logo

Хабарҳо

600 намуди либоси миллӣ

Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ–назариявии «Либоси миллӣ – ёдгоре аз ниёгон» баргузор гардид.   Намоиши вобаста ба он ташкилшуда то 1 сентябр идома меёбад.
Тавре Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии  осорхона, иттилоъ дод, дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Осорхонаи мардумшиносии АМИТ ва дигар олимону донишмандони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 600 намунаи гуногуни либоси тоҷикон, аз қабили куртаҳои чакан, атлас, адрас, сарбанд, рӯймол, миёнбанд, матоъҳои читӣ, шерозаҳо, тӯмордонҳо, каллапӯшу кулоҳ, тоқӣ, пойафзол, кафши чӯбину чармин, маҳсӣ ва дигар ашёҳои ороишу зебу зинати миллӣ (ороишоти занона: ангуштарин, дастмона, қулфи гиребон, гӯшвор, тоҷ), ки инъикосгари таъриху фарҳанг, расму оин ва ҳунарҳои мардумии ниёгони тоҷикон мебошанд, ба маъраз гузошта шудаанд.
- Миллати тоҷик дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст. Яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори халқи тоҷик – ин  либос ба шумор меравад, -  гуфт Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш доир ба таъриху пайдоиш, ташаккул ва дигар вижагиҳои хоси либоси миллӣ доираи васеи олимон, муаррихон ва муҳаққиқон бо маърузаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.
 
Лола РИЗОӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед