logo

Хабарҳо

Лавров: "Россия барои шинохти режими «Толибон» дар Афғонистон шитоб намекунад"

ТАСС. Россия барои эътирофи ҳукумати ҳаракати радикалии «Толибон» (мамнуъ дар Россия) дар Афғонистон шитоб намекунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар посух ба саволи хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мо, инчунин, дар кӯчаҳои Кобул равандҳои мусбатро мушоҳида мекунем, ки вазъ хеле ором аст ва «Толибон», дар маҷмуъ, қонун ва тартиботро самаранок таъмин мекунанд», - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Лавров, Россия умедвор аст, ки муколамаи ҳаракати «Толибон» бо раҳбарони неруҳои сиёсии Афғонистон бо таъсиси сохторҳои фарогири гузариши ҳукумати ин кишвар хотима меёбад. «Тавре ман мефаҳмам, дар ин рӯзҳо, дар ин соатҳо шояд бо намояндагони «Толибон» суҳбат  идома дошта бошад. Ман умедворам, ки он бо созише хотима меёбад, ки афғонҳо сохторҳои гузарандаро ташкил медиҳанд, зеро онҳо қадами муҳим дар роҳи ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвари мусибатзада мебошанд»,- гуфт С. Лавров.
Байден ва Ҷонсон ба мувофиқа расиданд
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден ва Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон дар суҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки нишасти  маҷозии G7 оид ба вазъи Афғонистон ҳафтаи оянда баргузор шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Қасри сафед хабар дод.
«Онҳо розӣ шуданд, ки ҳафтаи оянда мулоқоти маҷозии раҳбарони G7 -ро баргузор ва стратегияву равиши муштаракро баррасӣ кунанд», - гуфта мешавад дар  хабар.
"Онҳо шуҷоат ва касбияти кормандони низомӣ ва мулкии худро, ки дар Кобул паҳлу ба паҳлу барои эвакуатсияи шаҳрвандони худ ва шаҳрвандони Афғонистон кор мекунанд, ситоиш карданд. Инчунин, зарурати идомаи ҳамоҳангсозии зич байни иттифоқчиён ва шарикони демократиро дар бораи сиёсати минбаъда оид ба Афғонистон, аз ҷумла роҳҳои минбаъд расондани кумаки башардӯстона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дастгирии гурезаҳо баррасӣ карданд», - афзуд хадамоти матбуоти Қасри сафед.
 
 
 
Дабири кулли СММ ба гузариши осоиштаи Ҳукумат дар Афғонистон умедвор аст
Известия. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ҳукуматдорони Қатар барои миёнаравӣ байни Ҳукумати Афғонистон ва «Толибон»  изҳори сипос кард. 
Гуфта мешавад, ки қаблан рӯзи сешанбе Гутерриш бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ музокирот анҷом дод ва ба Доҳа барои талошҳо ҷиҳати рушди муколама миёни ҷонибҳои мухолиф дар Афғонистон изҳори сипос намуд.
«Дабири кулл умедвор аст, ки ин талошҳо боиси гузариши фарогир ва осоиштаи Ҳукумат хоҳанд шуд», - гуфта мешавад дар матн.
 
 
 
Омодагии Британияи Кабир барои 
қабули то 20 ҳазор паноҳандаи афғон
Известия. Вазири корҳои дохилии Британияи Кабир Прити Пател дар мақолае барои The Telegraph навиштааст, ки Британияи Кабир омода аст то 20 ҳазор гурезаро аз Афғонистон қабул кунад ва аз Иттиҳоди Аврупо даъват намуд, ки ба иқдоми он пайравӣ намоянд.
«Барномаи нави мо барои кӯчондани шаҳрвандони Афғонистон ба мо имкон медиҳад то 20 ҳазор нафарро, ки маҷбуранд аз Афғонистон фирор кунанд, қабул кунем.  5 ҳазори аввалаш соли оянда меоянд», - гуфт ӯ.
Афзалият ба занону духтарон, инчунин, ақаллиятҳои мазҳабӣ ва дигар ақаллиятҳое хоҳад буд, ки бо зулми режими ҳаракати «Толибон» рӯ ба рӯ мешаванд.
«Ман мехоҳам, ки мо ҳамчун як миллат ҳар кори аз дастамон меомадаро  иҷро кунем, то гурӯҳҳои осебпазири гурезаҳоро аз Афғонистон дастгирӣ  намоем, то онҳо дар Британияи Кабир зиндагии навро оғоз кунанд», -  гуфт сардори идора.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед