logo

иҷтимоиёт

“БАҲОРИСТОН”. БЕҲТАРИН ОСОИШГОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН

Осоишгоҳи “Баҳористон” самари даврони соҳибистиқлолӣ буда, расман  моҳи марти соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст.  Дар давоми зиёда аз даҳ соли фаъолият “Баҳористон” ба яке аз маҳбубтарин муассисаҳои  солимгардонӣ, истироҳатию фароғатӣ мубаддал гашта,  на танҳо аз гӯшаю канори кишвари соҳибистиқлол, ҳамчунин, аз мамолики хориҷи дуру наздик ин ҷо муштариён ташриф меоранд. Имрӯз  овозаи сатҳи хизматрасонии осоишгоҳи “Баҳористон” то дуртарин қитъаҳои кураи Замин паҳн гашта,  муассисаи мазкур яке аз муаррифгарони Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Тибқи маълумоти ахири расмӣ то ин дам дар ин муассисаи солимгардонию фароғатӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 230 ҳазор нафар истироҳат кардааст, ки аз ин зиёда аз 90 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷи дур буда, бо намояндагӣ аз 95 давлат мебошанд. 
Вожаи “Баҳористон” дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънии ҷойи пур аз гулу сабзаҳои рангорангро ифода мекунад.
Осоишгоҳ дар соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон, 25 километр дуртар аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст.
Аз қадим соҳилҳои дарёи Сир бо табиати нотакрори худ шуҳратёр буда, ин маънӣ дар китоби бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров  “Тоҷикон” низ зикри худро ёфтааст. Дарёи Сир аз ҷумлаи дарёҳои сероби Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, ба 2 ҳазору 212 километр тул кашида, аз якчанд давлатҳои минтақа: Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешаваду гузарон аст.
   Сир маънии пӯшида ва ниҳониро ифода намуда, дар атрофи табиати пурасрораш ривоятҳои зиёде эъҷод шудаанд. Дар баъзе ҷойҳо дарё бо маҷрои гуногун ду қабати об дорад. Вале, аз ҳама ҷолиб он аст, ки дарё аз обшавии барфи кӯҳсорон ва пиряхҳо лабрез мегардад. Зеро, 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.
Дарёи Сир ба туфайли тозагии экологӣ аз моҳӣ фаровон аст. Намудҳои шикорӣ зағорамоҳӣ, воламоҳӣ, мормоҳӣ, суфмоҳӣ, бурутмоҳӣ, симмоҳӣ, шӯртан, капур, аломоҳӣ ва, албатта, лаққамоҳӣ ба шумор мераванд. Моҳигирони гузаро ба Сирдарё омада аз зебоии муҳит, истироҳати аъло дар соҳил ва шикори аҷиб мафтун мегарданд. Вазни миёнаи моҳии сайдшуда 3-5 килограммро ташкил медиҳад.
Обанбори Қайроққум дар биёбони регзор, вақте солҳои 50-ум сохтмони умумишӯравии Неругоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид, ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи бастани маҷрои дарёи Сир ин ҷо обанбори сунъии бо масоҳат бузург пайдо гардид. Дар рақам обанбор ба таври кофӣ ҳайратангез буда, дарозии 55 километр, бар 20 километр, чуқурии ниҳоӣ 25 метр ва 4,2 километри мукааб ҳаҷми умумии обро доро мебошад. Дарозии сарбанди об бошад, 1205 метр ва баландии он 32 метрро ташкил медиҳад.
Баъд аз пайдо шудани обанбор, табиати атрофи он покизагии беҳамто ва иқлими баҳриро ба даст овард. Қад-қади соҳилҳои обанбор минтақаҳои зиёди шиноварӣ, оббозӣ ва боғҳои сершумори мевадиҳанда бунёд гардиданд. Кӯли сунъӣ экосистемаи нави маҳал гардида, намудҳои моҳӣ ин ҷо фаровонанд. Ҳамчунин, ин ҷо истгоҳи парандагони кӯчӣ аз шимоли Осиё ба Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо гардид.
Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ осоишгоҳҳои “Гулистон” (собиқ Қайроққум) макони дӯстдоштаи истироҳатӣ барои мардум маҳсуб меёфт. Баҳри барқарорсозии саломатӣ ва истироҳат ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори сарзамини бузурги шуравӣ меҳнаткашон ташриф меоварданд. Махсусан, бо назардошти робитаи зичи иқтисодӣ байни вилояти Суғд бо Урал ва Сибири Федератсияи Россия аксарияти истироҳаткунандагон маҳз аз ин минтақаҳо буданд.
Аз он давра зиёда аз 60 сол сипарӣ гардид. НБО “Дӯстии халқҳо” ба хонаҳои мардуми меҳнатдӯсти Тоҷикистон рӯшноӣ оварда, бенуқсон кор мекунад. Осоишгоҳи “Гулистон” бошад, ба гӯшаи биҳиштосои воқеӣ табдил ёфт. 
    Баъд аз таъмиру таҷдид ва ободонии ҳудуд, собиқ “Хонаи истироҳатии Қайроққум” (ҳоло “Гулистон”) ба Осоишгоҳи “Баҳористон” табдил дода шуд ва моҳи марти соли 2011 дарҳои худро аз нав ба мизоҷон боз кард. Дар маросими ифтитоҳ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, шахсан лентаи рамзии маҷмааи осоишгоҳӣ-курортии навро дар шимоли Тоҷикистон буриданд.
Муассиси осоишгоҳ Бонки миллии Тоҷикистон баҳри бунёди чунин як маҷмааи беҳтарини солимгардонии ҷумҳурӣ қувва ва маблағи зиёдро масраф намуд. Ҳар нафари ба Осоишгоҳи “Баҳористон” омада таъкид медорад, ки ин ҷо бо майли беандоза ва муҳаббати бепоён бунёд гардидааст. 22 гегтар ҳудуди хушманзар, иншооти ҳайратангез, сатҳи баланди хизматрасонӣ, заминаи муосири ташхисӣ – табобатӣ ҳамасола ба ҳазорон истироҳаткунандагон аз Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик саломатӣ мебахшанд, ҳузуру ҳаловат ва истироҳати комил ҳадия месозанд.
Банақшагирии зебову мусоиди ҳудуд, иншооти гуногунтарҳ, пайроҳаҳои зебо бо чароғпояҳои услуби куҳан, газон бо алафи сабзи кушод ва гулҳои гуногунранг, шумори зиёди фаввораҳои тасвиркорона дар тобистон, шипангҳои бароҳат бо кандакории миллӣ, пайкараҳои гуногун, гӯшаҳои кӯдакон, ҳавзҳои кушод бо ҳудуди ҷиҳозонда барои истироҳат, минтақаҳои сайри чаман – ин ҳама муҳайё гардидаанд, ки ҳар як меҳмони осоишгоҳ ба таври комил ҳузуру ҳаловат барад.
Бо мақсади қабули меҳмонон 4 бинои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат, системаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино бунёд шудааст. Ба хоҳишмандони истироҳат дар хилватгоҳ 10 коттеҷи дуошёна ба 4-5 нафар ҳар яке пешниҳод мешавад. Дар маҷмуъ, осоишгоҳ метавонад зиёда аз 880 нафар меҳмонро дар як вақт қабул намояд.
Осоишгоҳ пляж ё худ кӯли сунъии ободу зебо дорад. Дар Тоҷикистон моҳҳои июн-сентябр мавсими шиноварист. Вале, аллакай дар моҳи май рӯзҳои гарм зиёданд. Омилҳои муолиҷавии аҷиби табиӣ, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ, табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳ ва ҳайати кормандони миёнаи тиббӣ муолиҷаи ин бемориҳоро аз рӯйи таъиноти махсус ба роҳ мондаанд:
 
• Системаи роҳҳои нафас
• Дилу рагҳои хунгард
• Такя ва ҳаракат
• Бемории нисоӣ
• Бемории идрорӣ
• Узвҳои ҳозима.
 
Тарзи муолиҷаҳо ба кулли нафароне, ки дар Осоишгоҳи “Баҳористон” табобат гирифтаанд, таъсирбахш аст.
• 98 фоиз бо беҳбудӣ мераванд.
• Муҳлати миёнаи ифоқа баъд аз муддати муолиҷаҳо 9 – 12 моҳ.
• Гирифторӣ ба беморӣ 2 – 3 маротиба кам мешавад.
 
Осоишгоҳ барои қабули оилаҳо бо кӯдакони хурдсол басо мувофиқ карда шудааст. Ин ҷо боғчаи бачагона бо гӯшаҳои зиёди шавқовар ва дорои пайкараҳои қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ муҳайёст. Волидоне, ки мехоҳанд истироҳат кунанд ё муолиҷа гиранд, барои гузоштани кӯдаконашон зери назорати мураббиён имкон доранд. Маконе амвҷуд аст, ки ба волидон ва ҳам кӯдакон писанд меояд.
Ба табобат кӯдакон аз чорсолагӣ фаро гирифта  мешаванд. Бо ин мақсад дар осоишгоҳ табиб – педиатор фаъолият дорад. Имконияти мазкур барои кӯдаконе, ки онҳоро шамолхӯрии мунтазам таҳдид мекунад, дар системаи роҳҳои нафас, узвҳои такя ва ҳаракат мушкилӣ доранд, аз бемории узвҳои ҳозима ва аллергия азият мекашанд, айни муддаост. Бовар дошта бошед. Оилаҳое, ки фарзандони мактабхон доранд, бо номгӯйи ин бемориҳо аз наздик шинос ҳастанд.
Боис ба таъкид аст, ки сафар ба Осоишгоҳи “Баҳористон” – имконияти буду бош дар минтақаи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Зеро, дар ин ҷо оби ошомиданӣ ва барои омода намудани таомҳо аз чашмаҳои кӯҳсорон буда, маҳсулоти ғизоӣ комилан табиист. Дар Тоҷикистон кайҳост, ки аз нуриҳои минералӣ истифода намебаранд. Доир ба моддаҳои генномодификатсияшуда сухан ҳам намегӯем. Ба таври одӣ, чунин моддаҳо ин ҷо вуҷуд надоранд. Бинобар ин ҳам, таомҳо хеле лазизанд. Иқлими баҳрӣ дар навбати худ ба организми инсон таъсири мусбат мерасонад. Меҳмоннавозии шарқӣ бошад, дилхоҳ нафаронеро, ки ба Осоишгоҳи “Баҳористон” меоянд, тасхир месозад!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2021    №: 168    Мутолиа карданд: 613
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед