logo

иҷтимоиёт

ХОНАИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ҲОЛУ ҲАВОИ ОН ДАР СЕ МАРҲИЛАИ ТАЪРИХӢ

Аҷаб обу ҳаво ва манзараи ҳамешабаҳор дорад деҳаи дилрабои Тишор. Чун вориди  деҳа мегардед, аз дур ба назаратон хонае намудор мегардад, ки ҳамеша сокинони таҳҷоӣ ва меҳмонони дуру наздик дар ҳавлиаш  саргарми суҳбатанд. Ин хона аз кист? Ҳоло соҳибхонаҳояш дар куҷоянд? Баробари ба хона даромадан касро ҳиссиёти дигаре фаро мегирад. Хонаи хурдакаки урфии хоси мардуми  Бадахшон, аз даҳлез ва долон иборат асту халос. 
 
Чун  вориди хона шудем ва назарамон ба шаҳсутуни он афтод, хона дар назарамон рӯшан гашт, гарчанде он тангу торик буд. Шаҳсутуни  хона ба забони ҳол  мегуфт. – Эй мусофир, лаҳзае хомӯш бош, то ман бароят аз рӯзгори ин хона ва сарнавишти хонадонаш нақл кунам. Ин хона таърихи пурошӯб дорад. 
Он дар нимаи аввали асри 19 аз ҷониби яке аз пирони равшанзамири деҳаи Тишор Шоҳтемур сохта шудааст. Дар он шаш писар Мамадаслам, Шоҳмусаллам, Шоҳғузанфар, Маъқулшоҳ, Бобошоҳ, Шириншоҳ ва шаш духтар Ҳуснибону, Булқайс, Оинамоҳ, Дурбону, Ҳасанбону ва Ситорамоҳ ба дунё омаданд. 
Шоҳтемур яке аз сайидҳои деҳаи Хоса буд ва барои ин мартабааш ӯро ҳамчун шахси фозилу хирадманд  эҳтиром мекарданд. Дар тамоми муаммоҳои зиндагӣ,  хоҳ динӣ бошанд, хоҳ дунявӣ, аз ӯ маслиҳат мепурсиданду дасти мадад мехостанд. 
Аммо тазоди зиндагиро бинед. Бобошоҳ ва Шириншоҳ яке ҳафтсола ва дигаре чорсола буданд, ки пайи ҳам аз падару модар маҳрум гаштанд. Фироқи падару модари кутоҳумр, ҳасрати ятимӣ, кулфати гуруснагию нодорӣ, дарду алами ин бенавоёнро дучанд афзун гардонд. Тамоми бори вазнини зиндагии хонавода бар дӯши бародари калонӣ Мамадаслам афтод. Ӯ аз ҳама дида, ба Шириншоҳ бисёртар унс мегирифт. Зеро ки ӯ дар ҳар кор чусту чолок ва тануманду зебо буд. Мехост, ки соҳиби илм гардад. Фаслҳои зимистон ӯро пеши Охон мебурд ва сабақ меомӯхт. 
Инро яке аз зиёиёни равшанфикри Кӯҳистони Бадахшон дар охири асри ХIХ ва аввалҳои қарни ХХ, писари холааш Сайидмаъсуми Сайидесо пай бурда, тақдирҷунбони Шириншоҳ Шоҳтемур мегардад. Ин мард, ки худ дар отряди сарҳадбонони рус тарҷумон буд, Шириншоҳ Шоҳтемури хурдсолро ба мактаби русӣ - маҳаллии назди сарҳадбонони рус дар шаҳри Хоруғ мебиёрад. 
Шириншоҳ бо бародарон ва хоҳаронаш видоъ намуда, бо пайроҳаи қисмат ба сӯйи ояндаи умеду орзуҳои ширину дурахшонаш қадами барҷо ниҳод. Ҷудошавӣ аз бародарон, дурӣ аз хонаи бобоӣ  хеле ҳузнангез буд, вале чӣ илоҷ. Соли 1914 Шириншоҳ мактабро бо баҳои аъло хатм карду ҳаваси таҳсилро давом додан дошт. Ин буд, ки Шириншоҳи 15-сола ҳамроҳи штабс – капитан Д. С. Топорин барои таҳсил ба шаҳри Тошканд рафт. Вақти рафтан аз Помир  Шириншоҳ бори дигар аз остонаи хонаи падар бӯсид, бародару додаронашро дар канор гирифту ба дунёи умеду орзуҳои нав қадам ниҳод.
Минбаъд мавҷи инқилоб Шириншоҳи ҷавонро ба маҷрои худ даровард, ҳамчун коммунисти хирадманд, софдил, ватандӯсту инсонпарвар ва ғамхори халқи заҳматкаш тарбия ёфт ва ҳамчун коргари камолёфта ба штаби фронти Туркистон хизмат кард. 
Аммо дар куҷое, ки набуд ватанаш ҳамеша дар фикру зикраш қарор дошт. Шириншоҳ, ки аз таассуботи динию миллӣ ва маҳалчигӣ комилан озод буд, ҳамчун тоҷики асил бо тамоми воситаҳо баҳри ҳимояи манфиатҳои миллии халқ, эҳёи истиқлолияту давлатдории тоҷикон ҷоннисорӣ намуда, ба муқобили миллатчиёну пантуркистон муборизаи оштинопазир бурдааст. 
Шаҳодати ин суханҳо як гузориши Шириншоҳ ба И. В. Сталин, дар бораи мавқеи маданӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки он аз муборизаи устуворона баҳри ташкили Тоҷикистони мустақил буд. Шириншоҳ, ки дар ҳама ҷо худро тоҷики асил ном бурд ба мақсади хеш расид. Соли 1934 дар Тоҷикистон 1000-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсиро ҷашн гирифтанд, ки раиси ин ҷашнвора Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамроҳи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддини Айнӣ, адибон, ҳунармандон ва дигар зиёиёни машҳури ҷумҳуриро ба ин ҷашн ҷалб карданд. Дар он Фитрат ва Ҳошимӣ дар мавзуи «Забони Фирдавсӣ – забони зиндаи ҳозираи тоҷик» ва чанд мақоларо таълиф карда, ҷашнвораро гузаронданд. Ин ҷашнвора зарбае буд ба душманони миллат, ки намехостанд Тоҷикистон мустақил бошад. 
Албатта, дар бораи муборизаҳои ҷовидонаи ин ҷавони ғуррамарг баҳри истиқлолияти давлатии тоҷикон, миллати бофарҳанги он қиссаҳо ва ривоятҳо, китобҳои зиёде рӯйи чоп омадаанд, ки аз роҳи тайкардаи ӯ сухан мегӯянд. Аммо ҳамаи ин кам аст. Шириншоҳ ва ҳамаслаконаш қарзи фарзандиашро назди миллати тоҷик ба ҷо оварданд бар ивази қурбонӣ. 
Дар ин хона ҳанӯз розҳои нуҳуфта зиёданд, ки аз тақдири Шириншоҳ ва аҳли хонаводаю авлодаш ҳикоят мекунанд. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки рӯзе мерасад Шириншоҳ Шоҳтемур ба хонаи хеш ҳамчу меҳмон меояду меравад. Моҳи ноябри соли 1936 ҳамчу Раиси КИМ-и Тоҷикистон ӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал овард, бо тамоми намояндагони Помир вохӯрӣ гузаронд. Ва ин дидори вопасини ӯ бо хона, зодгоҳи азиз, хешону пайвандон, инчунин ёру дӯстон буд.     
Ин хона, аз як тараф таърихист, ки дар гаҳвораи он Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба олами ҳастӣ қадам ниҳод. Аз ҷониби дигар он ҳузнангез аст, ки баъд аз туҳматҳои беасоси Шириншоҳ тамоми аҳли хонавода бародарону хоҳарон, хешони наздик ва ҳатто дӯстони наздики ӯ, ки дар ин хона ҷамъ меомаданд, душманони халқ хонда қисмашон ҳабс, қисми дигарашон бадарға шуданд. Муқаддас барои он аст, ки ин хона пас аз сафед гардидани Шоҳтемур ба асли хеш баргашт. Дуди ғализи сиёҳ аз равзани ин хона баромаду номи ин некмардон дар дили онҳое ки зиндаанд, поянда монд. Имрӯз хона ба хотири номи неки Шириншоҳ Шоҳтемур ба осорхонаи ӯ табдил дода шуда, аз роҳи зиндагии пурпечутобаш ҳикояту ривоят мекунад. 
Соли 1989 бахшида ба 90-солагии Шириншоҳ Шоҳтемур бо ташаббуси роҳбари онвақтаи ҳизбии вилоят Соҳибназар Бекназаров гурӯҳи корӣ барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои нодир, маводи ҷолиб, суратҳо, мақолаҳо вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳайати рӯзноманигор Қурбониддин Аламшоев ва мудири бойгонии ҳизбии вилоят Қамчибек Насуллобеков ба бойгонии махсуси шаҳрҳои Душанбе, Тошканд ва Москва фиристонда шуда, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ба вилоят оварда шуданд. Ин хизмати Соҳибназар Бекназаров дар саҳифаи таърих абадан боқӣ хоҳад монд. 
Инчунин, баҳри абадӣ гардондани хотираи неки Шириншоҳ соли 1964 мактаби калонтарини зодгоҳаш дар деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба номи ӯ гузошта шудааст.  
 
КӮЧА ВА ХИЁБОНИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
Вақте ки солҳои ҳаштодум дар шаҳри Хоруғ як силсила биноҳои хуштарҳу замонавӣ лаб – лаби дарёи Панҷ сохта шуданд, мо тасмим гирифтем, ки ба хотири шод гардондани арвоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур ин кӯчаи навбунёдро ба номи ӯ номгузорӣ кунем, - иброз дошт собиқ раиси шаҳр Иброҳимбек Ғозибеков. 
Парвандаи Ш. Шоҳтемур тобистони соли 1956 аз ҷониби Суди Олии ИҶШС аз нав тафтишу баррасӣ шуд ва дар амалу рафтори ӯ ягон амали қонуншиканӣ, зиддидавлатӣ исбот наёфта, ӯ комилан бегуноҳ бароварда шуда бошад ҳам, ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба хотири ин фарзанди ҷоннисори халқи тоҷик  номи кӯча ё идораро монад. Дар давраи котиби аввали Кумитаи ҳизби вилоят будани Моёншо Назаршоев доир ба барпокунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ, иштирокчиёни фаъоли он,  монанди Шириншоҳ Шоҳтемур хотираҳо, очерку мақолаҳо дар саҳифаи рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» чоп шуданд. Дар бораи ин абармард солҳои 80 – 90-уми қарни гузашта нашрияҳои вилоятию ҷумҳурӣ матлаб чоп карданду китобҳо нашр шуданд. 
Ба хотири Шириншоҳ хиёбони марказии шаҳри Хоруғ, кӯчаи калонтарини Селхозтехника ба номи ӯ гузошта шуд, ки ҳар як сокини шаҳр инро хеле хуш пазируфт. Дар майдони шаҳри Хоруғ ва боғи фарҳангии шаҳр нимпайкара ва пайкараи Шириншоҳ Шоҳтемур қомат рост кард. Ин аст, ки муносибати мардум ба таърих ба фарзанди ҷоннисори миллат, ки дар ташкили ҷумҳурии мустақил устуворона мубориза бурд, комилан дигар шуд.
 
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД
Дар замони нав азму талош ва муборизаи устуворонаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар роҳи барқарорсозии давлатдории тоҷикон, заминаҳои расидан ба истиқлолият ба шоистагӣ қадр шуданд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Бадахшон моҳи сентябри соли 2012 чунин зикр намуданд: «Мехоҳам хизматҳои воқеан таърихии яке аз фарзандони фарзонаи миллат Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар ҳақиқат барои мо дарси ибрат мебошад, махсус қайд намоям. Ин абармарди намоёни миллат аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20-ум рисолати таърихии хешро дар назди миллати тоҷик ва тақдири он дарк намуда, тамоми қудрату дониши хешро баҳри рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг, маориф, поягузорӣ ва сохтмони давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. 
Бадхоҳони миллат дар он замон мавҷудияти миллати тоҷикро инкор менамуданд ва бо ҳар роҳу восита барои соҳиб шудани мо монеаҳои зиёд эҷод мекарданд. Дар чунин даврони пуртаззод сиёсатмадори фидоӣ Шириншоҳ Шоҳтемур барои дифои миллатҳои миллии мардум иқдоми ҷавонмардонаро анҷом додааст. Шириншоҳ дар умри кутоҳи худ, ки ҳамагӣ 38 сол дошт, тавонист дар таърихи миллат саҳифаҳои дурахшонро сабт намояд. Хизматҳои беназири ӯро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат баъди 70 соли фаромӯшӣ ин фарзанди ҷонфидои миллатро бо унвони олии кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардонд». 
Имрӯз Поршиневи овозадор баъд аз чашмаи Шоҳносир бо осорхонаи Шириншоҳ Шоҳтемур, мактаби ба номи Шоҳтемур, нимпайкараҳои шаҳри Хоруғ зиёратгоҳи доимии мардум, сайёҳону мусофирон гаштааст. 
 
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 1029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед