозӣ шудааст. 
Инчунин, дар лагерҳои истироҳатӣ миёни хонандагон озмуни китобхони беҳтарин дар соли 2021 идома дорад. Мақсад аз ташкили озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба хондани китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил гардида, адабиёти навтарин дар ихтиёри истироҳаткунандагон гузошта шудааст. - Ин амал ба беҳтар шудани дониши мактаббачагон мусоидат хоҳад кард. Ҳаминро бояд зикр кард, ки дар лагерҳои тобистона ба ташкили бозиҳои варзишӣ диққати махсус дода мешавад. Хонандагон ба шоҳмотбозӣ, футболу волейбол, баскетбол ва тенниси рӯйи миз машғул мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки мавсими истироҳату солимгардонии насли наврас хушу гуворо ва дар сатҳи баланд гузарад, - афзуд Меҳринисо Ҳалимзода.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед