logo

Хабарҳо

ХБФ роҳбарон ва аъзои созмони террористиро дар Қрим боздошт кард

 
Лента. ру. Кормандони Хадамоти бехатарии федералӣ дар Қрим амалиёти  махсус анҷом доданд ва дар ҷараёни он ду роҳбар ва се узви созмони террорис-тии «Ҳизб-ут-Таҳрир» -ро, ки дар Россия мамнуъ аст, боздошт карданд.  
Дар ин амалиёт кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи  Россия ширкат карданд. Гумонбаршудагон ба ҷалби мусалмонони дар нимҷазирабуда машғул буданд. Дар ҷараёни фаъолиятҳои зидди конститутсионӣ, ки ба таъсиси ба ном хилофати ҷаҳонӣ ва сарнагун кардани ҳукумати феълӣ нигаронда шудаанд, аъзои гурӯҳҳои хурди   пинҳонӣ амалкунанда вохӯриҳо баргузор намуда, дар байни онҳо идеологияи террористиро паҳн мекарданд.
 
 
ИА бо ҳукумати нави Афғонистон муколама доир месозад
Известия. Роҳбари дипломатияи аврупоӣ Жозеп Боррел гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати нави Афғонистон муколама  хоҳад кард.
«Толибон» дар ҷанг пирӯз шуданд, аз ин рӯ мо бояд бо ҳукумати нав дар  Кобул барои пешгирии буҳронҳои муҳоҷират ва гуманитарӣ суҳбат намоем. Сухан дар  бораи муколама меравад, на дар бораи эътирофи  ҳукумати «Толибон». 
«Иттиҳоди Аврупо ният дорад кишвар-ҳои минтақаро, ки бо ноамнии минтақавӣ, қочоқи маводи мухаддир ва маҷрои назоратнашавандаи муҳоҷират дучор мешаванд, дастгирӣ кунад. Эътироф кардан лозим аст, ки миссия дар Афғонистон бо харҷи захираҳои бесобиқа анҷом дода шуд, аммо дар ниҳоят ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда нарасонд», - гуфт Боррел.
 
 
 
АМА тасдиқ намуд, ки Ашраф Ғанӣ ва оилаи ӯ дар ин кишваранд
ТАСС. Амороти Муттаҳидаи Араб ба Президент Ашраф Ғанӣ ва аъзои оилаи ӯ, ки аз Афғонистон фирор карданд, паноҳандагӣ додааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар   иттилоъ дод.
«АМА Президент Ашраф Ғанӣ ва оилаи ӯро дар кишвар мутобиқ ба фаҳмиши башардӯстона пазируфт», - омадааст дар изҳороти вазорат.
 
 
 
Эрдоган бо Путин дар бораи вазъи Афғонистон музокира менамояд
Лента. ру. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки интизор меравад охири ҳафта бо Роҳбари Россия Владимир Путин оид ба вазъи Афғонистон музокира намояд. Дар ин бора АИР «Новости» иттилоъ медиҳад.
Роҳбари Туркия, ҳамчунин, дар бораи нақшаҳои баррасии ин мавзуъ бо Канслери Олмон Ангела Меркел дар рӯзҳои наздик сухан гуфт.
Қаблан Эрдоган зикр карда буд, ки Ҳукумати Туркия барои ҳамкорӣ бо «Толибон» (созмони террористӣ, ки дар Россия мамнуъ аст) омода аст. Ба гуфтаи ӯ, Анкара аз изҳороти «қаноатмандона» - и ин ҳаракат истиқбол менамояд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед