logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
 
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.
Истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Маҳз ба шарофати истиқлол дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро муҳайё кард.
Президенти мамлакат зикр намуданд, ки чун анъана дар арафаи ҳар як ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.
Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расондем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки дар ин толор нишаста арзанда мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самарок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат беш аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадр шуданд.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардид.
18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардондани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгору олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонда шаванд.
Бори аввал, тибқи қарори комиссияи дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 15 нафар омӯзгори беҳтарин соҳиби ҷоиза гардид.
Ҳамин тавр, аввалин шуда бо ин мукофоти давлатӣ омӯзгори фанни химияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод сарфароз гардонда шуд.
Ҳамчунин, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Литсейи физикӣ-математикии №1-уми ба номи академик М. Осимӣ Ачилов Ҳусейн, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бандаев Сироҷиддин, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷӯрабой, омӯзгори фанни химияи Литсейи №3-юми барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширахон, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Литсейи №3-юми барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рӯзиева Фароғат, омӯзгори фанни химияи Литсейи интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Ҳушанг, омӯзгори фанни химияи Литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Тошов Қобил, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Холбегов Мирзоҳамдам, мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед, омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-уми  ноҳияи  Роштқалъа  Ҷонмирзоев Эраҷ, мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад, омӯзгори фанни математикаи Литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифов Асадулло, муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшо барандагони Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадр гаштанд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 784
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед