logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.
Ба ҳайси давлати даъватшуда дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзид.
Аъзои Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карданд.
Дар ҷараёни иҷлосия кишварҳои узв якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр намуданд.
Онҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ,  қавмӣ  ва  мазҳабии ин кишвар таъкид доштанд.
Дар ҷараёни иҷлосия зикр шуд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ Ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Бо назардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки ин мамлакатро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбории худ истифода мебаранд, кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз ҳудуди  Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.
Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, тавофуқ ҳосил шуд.
Аъзои Шурои амнияти дастҷамъӣ ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқуи СААД идома ёбад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2021    №: 168    Мутолиа карданд: 845
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед