фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
(БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ (18 АВГУСТ) КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ)
МУАММОИ «ТАБОБАТ»
1. Бемории пӯст. 2. Элементи химиявӣ, ки дар таркиби себ зиёд аст. 3. Қурс (таблетка) – и таскинбахш. 4. Шакли ҷамъи саҳоба. 5. Академики АИ Санкт – Петербург, сарвари барҷастаи химик – органикҳои руси асри XIX. 6. Бемории эпидемӣ. 7. Ҳамдам, мушфиқ. 8. Омоси бофтаҳои эпителӣ, яке аз бемориҳои хавфнок ва душвортабобат. 9. Мутахассиси рӯҳу асаб. 10. Яке аз асосгузорони тибби антиқӣ дар асри III – IV-и то милоди Юнони Қадим. 11. Навъи полезӣ, ки хӯрдани мағзи донааш санги гурдаро мерезонад. 12. Узви ломиса. 13. Чеҳра, зоҳири инсон. 14. «Набуд …, ло бал чароғи тобон буд». 15. Ғизои доимӣ ва асосии инсон. 16. Замони нопокии занон пас аз таваллуд. 17. Яке аз моддаҳои доруии муҳими тибби қадим. 18. Бемории чашм. 19. Узви инсон. 20. Гиёҳи хушбӯйи табобатӣ. 21. «… гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд». 22. Ҳарфи алифбои ниёгон. 23. Варами ягон узви инсон. 24. Косахонаи ҳайвони марворидзои баҳрӣ, ки дар тибби қадим ҳамчун дору ба кор бурда мешуд. 25. Шалдардро гӯянд. 26. Як навъи бемории вобаста ба гулӯ. 27. Беморие, ки дар замони пеш аз инқилоб дар Осиёи Миёна дар маҳалҳои бадбоду ҳаво паҳн шуда буд. 28. «Дар сари мижгон чу … истодаӣ, ҳушёр бош!». 29. Беморие, ки ба сабаби карахт ва шах шудани мушакҳо пайдо мешавад (бо русӣ столбняк).
Мураттиб Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ,
сокини шаҳри Душанбе
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
«ХОК МЕХӮРЕМУ ХОК НАМЕДИҲЕМ!»
Ё ҲАДИСИ ГИРЯИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД
Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, ман ҳеҷ гоҳ гиря накардам. Чун гиря мекардам, Афғонистонро аз даст медодам, вале як бор натавонистам, ашкамро нигоҳ дорам, замоне буд, ки таҳти фишори сахти душман қарор доштем. Бидуни либос ва ғизои гарм ба сар бурдем. Рӯзе берун аз қароргоҳ рафтам ва занеро дидам, ки кӯдакашро дар бағал дошт, кӯдак аз бағали модараш поён омаду аз замин алафро барканд ва бо решаҳои пур аз хокаш хӯрдан гирифт.
- Тарсидам, ки модар ба тарафи ман фарёд мезанаду мегӯяд: «Ай хок бар сарат, Масъуд, ба ин ҷангҳоят», вале модар ба кӯдакаш гуфт: - «Бихӯр, бихӯр, писарам, боке надорад, хок мехӯрему хок намедиҳем.
Бидуни ихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд, сахт гиристам.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ВАФОДОРӢ
МЕҲРИ ЗАН ШУМАХЕРРО БАЪДИ ҲАФТ СОЛИ БЕҲУШӢ БЕДОР КАРД
Михаэл Шумахери олмонӣ, ҳафт карат чемпиони ҷаҳон дар «Формула-1», 29 декабри соли 2013 ҳангоми лижаронӣ дар кӯҳҳои Алпи Франсия аз сараш сахт осеб бардошт. Аз ҳамон сол инҷониб сарнишини машҳур дар ҳолати кома (беҳушӣ) буд. Ҳамсараш Каринна Шумахер лаҳзае ӯро тарк накард ва доимо дар канораш монд. Ӯ тамоми дороияшонро барои табобати шавҳараш сарф намуд, то ҳадди муфлисшавӣ. Ҳарчанд табибон аз кома баромадани Шумахерро кафолат намедоданд, Каринна умед дошт, ки рӯзе шавҳараш шифо меёбад. Ахиран, чунин ҳам шуд. Шумахер аз хоби ҳафтсола бедор шуд ва аввалин нафаре, ки шинохт, ҳамсари вафодораш буд. Ҳамсаре, ки ҳеҷ гоҳ аз канораш дур нашуд. Намедонам барои чи, вале ин қиссаро хонда, байти зерини Саъдиро ба ёд овардам:
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
2. МОРПАЛАНГ (тигровая змея)
Морпаланг воқеан, зебо ва бешак барои инсонҳо хатарнок аст. Ин намуди мор, асосан, дар минтақаҳои ҷануби Австралия, хоса ҷазираҳои наздисоҳилӣ ба монанди Тасмания ба сар мебарад. Хусусияти фарқкунандаи ин ҷонвар дар он аст, ки вобаста ба мавсими сол метавонад рангашро иваз кунад, вале ба шарофати рахҳои палангмонандаш номи морпалангро гирифтааст. Морпаланг одатан ором аст ва чун аксар морҳои дигар аз инсон паноҳ меҷӯяд, вале чун рӯ ба рӯ ояду роҳи гурез надошта бошад, аз неши заҳрнокаш ҳатман истифода мекунад, ки воқеан, марговар хоҳад буд.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АҶАБ ДӮСТОНЕ…
Аҷаб дӯстоне дорам: ҳарчанд бо исрор мегӯям, ки наменӯшам, маҷбур қадаҳ дароз мекунанд, «парҳезам» гӯям, аз куҷое кофта, ошу сихкабоб меоранд, вале Худо накарда, аз ноилоҷӣ мабодо пул пурсам, якбора хомӯш мешаванд. Ҳайронам дар чунин ҳолатҳо ё ман паст гап мезанам ё дӯстонам дарди гӯш доранд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ГУЛҲОИ ХОНАГИИ ДАВОБАХШ
САНСЕВИЕРИЯ
Рустаниест, ки дар торикӣ хуб нашъунамо меёбад. Шахсони серкор ҳам метавонанд онро дар хонаашон парвариш кунанд, зеро нигоҳубини ҳамарӯза зарурат надорад. Онро метавон ҳар сари чанд вақт аҳамият дод, он тару тозагиашро то дер нигоҳ медорад. Ҳавои хонаро аз чангу ғубор тоза менамояд. Ҳамчунин, барои беморони зуком ва шамолхӯрдагӣ давобахш аст. Шахсро аз ҳолати ҳайяҷонӣ мераҳонад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
МОДАР
Нимашаб замин ҷунбид. Марди хона аз хоб бархос-та, аз ошёнаи 5-ум саросема ба поён фаромад. Дар ин лаҳза дарёфт, ки фарзанди хурдсолаш дар хона мондааст. Аз поён бо фарёд гуфт: - «Оча, бачаамро ба поён бифарор, замин меҷунбад».
Модар аз тиреза сар бароварда гуфт: - «Биё, баро, бачаҷон, очаат нав ба ёдат зад? Замин аз ҷунбидан монд. Ман кӯдаки хобро бедор намекунам».
Ҳамин тавр аст. Мо дар ҳолатҳои вазнини рӯзгорамон, ҳатто дар дами марг хитоб мекунем: «Модар!» ва ба ин васила худро таскину сабукӣ мебахшем. Бечора модар, аммо мекӯшад, ки аз мо ёрӣ нахоҳад. Бо ин ки ин ҳақиқатро, яъне ӯро дар ҳолатҳои вазнини рӯзгорамон бештар бо сидқ ёд меорем, ҳеҷ намеранҷад, балки бароямон дуои нек менамояд.
Абдулқодири РАҲИМ
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
3. ҚАСРИ ИМПЕРАТОРИИ ДАМИН
Дар гузашта Дамин қасри асосии шоҳони сулолаи Тан (солҳои 618–907) ҳисобида мешуд. Масоҳати умумии он 2 километри мураббаъро ташкил дода, дар теппаи Луншоу, қисми шимолу шарқии шаҳри Чанан, ҳудуди кунунии Сиан, музофоти Шанси ҷойгир буд. Маҷмааи бузургу зебо дар асрҳои миёна – давраи охири ҳукмронии сулолаи Тан сӯхт. Чанд сол пеш дар Сиан маҷмааи фароғатие бунёд ёфт, ки нусхаи қасри Дамин аст. Бо тамошои нусхаи ин қаср, метавон дар бораи сулолаи Тан тасаввурот пайдо намуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
«ЧАПГАРО»-Ю «РОСТГАРО» АЗ КУҶО ПАЙДО ШУДАНД?
Соли 1789 вакилони Ассамблеяи миллии Фаронса, ки тарафдори шоҳигарӣ буданд, ба тарафи рости маҷлисгоҳ ҷамъ шуда нишас-танд. Ҷонибдорони инқилоб диданд, ки рақибонашон ҳама дар як гӯшаанд, дар қисмати чап ҷо гирифтанд. Як гурӯҳи боэътидоли вакилон дар марказ мавқеъ гирифтанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, мафҳумҳои «чапгаро ё чаправ», «ростгаро ё рострав» ва «марказгурезу мутамарказ» пайдо шуданд.
Аз он ба баъд дар ҷаҳон консерваторон, капиталистон, монархияпарастон ва фашистонро ростгаро ва сотсиалистон, коммунистону анархистони сабзро чапгаро меномидагӣ шуданд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ Ё ЧИ ТАВР ДУЗД ПУЛҲОИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД
Дар шаҳри Бирменгеми ИМА дузди танҳое амалиёте анҷом дод, ки онро бесамартарин дуздии аср номидан мумкин аст. Ҷавони тануманде вориди толори бонк шуда, ба зебодухтари хазиначӣ се дона саддоллариро дароз карда, хоҳиш намуд, ки пули майда диҳад. Чун духтарак дари сандуқи пулро кушод, ҷавонмард бо тапонча таҳдид карда, ҳамаи нақдинаи даруни сандуқро гирифтан хост.
Духтараки бечора аз тарс беҳуш шуда, рӯйи фарш афтод. Ҳамкорон ба кумак омаданд. Ғоратгар, ки чунин сурат гирифтани корро интизор набуд, 300 доллари худро дар ҷойи ҳодиса «фаромӯш» карда, хомӯшона ғайб зад.
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД
ХУШОМАД АЗ НОИЛОҶӢ
Сумароков, ки Барковро ҳамчун олим ва мунаққиди тавоно эҳтиром мекард, ҳамеша навиштаҳояшро аз назари ӯ мегузаронд. Аз қазо Сумароков дар яке аз майхонаҳо фароғат дошт, ки олими соҳибэҳтиромаш аз дар медарояд ва ғайриодат ӯро ба оғӯш кашида, ба таърифу тавсиф мегузарад:
- Дӯстам, шумо на танҳо инсони бузург, балки нахустин шоири рус ҳастед…
Сумарокови аз шодӣ худро гумкарда пешхизматро мефармояд, ки дӯсти ӯро бо гаронтарин майи хориҷӣ меҳмондорӣ кунад. Баъди ҳамагӣ чанд лаҳза Баркови ширамаст бо мушт сахт ба болои миз зада, ба Сумароков хитоб мекунад:
- Ростӣ хумори май доштам ва аз ноилоҷӣ туро таъриф карда, хушомад задам. Дар асл нахустин шоири рус манам, дувумин Ломоносов. Ана баъди Ломоносов сеюм шояд шумо бошед.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
4. МИКЕЛАНҶЕЛО ВА “ЯҲУДИЁНИ ШОХДОР”
Микеланҷело бешак дар пешаи худ ҳамто надорад. Муҷассамаҳои офаридаи ӯ бошанд, воқеан, фавқулодаанд. Дар ҳамин радиф ҳайкали мармарии Мусо ҳам аз офаридаҳои нодир маҳсуб меёфт, агар «шохдор» намебаромад. Ҳарчанд дар чунин шакл гирифтани ҳайкал муаллиф бегуноҳ буд, тарҷумаи нодуруст сабаби сар задани хатои бузурги таърихӣ шудааст. Гап сари он меравад, ки дар он замон ҳамагӣ як вариант тарҷумаи лотинии Библия истифода мешуд, ки чандон саҳеҳ набуд. Ба калимаи «рогатый» («шохдор») табдил шудани калимаи “лучезарный” («тобон») маҳз аз тарҷумаи нодуруст сарчашма мегирад. Ана ҳамин як хатои «кӯчак»-и таърихӣ одамонро садсолаҳо водор сохт, то андеша кунанд, ки яҳудиён дар гузашта шох доштанд.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
КИТОБ ВА ТЕХНОЛОГИЯ
КАДОМЕ МАНФИАТИ БЕШТАР ДОРАД?
Бен Карсон, ҷарроҳи машҳури майнаи сар, менигорад: «Лаҳзаи иваз шудани зиндагии ман он замоне буд, ки модарам телевизионро хомӯш карда, маро маҷбур сохт, то китоб хонам».
Агар волидон натавонанд кӯдакони худро дилбастаи китоб кунанд, пас онҳо дар тарбияи фарзанди худ муваффақ нашудаанд. Дуруст аст, ки фанновариҳои муосири техникӣ роҳи донишандӯзиро осон кард, вале айни ҳол барои иддаи зиёде монеи расидан ба илму дониш гаштааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
РАДАР
АСБОБИ БЕЗАБОНЕ, КИ НОМИ ДУ БОНУРО ДОҒДОР КАРД
Дар роҳи бозори куҳнафурӯшии шаҳри Аделаид (Австралия) Маргарет Уилсон ва дугонааш дар канори роҳ қуттии чоркунҷаеро диданд, ки дар замин гузошта. Гуфтанд: -«Ба бухории барқӣ монанд аст, бозор бурда мефурӯшем». Бо ҳамин ният қуттиро ба бордони мошин ҷой карданд, вале ҳанӯз ба дарвозаи куҳнафурӯшӣ нарасида, мошини пулисҳои навбатдор «дуздон»-ро дастгир кард. Маълум гардид, ки дугонаҳо радари санҷиши суръати ҳаракати мошинҳоро фурӯхтан хос-таанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Басенҷи ягона сагест, ки аккос зада наметавонад.
2. Танҳо се фоизи наврасон ҳашт соати тавсияшуда хоб мекунанд.
3. Дар ҷаҳон 1,5 миллиард нафар бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд ва ду миллиарди дигар онро меомӯзанд.
4. «I am» хурдтарин ҷумлаи забони англисӣ ба шумор меравад.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
АНДОЗ АЗ ТИРЕЗА
АНГЛИСҲОРО ЯКУ НИМ АСР АЗ РӮШНОӢ МАҲРУМ КАРД
Дар тули таърих давлатдорони кишварҳои дунё намудҳои гуногуни андозситониро ҷорӣ намуданд, ки на ҳама вақт ба манфиати мардум будаст. Барои мисол, андоз аз тирезаро муддате дар Англия ба ҳукми қонун дароварданд, ки он дар зарфи яку ним аср дилбазан гашта буд. Андоз аз тирезаро соли 1696 Вилгелми III (1650 – 1702) барои пур кардани хазинаи шоҳи Англия ҷорӣ карда буд. Аз рӯйи он соҳибони хонаҳо вобаста ба шумораи тирезаҳояшон андоз месупурданд.
Ситондани андоз аз тирезаҳо ба он оварда расонд, ки дар Англия хонаҳо бидуни тиреза сохта мешуданд ва ин муомила ба истеҳсоли шиша низ халал ворид сохт. Вақте хонаҳо бе тиреза бунёд мешуданд, дар биноҳо торикӣ ва намӣ ҳукмфармоӣ карда, боиси пайдо шудани ҳар гуна бемориҳо мегардиданд. Ниҳоят, соли 1851, яъне баъди 155 сол андоз аз тиреза бекор карда шуд.
Таҳияи Доро УМАРХОН
ВАҚТЕ ИНСОН ҚАЛБИ ТАМАЪКОРУ ЧАШМОНИ БАД ДОРАД…
Ҷавоне ба ҳаким гуфт: - Вақте ҳамсарамро интихоб кардам, мепиндоштам, ки Худованд монанди ӯро дар дунё наофаридааст. Вақте номзад шудем, духтарони зиёдеро дидам, ки амсоли ӯянд. Баъди издивоҷ як-як аз ӯ зеботарро медидам. Бо гузашти солҳо дарёфтам, ки ҳамаи занҳо аз ҳамсарам дар зебоӣ ва назокат беҳтаранд. Мехоҳам посух биёбам, ки чаро чунин аст?
Ҳаким дар посух иброз дошт: - Мушкил дар ҳамсари ту нест. Вақте инсон қалби пуртамаъву нафси бад дошта бошад, чашмонашро ба ғайр аз хоки гӯр чизи дигаре сер намекунад. Агар мехоҳӣ дубора ҳамсарат зеботарин зани дунё бошад? Пас, чашмонатро эҳтиёт намо!
Таҳияи Ҳабиба ИСМОИЛЗОДА
ЯК ПАНД
АЗ РӮЗГОРИ ЗИНЕДИН ЗИДАН
- Дар кӯдакӣ боре ба далели ин ки пойафзоли варзишӣ надоштам ва натавонистам бо дӯстонам футболбозӣ кунам, аз фақирӣ сахт гиря кардам. Аммо рӯзе мардеро дидам, ки пой надошт ва дарк намудам, ки чӣ қадар сарватманд ҳастам.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2021 №: 166 Мутолиа карданд: 2517