logo

иқтисод

ДАНҒАРА. РОҲ БА СӮЙИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ҲАМВОР АСТ

 
- Фазои  мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳандозии дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт  солҳои охир ба пешрафту шукуфоии босуръати шаҳру ноҳияҳои кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Пешравиҳои назаррас ва дастовардҳои беқиёс дар ноҳияи Данғара тайи нимсолаи аввали соли 2021 ба ин гуфтаҳо далолат менамоянд. 
Баҳри истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда,  пурра ба кор андохтани механизму манбаъҳои иловаи ҷамъоварии андозҳо, ки аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонии ноҳия ба он вобастаанд, зери назорати ҳамешагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қарор доранд. Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 87,1 миллион сомонӣ, 89,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - зикр намуд раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин.
Дар ин давра бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон  64,4  миллион  сомонӣ  қарзҳои имтиёзнок дастрас намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 47,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
 
САНОАТ
Ҳаҷми истеҳсол зиёда аз як миллиард сомонӣ 
Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имрӯз назар ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яку ним баробар зиёд шудааст. Дар партави дастуру супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор гузоштем. Аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин, аз қисми маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия то ба имрӯз 42 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ бунёд ёфт, ки имрӯзҳо онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ машғуланд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 1 миллиарду 19 миллиону 943,2 сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он бо нархҳои ҳақиқӣ 143 дарсадро ташкил медиҳад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 26 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 10 адади он фаъолияти истеҳсолӣ дорад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 27,2 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҶДММ «Тоҷи Осиё», ҶДММ «Гринд Голд», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Детйен-Бетон», ҶДММ «Миср 2001», ҶДММ «Тоҷпласт-1», ҶДММ «Сохтмон-11», ҶДММ «Ғаюр саноат», ҶДММ «Фотима Иброим» ва ҶДММ «Оро» зиёда аз нақша маҳсулоти хушсифат истеҳсол карданд. 
 
Сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард
Корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 262 миллиону 185,9 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби муассисаҳо 11,2 миллион сомонӣ, соҳибкорон 48,4 миллион сомонӣ, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 66 миллиону 812 ҳазор сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 61 миллион сомонӣ, иҷро гардидаанд. Дар самти ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҳисоби соҳибкорон 125 километр мумфарш ва 130 километр роҳ сангфарш карда шуданд.
 
Таъмини амнияти ғизоӣ дар мадди аввал аст
Кишоварзӣ дар  ноҳия дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад, нақши ҳалкунанда мебозад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вобаста ба талаботи давру замон, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин, содироти он ба хориҷи кишвар як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият». - Чунки зиндагии шоистаи мардум маҳз аз ҳамин соҳа сарчашма мегирад.  Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, соли сипаригашта, заркорони ноҳия дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ба давлат беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда, дар вилояти Хатлон сеюмин шуда, аз иҷрои дурнамо мужда расонданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба  461 миллиону 843,7 ҳазор сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 2 миллиону 618,7 ҳазор сомонӣ зиёд гашт. - Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, бахусус ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 1680 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 862 тонна зиёд мебошад. Кишти такрории зироатҳо то ба имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1035 гектарро ташкил медиҳад. Деҳқонон бо ёрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аввалияи кишоварзӣ ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави кории доимӣ ва мавсимӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, мақсад доранд, ки аз заминҳои ҳосилхез то се бор маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад, саҳми арзанда гузоранд,- афзуд Раҳмон Исломиддин Хайриддин.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 3157
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед