logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР: «ҲЕҶ ГОҲ АЗ ХОНДАН КАНОРАҶӮЙӢ НАКУНЕД!»

Таърихи ҳар як халқу миллат саҳифаҳои дурахшону хотирмоне доранд, ки дар онҳо шахсиятҳои барҷастаи роҳи сиёсату таърих, фарҳангу адаб инъикос ёфтаанд. Маҳз фаъолияту корнамоиҳои ин қаҳрамонон миллатро соҳиби забону таърих ва давлатдорӣ мекунанд. 
Яке аз чунин чеҳраҳои шинохтаву барӯманди халқи тоҷик, роҳбари донишманду оқил, сиёсатмадори барҷастаи аввали асри ХХ Қаҳрамони Тоҷикистон - Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Ӯ ба монанди фарзандони ҷасуру таҳамтани тоҷик Шераку Деваштич, Темурмалику Восеъ умри хешро баҳри ояндаи босуботу истиқлоли халқи хеш бахшидааст. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамагӣ 38 сол умр дида бошад ҳам, дар пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанги тоҷик даҳсолаҳо саҳм гузоштааст. Дар роҳи эҳёи адолату риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, арзишҳои ахлоқию маърифатии мардуми тоҷик ва зиндагии орому осоиштаи онҳо муборизаву ҷоннисориҳо намудааст. 
Шириншоҳ Шоҳтемур дар роҳи ҳифзи забони тоҷикӣ, илму маориф, ташвиқу тарғиби осори илмию адабии ниёгон фаъолияти пурсамар намуда, бо эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ забони модарии хешро пайваста пуштибонӣ менамуд ва онро гиромӣ медошт. Ӯ дар мактубҳои хеш ба роҳбарони ИҶШС дар баробари дигар рукнҳои давлатӣ таъкиду даъвати махсусе ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар муоширату ҳуҷҷатгузории расмӣ намудааст. Бо мусоидати ӯ соли 1924 дар шаҳри Тошканд бо мақсади омода намудани кадрҳои педагогӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис дода шуд, ки шароити хуби таълимӣ фароҳам набуд. Аз ин ҷиҳат, Шириншоҳ Шоҳтемур барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ дар ин муассиса тадбирҳои судмандеро амалӣ менамояд. Мақсаду мароми ҳамешагии ӯ аз байн бурдани маҳви бесаводӣ ва ҳарчӣ зудтар омода кардани мутахассисони варзидаи касбу кори гуногун буд. 
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1930 дар Анҷумани I муассисони ҲК Тоҷикистон дар маърӯзаи хеш бо унвони «Вазифаҳои ҳизб дар соҳаи сохтмони маданӣ» атрофи роҳу воситаҳои ташкил намудани мактабҳои миёна ва муассисаҳои маданӣ машварату мулоҳизаҳои хешро иброз медорад. Дар маърӯзааш масъалаи ба роҳ мондани курсҳои 2-солаи азнавтайёркунии педагогиро барои тоҷикон дар шаҳрҳои Сталинобод, Бухорову Самарқанд ва техникумҳои педагогӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа (Истаравшан), Конибодом, Ғарм ва Кӯҳистони Бадахшон ба миён мегузорад. Инчунин, ҷиҳати маҳви бесаводӣ, тайёр кардани кадрҳои педагогӣ, тахассусҳои соҳавии замон, баргардондани алифбои тоҷикӣ ба лотиниро ба таваҷҷуҳи сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ мерасонад. Аз ин ҷиҳат, нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди илму маориф ва санъату адабиёти тоҷик хеле назаррас мебошад. 
Тавре маълум аст, Шириншоҳ Шоҳтемур дар мактубҳои хеш касбашро муаллим ном бурдааст, ки он дар бунёду барқарорсозии мактабҳои миёнаю олии кишвар таъсири ҷиддӣ расондааст. Ӯ ҳамеша кӯшиш меварзид, ки илму маънавиёти мардуми тоҷик хусусан, насли наврас рушду инкишоф ёбад. Ҳар вақте ки ба зодгоҳи хеш сафар мекард, ба ҷавонону наврасон чунин таъкид медошт: «Бачаҳо, ояндаи ҷамъияти мо аз они шумост. Донед, ки ба ҷаҳолату торикӣ якумрӣ зарба зада шуд. Оянда аз они одами хоно ва доност. Ҳеҷ гоҳ аз хондан канораҷӯӣ накунед». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ ба ояндаи миллати хеш нигоҳи нек дошта, насли тоҷикро дар роҳи донишмандӣ ва ватандӯстӣ ташвиқу тарғиб менамуданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур бо вуҷуди ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро ба анҷом расонда бошад ҳам, бо мусоидату дастгирии ҳамаҷонибаи ӯ матбуоти тоҷик ташаккулу густариш ёфтааст. Бо кӯшиши вай соли 1924 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар шаҳри Самарқанд бо унвони «Овози тоҷик» ба табъ мерасад. Баъди нашри ин рӯзнома шуҳрату шаҳомати илму адаб ва забону таърихи бостонии тоҷик дар Осиёи Миёна баланд мегардад. Баъдтар бо ташаббусу таъкидҳои пайвастаи ӯ соли 1930 рӯзномаҳои «Деҳқонони камбағал» баъдтар бо номи «Барои коллективонӣ» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид. Соли 1932 рӯзномаи муаллимон бо номи «Барои маорифи коммунистӣ» рӯйи чопро дид. Инчунин, соли 1932 чор маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва бадеӣ бо теъдоди 68 ҳазор нусха таҳия мегардад. Албатта, ҳадафи аслии чопи ин рӯзномаву маҷаллаҳо ба хотири сари вақт ба иттилоот дастрасӣ доштани мардуми тоҷик ва тарғиби забони тоҷикӣ буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур донишу таҷриба ва заковату маҳорати хешро ба инкишофи забони адабӣ ва пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангии кишвар равона кардааст. Ӯ  бо ҳамроҳии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ соли 1934 нақшаи чорабинӣ ва таҷлили Ҷашни 1000-солагии ҳамосасарои адабиёти тоҷику форс Абулқосим Фирдавсиро дар сатҳи хуби байналмилалӣ омода ва баргузор намуданд. Шириншоҳ Шоҳтемур худ донандаи ашъори дилангези Шамси Табрезию Ҳофизи Шерозӣ буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур бо вуҷуди дар хурдсолӣ аз падару модар ятим монда, бо мушкилиҳои ҳаёт дучор омадааст, дар омӯзиши илму ҳунар ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзидааст. Дар майдони роҳбарию давлатдорӣ матонату диловарӣ нишон дода, бонангу номуси баланди миллӣ зистааст. Ӯ дар замони зиддияту худхоҳӣ бар зидди ҳама гуна беадолатиҳои қавму гурӯҳҳо бо андешаҳои хеш мубориза бурдааст. Бо вуҷуди ин ҳама оқибат ба туҳмати душманон гирифтор мешавад. Боиси таассуф аст, ки ин гуна зулму ноадолатиҳо нисбат ба бузургону адибони номдори мо дар қарнҳои гузашта низ ба вуқуъ омадааст. Аз ҷумла, гирдоби ҳамин гуна бадбахтиҳо шахсиятҳои маъруфи олам Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Бадриддини Ҳилолӣ, устод Айниву Сотим Улуғзода, Нусратулло Махсум ва худи ӯ гардидааст. Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1937 ҳамчун душмани халқ эълон шуда, ҳукми қатл гирифт.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар хидмату қаҳрамониҳои шахсиятҳои таърихӣ, зери назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.  
Бузурге гуфтааст: «Ватандӯстӣ аз эҳтироми зодгоҳ сар мешавад, инсондӯстӣ аз эҳтироми волидайн». Воқеан, Шириншоҳ Шоҳтемур, ватандӯсту инсондӯсти воқеӣ буд. Ҳамин хислатҳои шоиста ва сарсупурдагӣ дар роҳи озодиву истиқлолият, ватанхоҳию ватандорӣ дар саҳифаҳои мондагори таърихи тоҷикону ҷаҳон абадӣ боқӣ мондааст. Он ҳама корнамоиҳои ӯ садсолаҳо дар хотироти насли ҷомеаи нави тоҷик боқӣ монда, миллати моро дар роҳи давлатдорию созандагӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватанпарастию инсондӯстӣ роҳнамоӣ месозад.
 
Салоҳиддин ТУРАХОНОВ,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2021    №: 167    Мутолиа карданд: 1188
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед