logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба истифода супурданд.
Таъкид бояд кард, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва он ҳам бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда, ба беҳбудии сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормадони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.
 
Меҳмонхонаи чорситорадор дар ноҳияи Исмоили Cомонии шаҳри Душанбе қад афрохт
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи «Сафо Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд шуд.
Иншооти замонавӣ аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра мебошад. Ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам мебошад. Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои будубош ва истироҳати меҳмонон, аз қабили ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра, ташкил гардидааст. Дар ошёнаи 13-уми бино барои меҳмонони олиқадр қаҳвахонаи дорои беҳтарин шароит ва айвонча барои тамошо намудани зебоиҳои шаҳри Душанбе бунёд кардаанд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра, таъмин гардида, ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ мебошанд.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар пойтахт рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд ва дар ин замина 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи чорситорадор имкон аст дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонда шавад.
Дар бинои муосир маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд. Долон, лифт, ҳуҷраҳо ва дигар иншооти меҳмонхона бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо усули меъмории миллӣ, бо назардошти талаботи замони кунунӣ нақшбандӣ ва гулкорӣ шудаанд, ки санъати баланди тоҷиконро дар бинокорӣ бозгӯ мекунад.
Ҳашамати бинои «Сафо Душанбе» ва зебоиҳои атрофи он зебоии ин гӯшаи пойтахти мамлакат - шаҳри Душанберо таъмин менамояд.
Корҳои сохтмониро дар иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декор инвест» бо ҷалби беш аз 300 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додааст.
Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи «Сафо Душанбе» моҳи октябри соли 2019, баъди гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз гардида, дар вақти муайяншуда бо сатҳ ва сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
 
Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари меҳмонхонаи замонавии "Сафо Душанбе" дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 12 меҳмонхонаи дигари чор ва панҷситорадор идома дорад. Бунёди чунин иншооти муҳими хизматрасонӣ дар пойтахт ба хотири дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони хориҷӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иҷлосияи Шурои сарварони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин, аз тарафи коргарони ширкати «Декор инвест» дар масоҳати 5 гектар, дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе, бунёди шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда, муассисаи томактабӣ барои 150 кӯдак, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон идома дорад.
Тибқи иттилоъ аз 21 бинои истиқоматии дар шаҳрак бунёдшаванда дар 4 бино, ки иборат аз 160 ҳуҷра буда, масоҳати манзили зист 16 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, омодаи баҳрабардорӣ мебошад. 6 бинои истиқоматии дигар бошад, то охири соли равон ба истифода дода мешавад. Дар иншооти боқимонда, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёнаи умумию томактабӣ, варзишӣ ва фароғатии шаҳрак, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ободии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе баҳои баланд дода, масъулонро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар меҳмонхона ҳидоят намуданд.
Равшании атрофи биноро чароғакҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар сутунпояҳои баландиашон аз ҳамдигар фарқкунанда таъмин менамоянд. Худи бино ҳам пурра чароғон мебошад ва рангорангию ҷилои ба меҳмонхона хос, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба равшаннамоии бинову иншооти пойтахт таъмин гардидааст, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
 
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои нав шуд
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Вазорати молияи мамлакат аст. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда дар бинои нав, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Вазорати молияро туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ба ҳайати кормандон дар арафаи Ҷашни муҳиму муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд. 
Фармоишгари иншоот «Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бино дар асоси лоиҳаи ҶСК «ПИЛҶСАНИИОСП» қомат афрохт. Барои анҷоми тадбирҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳташам мутахассисони даҳҳо ширкатҳои ватанӣ ҷалб гардиданд.
Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи бинои нави Вазорати молия таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо, ҳуҷраҳои техникии шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир гаштаанд.
Дар бино ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои тобеи Вазорати молия, ки то имрӯз макони мувофиқи фаъолият ва шароити мусоиди кор надоштанд, ҷой гирифтаанд. Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имкониятҳои дигари бинои нави Вазорати молия мебошад, ки ҳамагӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.
Зикр гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад. Айни ҳол сарфи назар аз шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат, мақомоти молияи кишвар фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт идома медиҳанд.
Пешвои миллат зимни ошноӣ бо шароити иншооти тозабунёд, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз кормандони Вазорати молия даъват ба амал оварданд, ки бо дасту дили пок вазифаҳои хизматии худро анҷом дода, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ҳисса гузоранд.
Кормандони мақомоти молия низ дар навбати худ нисбат ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон бобати тақвияти низоми молиявии кишвар ва ба истифода додани бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз зеботарин иншоот дар маркази ҷумҳурист, арзи сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити бинои тозабунёди Вазорати молия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои вазорат бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сарраёсату раёсатҳои он мулоқот анҷом доданд. Пешвои миллат ширкаткунандагони ҳамоишро бо фарорасии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфта, бунёди бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самараи суботи сартосарӣ ва ваҳдату ягонагии миллат арзёбӣ намуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат фаъолияти сохтори молияи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дастовардҳои ин сохторро натиҷаи талошҳои кормандони соҳа арзёбӣ карданд ва бобати рафъи камбудиҳои боздорандаи рушди соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2021    №: 167    Мутолиа карданд: 821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед