logo

Хабарҳо

ФУТБОЛ

Легионери эронӣ абадан аз бозии футбол маҳрум шуд
Кумитаи тартибу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигари дастаи «Душанбе» Амир Меморӣ Манеш (Эрон)-ро аз тамоми намуди фаъолияти футбол дар ҳудуди мамлакат абадан маҳрум намуд. 
Бар пояи иттилои ФФТ, легионери 28-солаи эронӣ бо ҷурми қиморбозӣ муттаҳам дониста шуд. Худи ӯ иқрор шуд, ки дар бозиҳо бо иштироки дастааш дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ шартбандӣ мекардааст. 
 
 
 
СУПЕРҶОМИ ОЛМОН
"Бавария" бори 9-ум онро соҳиб гардид
Тимҳои «Бавария» ва «Боруссия» (Дортмунд) барои ба даст овардани Суперҷоми Олмон миёни ҳам мубориза бурданд. «Бавария» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, маротибаи нуҳум соҳиби суперҷоми кишвар шуд.   
Тӯбҳоро аз дастаи ғолиб Роберт Левандовский (дақ. 41, 74) ва Томас Мюллер (дақ. 49) ба самар расонданд. Голи ягонаи «Боруссия»-ро Макро Ройс (дақ. 64) зад. 
 
 
 
ШИНОВАРӢ
Дастаи "Душанбе – 1" ғолиби Чемпионати кушоди Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо ширкати  беш аз 80 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар дар равияҳои тарзи озод, брасс, баттерфляй, пуштнокӣ байни мардҳо ва бонувон дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, дар чемпионат шиноварони дастаи "Душанбе – 1" маҳорати баланд нишон дода, сазовори 34 медал (12 тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ) гардиданд. 
Бо 5 нишон (2-2-1) варзишгарони дастаи "Душанбе - 2" мақоми дуюмро касб карданд. Тими "Суғд – 1" бо 3 медал (1 нуқра, 2 биринҷӣ) зинаи сеюмро гирифт. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 954
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед