logo

фарҳанг

НОРАСОИИ МУТАХАССИСОН МУШКИЛИ АСОСИИ СОҲАИ ФАРҲАНГИ МИНТАҚАИ РАШТ БОҚӢ МЕМОНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ карда, дар асоси ҳидоятҳои ӯ баҳри рушду нумӯи соҳа аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.
Вобаста ба ин, дар самти мазкур барномаҳои зиёд қабул шуда, бомуваффақият амалӣ гардида истодаанд. Дар ноҳияи Рашт баҳри татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2025 бо қарори раиси ноҳия номгӯйи чорабиниҳо ҷиҳати рушди муассисаҳои фарҳанги ноҳияи Рашт барои солҳои мазкур қабул гардидаанд, ки раванди амалисозии муваффақонаи он ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард. Доир ба рафти амалисозии барномаи мазкур суҳбате доштем бо Заррина Идизода, муовини якуми раиси ноҳия. Мавсуф зимни суҳбат зикр кард, ки дар рафти иҷрои барномаи мазкур як қатор корҳои ободонию созандагӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, сохтмони амфитеатр дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳраки Ғарм бо 480 ҷойи нишаст ва насби ду дарвозаи замонавӣ дар он бо осорхона амалӣ гардид. Майдони назди даромадгоҳи боғ бо панҷара маҳкам гардида, таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав сохта шуд. Системаи таъминот бо неруи барқ навсозӣ шуда, он шабона ба ҳусни боғ ҳусни нав зам мекунад. Ҳавзи шиноварии ҳудуди он низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ба нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур 55 банд дохил гардида, барои амалишавии он 2 миллиону 407 ҳазору 750 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 1 710 100 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва 698 650 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон сафарбар карда мешавад. Соли 2019 бахши фарҳанг бобати бой гардондани фонди гардиши китобхонаҳо корҳои дидание ба анҷом расонд. Дар доираи чорабинии “Корвони китоб” барои таъмини китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳия бо китобҳои тозанашри муосир аз ҳисоби Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 620 нусха, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 776 нусха, Муассисаи давлатии “Агентии миллии хонаи китоби Тоҷикистон” 360 нусха ва аз ҳисоби фарзандони Ҳоҷӣ Умари Истаравшанӣ 275, ҷамъ 2031 нусха ва ба маблағи 54977 сомонӣ адабиёти гуногун ворид гардид.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳои деҳаҳои Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, Шулмаки деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Навдонаки Қалъаи Сурх ва Қазноқи Нусратулло Махсум сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар деҳаҳои Мулло-Бадал, Дуоба, Шулмак, Деҳқонобод, Шулонак, Кочон, Шархо, Булқос, Мулло-Барот, Ярхич ва Ҳисорак таъсис додани китобхонаҳо, сохтмони бинои қасри фарҳанг дар шаҳраки Навобод ва маркази деҳоти Ҳоит, ҷудо намудани қитъаи замин ва маблағгузорӣ барои бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Қалъаи Сурх ва Нусратулло Махсум, сохтмони хонаҳои фарҳанг дар ҷамоатҳои деҳоти Боқӣ Раҳимзода, Аскалон, Ҳиҷборак ва сохтмони бинои осорхона дар шаҳраки Ғарм дар назар аст. 
Бо сабаби ҷой доштани мушкилоти молиявӣ, дар заминаи мактаби амалкунандаи бачагонаи санъати ноҳия бо истифода аз бино, амвол, воҳидҳои корӣ ва неруҳои эҷодию педагогии онҳо ташкил намудани коллеҷи санъат, пешниҳоди дархост барои зиёд намудани шумораи квотаҳо барои довталабон аз ноҳия оид ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, сохтмони бинои китобхонаҳо дар ҷойи биноҳои садамавӣ, китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагонаи шаҳраки Ғарм бандҳои муҳими барнома мебошанд, ки мутаассифона то ҳол иҷро нашудаанд.
Зикр бояд кард, ки дар самти таъмини китобхонаҳо бо компютерҳо, пайвастшавии китобхонаҳо ба шабакаи интернет, харидории барномаҳои махсуси китобхонавии мутамаркази иттилоотӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ, таъсиси вебсайти китобхонаҳо ва китобхонаҳои электронӣ ягон кор ба анҷом расонда нашудааст.
- Самаранокии фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, таъмири ҷараёни рушди устувори соҳа,  ҳамзамон, иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои барномаи мазкур аз сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии кадрҳо вобаста аст, - гуфт Заррина Идизода. - Кормандони дорои маълумоти миёнаи умумӣ аз уҳдаи таҳлили вазъи иҷтимоӣ - фарҳангии маҳали хизматрасонӣ, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг, кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ бо маҳфилҳои гуногуни шавқовар, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ ва ворид намудани навгониҳо ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завқи зебописандии аҳолӣ ва мавқеи иҷтимоии муассисаҳои фарҳангии ноҳия таъсири манфӣ мерасонад. Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳа низ ислоҳталаб аст.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 2933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед