номаҳо
ИЗҲОРИ СИПОС БО УМЕДВОРӢ
Солҳои зиёд аст, ки Қосим Мӯсоевро хуб мешиносам. Ӯ сардори идораи коммуналии вилояти Хатлон мебошад. Таҷрибаи хуби роҳбарӣ дорад. Корро бо муҳаббат ва сидқ анҷом медиҳад. Ҳамчун сарвар раҳнамои нек низ ҳаст. Ба арзи корафтодагон бо диққат гӯш медиҳад ва бо дарки масъала онро ба иҷро мерасонад. Пешниҳодҳои сокинони вилоятро низ барои ободонӣ хуш мепазирад. Ҳар вақт ки аз кӯчаҳои шаҳр ба ҳисси қаноатмандӣ аз тозагиву ободкорӣ мегузарам, ҳатман симои ӯ пеши назарам меояд. Беихтиёр ба ин марди кордону ташкилотчии моҳир аҳсант мегӯям.
Кӯчаҳои чароғони шаҳр низ диққати ҳар сокин ва меҳмонро ҷалб мекунад. Гулҳову гулгаштҳо ба ҳусни маркази маъмурии вилоят ҳусни тоза зам намудаанд.
Мехоҳам бо истифода аз гӯшаи дӯстдоштаам, яъне, «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» арзи сипосамро ба ин марди ҳалиму кордону соҳибтаҷриба баён намоям ва умедвор бишавам, ки тамоми гӯшаҳои шаҳри азизам ҳамеша тозаву дилрабо бошанд.
Мирзоалӣ САЛИМОВ,
сокини шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2021 №: 164 Мутолиа карданд: 8614