logo

фарҳанг

ФАРҲОД РАҲИМӢ: «БА ТОҶИКИСТОН ДАСТГОҲИ ЗОНДИРОНИИ КАЙҲОНӢ ВОРИД МЕГАРДАД»

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақша дорад, ки аз таҷрибаи гурӯҳи зондҳои мадории Россия дар пешрафти илм ва иқтисодиёти кишвар истифода намояд. Ба ин хотир, қарор аст ба Тоҷикистон дастгоҳи зондиронии кайҳонӣ ворид гардад. Чанде пеш масъалаи мавриди назарро Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, зимни як сафари хизматӣ ба кишвари Россия бо Дмитрий Рогозин, директори генералии корпоратсияи «РОСКОСМОС» баррасӣ намуд. Зарурати истифода аз зондҳои мадории Россия дар чист ва оё он дар илми тоҷик, хусусан астрономия, уфуқҳои нав боз мекунад?  Маълумоти зондҳои мадорӣ дар  рушди самтҳои иқтисод ва иҷтимоиёт то куҷо таъсир мерасонад? Барои дарёфти посухи ин ва саволҳои дигар хабарнигори мо бо Фарҳод Раҳимӣ ҳамсуҳбат шуд.
- Тибқи хабари расонаҳо зимни мулоқот бо Дмитрий Рогозин ду мавзуи асосӣ - истифодаи маълумоти гурӯҳи зондҳои мадории Россия барои пешрафти илму иқтисоди Тоҷикистон ва истифодаи расадхонаҳои Ҳисору Санглох аз ҷониби Россия муҳокима шудааст. Чаро Шумо маҳз масъалаи зондҳои мадориро мавриди гуфтугӯ қарор додед ва истифодаи он барои мо чӣ манфиат дорад?
- Мақсади асосии мо омӯзиши кайҳон ва ҷирмҳое, ки дар атрофи Замин ҳаракат мекунанд ва эҳтимоли бархӯрд ба Заминро доранд, мебошад. Ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки ягон астероид ва ё комета ба Замин бархӯрд намекунад. Ҳоло мавриди тағйир додани хатти ҷирмҳои осмонӣ ва наҷоти Замин аз ин ҷисмҳо роҳҳои гуогун вуҷуд доранд. Яъне, илм то ҳадде рушд намуда, ки ҳатто имкони тағйир додани хатти ҳаракати астероидҳои ба Замин хатарнокро дорад.  Барои ин муайян  намудани хатти  ҳаракати кометаҳо ва астероидҳое, ки дар назди Замин ҳаракат мекунанд ва дар Системаи офтобӣ қарор доранд, бояд аз ҷониби олимони соҳа пайваста назорат шаванд.  Ин аз масъалаҳои илмие мебошад, ки  мо ба таври муштарак метавонем ҳаллу фасл намоем ва дар ин самт қаблан бо  Корпаратсияи «РОСКОСМОС» ҳамкорӣ доштем. Гузашта аз ин, ҳамкориҳои мо баъди дубора ба фаъолият шуруъ кардани расадхонаи Санглох ҷоннок гардид. Бо истифода аз телескопи расадхона омӯзиши партовҳои сунъии кайҳонӣ, ки ҳоло даҳҳо ҳазор дар атрофи Замин давр мезананд, барои илм аз аҳамият орӣ нест. Аз расадхонаи Санглох метавонем ин партовҳоро мушоҳида ва хатти ҳаракати онҳоро дар атрофи Замин мушаххас муайян намоем. Ҳамин аст, ки ҷониби Россия ба расадхонаи Санглох таваҷҷуҳ доранд. Мо низ  таваҷҷуҳи бештар ба истифодаи аз имкониятҳои  «РОСКОСМОС» дар  мавриди омӯзиши Замин тавассути спутникҳои сунъӣ намудем. Яъне, мехоҳем ҳамкории мо дар доираи ҳамин мавзуъ тавсеа ёбад. Дар ин росто, мақсади асосӣ  ба Тоҷикистон ворид намудани дастгоҳҳои зондиронии кайҳонӣ мебошад. Ояндаи наздик аз Россия ба Тоҷикистон системае таҳвил меёбад, ки   тавассути он метавон аз кайҳон  Заминро назорат ва аксбардорӣ намуд. Мо локатор ворид менамоем. Он бо 12 спутнике, ки ба Россия мутааллиқанд ва дар атрофи Замин ҳаракат доранд, пайваст хоҳад  шуд. Бо ин роҳ метавон мунтазам давоми 24 соат аз кайҳон  дилхоҳ гӯшаи Тоҷикистонро назорат ва аксбардорӣ намуд.
 
- Яъне, тавассути спутникҳое, ки  дар ихтиёри ин ширкат аст, Тоҷикистон зери мониторинги доимӣ қарор мегирад?
- Бале. Ин барои кишвари мо, ки кӯҳистон аст, хеле муҳим мебошад. Хусусан, барои соҳаҳои кишоварзӣ, яъне, дуруст муайян намудани заминҳои кишт. Ҷиҳати назароти пиряхҳои кишвар, ки имрӯз бар асари гармшавии глобалӣ зуд - зуд тағйир мекунанд, муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, дар мавриди пешгӯйӣ доир ба ҳолатҳои фавқулода, яъне бо роҳи аксбардорӣ аз спутник, метавон оид ба ин масъала чораҳои зарурӣ андешид ва амалӣ сохт. Тавассути чунин аксҳо, ки аз кайҳон анҷом дода мешаванд, ҳатто метавон қабати заминро омӯхт. Бобати пешбурди корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ин система назир надорад. Хусусан, дар самти илми астрономия. Дар мавриди пешгӯйии вазъи ҳаво низ. Тақрибан 3 шабонарӯз пеш  метавон пешгӯйӣ кард, ки вазъи ҳавои кишвар чӣ гуна мешавад.  Барои ин санади меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти дуҷонибаро ба танзим медарорад, таҳия ва ба имзо расид. Дар доираи сафар, ҳамчунин, масъалаи омода намудани кадрҳои миллӣ барои омӯзиши кайҳон бо истифода аз технологияи ҷадид баррасӣ гардида, дар ин маврид мувофиқа ҳосил шуд. Дар наздиктарин фурсат мутахассисонро дар ин самт ба бозомӯзӣ мефиристем. 
 
- Тоҷикистон бинобар дарёҳои сершумор захираи азими гидроэнергетикӣ дорад. Шояд захираи калони нафту газ ҳам дошта бошад? Ин масъала айни замон хеле муҳим аст, зеро кишварамон воридкунандаи маводи сӯхт аст, ки нархи он вақтҳои охир ниҳоят боло рафта, ҳама чиз қимат мешавад. Ҳоло гуфтед, ки тавассути  маълумоти зондҳои мадорӣ ҳатто метавон қабати заминро омӯхт. Зимни вохӯрӣ оё масъалаи ҷустуҷӯйи конҳои нафт дар Тоҷикистон тавассути  технологияи кайҳонии Россия баррасӣ шуд?
- Мо атрофи истифодаи маълумоти гурӯҳи зондҳои мадорӣ дар самти геология низ суҳбат доштем. Албатта, тавассути системаи аксбардории зондиронии кайҳонӣ муайян намудани сарватҳои табиӣ имконпазир аст. Хусусан, канданиҳои фоиданоки минтақаи кӯҳистонро, ки дастрасӣ ба он мушкил аст, метавон тариқи аксбардорӣ аз кайҳон муайян ва  ҳаллу фасл намуд. Метавон захираи мавҷударо сарфи назар аз миқдори калон  ё хурд баъд аз аксбардорӣ ва коркарди маълумот муайян кард.
 
- Тоҷикистон яке аз собиқ ҷумҳуриҳои шуравиест, ки кайҳоннавардаш ба кайҳон парвоз накардааст. Оё ба отряди кайҳоннавардон дар Россия кайҳоннаварди тоҷик шомил аст, ки ба парвоз омодагӣ мегирад? Умуман, дар мулоқот бо Рогозин ин мавзуъро муҳокима кардед?
- Не. Дар доираи ин мавзуъ  суҳбат  надоштем, аммо гумон дорам ин  мавзуи суҳбатҳои минбаъдаи мо хоҳад буд. Мо ҳоло дар ин самт санади меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи амалҳои  дуҷониба надорем. Интизор меравад рӯзҳои наздик созишномаи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дар мавриди  истифодаи кайҳон бо мақсади осоишта ба имзо расад. Баъди ба имзо расидани санади мазкур ва ёддошти тафоҳум  байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва системаҳои кайҳонии Россия  зерпояи ҳуқуқӣ пайдо мешавад, ки, дар натиҷа, метавон ин масъларо низ ҳаллу фасл намуд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
"Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2021    №: 166    Мутолиа карданд: 1797
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед