logo

иҷтимоиёт

БОЗОРҲО ТОЗАГӢ МЕХОҲАНД!

То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем.                                                                 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Дарвоқеъ, танзими бозор масъалаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, сиҳатии мардум аз бисёр ҷиҳат ба чораҳои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифату зарарнок ва ба саломатӣ хатарнок вобаста аст. Мусаллам аст, ки мардум ҳамарӯза барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти рӯзгор ба бозор рӯ меоранд.
 
Бо назардошти ин, дар бахши ҳимояи бозори истеъмолӣ, риояи сифатнокӣ ва баланд бардоштани фарҳанги истеҳсолоту хизматрасонӣ, дар маҷмуъ, татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии  Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти ғизоии кишвар  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардидаанд. Хусусан, сохторҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки назорати бозори истеъмолиро пурзӯр намуда, воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнокро ҷилавгирӣ намоянд. 
Мутаассифона, бо вуҷуди тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гузарондани санҷишҳо ҳоло ҳам дар  бозорҳои истеъмолӣ ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои савдою хизматрасонӣ ҳамарӯза ошкор мешавад, ки боиси нигаронист.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ доданд, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ 274 005 килограмм маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯй набуда ба қайд гирифта шудааст, ки як қисми он (26 068 килограмм) аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигар (247 936 килограмм) аз рӯйи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯй нестанд.
Барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифату ба тандурустии ҷомеа хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 3376 ҳолат ба маблағи 765 790 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, маблағи мазкур ба буҷаи давлат пардохт гардид. 
Суоле ба миён меояд, ки чаро бо вуҷуди роҳандозии тадбирҳои андешидашуда ва назорати масъулон чунин қонуншиканиҳо боз бештар меафзоянд? 
Парвиз Муҳибов, сардори нозироти савдои агентӣ, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ нисбати воридкунандагон дар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии соҳавӣ талаботи қатъӣ пешбинӣ нагардидааст. 
- Айни замон нишондиҳандаҳои ҷазоҳои маъмурии муқарраршуда дар қонунгузорӣ паст буда, барои соҳибкорон, умуман воридкунандагони молу маҳсулоти пастсифату хатарнок камтаъсир аст. Ҳол он ки дар бозорҳои истеъмолии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба масъалаи мазкур талаботи қатъӣ муқаррар ёфтааст. Бинобар ин, зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ ҷиҳати гузоштани талаботи қатъӣ нисбати воридкунандагони молу маҳсулоти хатарнок мувофиқи мақсад мебошад, - изҳор намуд ӯ. 
Зимни нишасти хабарии шашмоҳаи аввали соли равон мутахассисони агентӣ изҳор доштанд, ки онҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ дар вақти муайян бозору мағозаҳоро аз санҷиш мегузаронанд. Барои маҳсулоти ғайристандартӣ ва қонуншиканӣ  фурӯшандаҳои молро ҷарима мекунанд. Аммо онҳо ҷаримаро месупоранд, бо вуҷуди ин боз ҳамон қонуншиканиро дар фаъолияти ҳаррӯзаашон такрор мекунанд.  
Дар бозору фурӯшгоҳҳо мутмаинем, ки на ҳама ба чунин қонуншикании хатарбор даст мезананд, бештар ҳаннотону қаллобони бозорҳо бар замми болобарии нарх боз маҳсулоти хӯроквории пастсифату муҳлати истифодаашон гузаштаро ба фурӯш мебароранд. Ин амали онҳо аз маданияту маърифати паст, бемасъулиятӣ ва худхоҳии онҳо дарак медиҳад. Имрӯз бо дарёфти даромади муфту расондани зиён ба солимии мардум, бехабар аз онанд, ки “Ҳар амалеро подошест”. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед