logo

Хабарҳо

СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард

ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони  аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат меварзад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар дод. 
 
Ҷаласа дар реҷаи видеоконфронс таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Қарор дар бораи баргузории он дар пасманзари рӯйдодҳои ахир дар Афғонистон гирифта шудааст. «Дар нақша аст, ки масъалаҳои таъмини амнияти кишварҳои узви созмон дар заминаи рӯйдодҳои Афғонистон, инчунин, вокуниши муштараки муассир ба хатарҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ шаванд», - омадааст дар изҳороти Кремл.
 
Воҳидҳои муқовимати афғон дар Панҷшер аз таслим шудан ба «Толибон» саркашӣ мекунанд 
 
Известия. Роҳбари неруҳои муқовимат дар вилояти Панҷшери Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, ки сарбозони ӯ пешниҳоди  ҳаракати радикалии «Толибон» - ро дар бораи таслим шудан ва супурдани назорати ҳудудҳо рад карданд,- хабар медиҳад Al Arabiya. 
 
Чанде пеш «Толибон» аз фиристодани садҳо ҷангӣ ба вилояти Панҷшер, ки таҳти назорати неруҳои муқовимат қарор доранд, хабар доданд. Қаблан «Толибон» гуфта буданд, ки барои таслим шудан ба Масъуд 4 соат вақт додаанд.
Ба гуфтаи Масъуд, агар «Толибон» талош намоянд ин вилоятро таҳти назорат гиранд, «мо омодаем муқовимат кунем». Вай, инчунин, зикр кард, ки Афғонистон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад ва он дубора ба як «паноҳгоҳи терроризм» табдил меёбад. Масъуд гуфт, ки «мехоҳад ҷангро дар Афғонистон хотима диҳад» ва ҷонибдори муколама аст ва аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал овард, ки мардуми Афғонистонро дастгирӣ  намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед