logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии Иттиҳоди Шуравӣ Шириншоҳ Шоҳтемур дар ибтидои асри ХХ аз ҷумлаи тоҷиконест, ки номаш ба қомусҳо ва маълумотномаҳои таърихии ҷаҳонӣ дохил шудааст. Ӯ солҳои дароз яке аз ҳамраисони Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС ва узви Президиуми он буда, корманди сатҳи шуравӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ҳамин, шахсияти таърихии ӯ аз сатҳи минтақаҳо, ҳатто Осиёи Миёна бамаротиб боло рафта, аҳамияти як давлати бузурги шуравиро доро буд.  Шоҳтемур аз ҷумлаи абармардоне буд, ки  аз ҳеҷ мушкилӣ натарсида, барои амалӣ кардани орзуи ҳазорсолаи миллати хеш далерона мубориза бурд ва ниҳоят  ба мақсад расид. 
Шоҳтемур ва ҳамнабардони ӯ – тоҷикони миллатдӯст, ғаюр ва диловар аз манотиқи мухталифи тоҷикнишини Осиёи Миёна камар ба он бастанд, то давлати азбайнрафтаи тоҷиконро, ки қариб ҳазор сол қабл суқут карда буд,  дар шакл, қолаб, мазмуну мундариҷа ва тағйироти ҳудудии нав эҳё намоянд. 
Муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлаташон муборизаи шадиди сиёсӣ ба шумор мерафт. Барои тоҷикон истодагарӣ кардан бо роҳбарони олуда ба пантуркизми Осиёи Миёна хеле душвор буд. Аммо онҳо тавонистанд бо роҳи осоишта тамоми масъалаҳои нозуктарини сиёсиро ҳал намоянд. «Аслиҳа»-и онҳо дар ин шабехуни сиёсӣ танҳо гуфтушунид, ба кор бурдани ақлу фаросат, суҳбату мушовараҳо, истифода аз фарҳанги чандҳазорсолаи тоҷикон буд. Ин бузургмардон тавонистанд чархи таърихро бо мароми худ дигар сохта миллатро ба шоҳроҳи саодат раҳнамун кунанд.  
Шоҳтемур ва ҳамрадифони ӯ ашхоси нотакрори таърихианд. Тамоми ин дигаргуниҳои бузурги таърихӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанд дар тули  фаъолияти хеле кӯтоҳи сиёсӣ ва давлатии онҳо, ки аз 16 – 17 сол беш набудааст, рух додааст. Тақрибан ҳамаи онҳо дар солҳои 1919 – 1920 ба ҳаракатҳои инқилобӣ ворид шудаанд. То соли 1922 неру ва вақташон ба таъсиси аввалин ниҳодҳои давлатӣ дар манотиқи тоҷикинишин сарф шуд. То ибтидои соли 1925 онҳо барои ҳалли масъалаи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва таъсиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (якум, ин вилоят ду марзи хориҷӣ дошт, дуюм бавуҷудоии вилояти мухтор дар оянда барои бунёди Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ёрии зиёде кард)  мубориза мебурданд. Аз аввали солҳои 20-ум то 1926 барои барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ (асосан бо роҳи осоишта ва фаҳмондадиҳӣ) талош карданд. Се соли дигар (то соли 1929) сарфи таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуд.
Аз соли 1920  то соли 1929 (дар тули қариб даҳ сол)  тавонистанд орзуи садсолаҳои тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонанд: аввал Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон ва сониян Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон барпо шуд.
Барои ҳаёти осоишта ва созанда Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ вақти каме доштанд: ҳамагӣ 7 сол. Вале дар давоми ин ҳафт сол ба ин кадрҳои пуристеъдод ва забардасти тоҷик муяссар шуд, то дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар дигаргуниҳои азиме ворид карда, тоҷиконро соҳиби обу замин кунанд. Аҳсан, ин мардони бузургро! Шоҳтемурҳо бо маданияти баланди сиёсии роҳбариашон имрӯз низ барои мо азиз ва намуна ҳастанд. Ба Ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи вазъи сиёсиву иҷтимоии тоҷикон дар ИҶШС ва дигар мушкилоти даврро онҳо бо роҳи дипломатӣ, гуфтушунид, андешидани тадобири расмӣ ҳал мекарданд. Бузургии Шоҳтемур ва ҳаммаслаконаш аз он иборат буд, ки онҳо бо  маҳорати хосса тавонистанд порчаи кӯтоҳи таърихӣ - замони баргузории Инқилоби Октябр ва марҳилаи нахусти таҳкими давлати нави ИҶШС-ро хеле оқилона, устокорона ва ба фоидаи миллати худ истифода баранд.  Агар ин фурсати таърихӣ мувофиқи мақсад истифода намешуд, имкони эҳёи минбаъдаи давлати тоҷикон, шояд, ҳеҷ гоҳ фароҳам намегашт. 
Фарқияти давлати навини бавуҷудомадаи тоҷик дар он буд, ки он нишонаҳои демократияи ҷаҳонӣ дошт ва бори аввал дар таърих ба  ҳокимият тамоми халқи одиро ҷалб карда, ҳукмронии яккасардорӣ, феодалӣ ва қабилавиро аз байн бурд ва баробарии ҳамаи халқҳову миллатҳоро таъмин мекард. 
Сад афсӯс, ки тамоми  поягузорони давлати навини тоҷик сари худро дар роҳи миллат бохтанд. Ҳамаи онҳо туъмаи «террори бузург» шуда, дар айни ҷавонӣ ба таъқиботи беасоси солҳои 30-юм афтоданд.  
Хушбахтона, тақрибан аксари онҳо баъди соли 1956 бегуноҳ бароварда шудаанд. Вале, ба ин нигоҳ накарда солҳои дароз дар васоити ахбори омма ва китобҳои алоҳида  маълумот дар бораи онҳо тақрибан дастраси мардуми тоҷик набуд.
Бо вуҷуди ин қадар қаҳрамониҳо ва ҷонсупориҳои ин фарзонафарзандон то ҳанӯз дар бораи ҳеч яке аз барпокунандагони давлати навини тоҷик ва ёрону ёварони онҳо тақрибан таҳқиқот ва пажӯҳиши пурарзише анҷом нашуда, ҳаёту фаъолияташон ҳанӯз ба таври бояду шояд аз ҷониби муассисоти илмӣ-пажӯҳишӣ, муаррихон, адибону рӯзноманигорони алоҳида ва ё аз тарафи авлодони ин қаҳрамонон омӯхта нашудааст.
Дар китобхонаҳо, фурӯшгоҳҳои китоб, дар дуконҳои дискфурӯшӣ, дар сомонаҳои интернетӣ низ дар бораи онҳо маълумот хеле кам аст. Замони он расидааст, ки дар бораи ин қаҳрамонон на танҳо тоҷикон балки тамоми ҷаҳониён бояд донанд. Хушбахтона, дар баробари талошу иқдомоти олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, муддати чанд сол аст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо баргузории озмунҳои вижаи худ, ба ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ рӯ меорад. Чунин иқдоми ватандӯстона ба шинохти чеҳраҳои мондагор ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ мусоидат менамояд. Ҳоло, хушоянд аст, ки чунин озмун ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон эълон шудааст. Дар рӯзнома то имрӯз дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур ва қаҳрамониҳои ӯ матолиби зиёди хонданӣ нашр гардид, ки ин имкон медиҳад насли нав-рас аз корнамоиҳои қаҳрамони худ иттилои зиёд пайдо намоянд. 
 
Ҳайдаршо ПИРУМШО, 
муаррих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2021    №: 168    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед