logo

Хабарҳо

Тоҷикистон ва Чин масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ намуданд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳо дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мубодилаи афкор намуданд.
 
 
 
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, бо вазири федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҳайко Маас гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, ширкат дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд. 
Ҳамчунин, оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Бо назардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, зикр намуданд.
 
 
 
Баррасии як лоиҳа дар мулоқоти Баҳодур Шерализода бо сафири Туркия
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол мулоқот кард. Дар вохӯрӣ оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари Президенти Туркия, ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири Туркия оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода, зикр намуд, ки Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад. Ҳамчунин, таъкид кард, ки Туркия дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
 
 
 
“Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ”
Зери ҳамин унвон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Дар конфронс Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода аз паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа ёдовар шуда, афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имкон дод, то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.
 
 
 
Боз 8 оилаи зарардида аз сел дар ноҳияи Вахш соҳиби хона шуд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода ба 8 оилаи зарардида аз сели 11 май дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навро тақдим намуд.
Акрам Сулаймонзода, ҳамчунин, дастур дод, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди хонаҳои дигар низ ба анҷом расонда шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 833
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед