logo

Хабарҳо

Тақрибан 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад

 
ТАСС. Директори иҷроияи Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Ҳенриетта Фор хабар дод, ки созмон расондани ёрии башардӯстонаро ба Афғонистон, ки тақрибан 10 миллион кӯдак ба он ниёз дорад, идома медиҳад.   
“Уҳдадории мо ба кӯдакони Афғонистон бетағйир аст ва ҳадафи мо он аст, ки ҳуқуқи ҳар яки онҳо ҳифз карда шавад”, - гуфт ӯ ва таъкид  намуд, ки ЮНИСЕФ “ҳоло ва дар вақтҳои наздик дар ҷойи худ боқӣ хоҳад монд”. “Имрӯз, тақрибан 10 миллион кӯдак дар Афғонистон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дорад. Тахминан 1 миллион кӯдак давоми ин сол бо норасоии шадиди ғизо дучор мешавад ва метавонад бидуни табобат бимирад”, - гуфт Фор. Аз рӯйи ҳисобҳо, тахминан 4,2 миллион ҷавони афғон ба мактаб намеравад, ки беш аз 2,2 миллиони онҳо духтаронанд. Аз моҳи январ намояндагони СММ беш аз 2000 ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи кӯдаконро дар ин кишвар ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. 
 
 
 
СААД аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон нигаронӣ кард
Лента.ру. Муқовимати «Толибон» (мамнуъ дар Россия), ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, метавонад боиси ҷанги шаҳрвандии дарозмуддат гардад. Ин нигарониро ба АИР «Новости» Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас изҳор кардааст. 
Дабири кулл таъкид намуд, ки ҷанги эҳтимолии шаҳрвандӣ барои амнияти на танҳо Афғонистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ пайомадҳои пешгӯйинашаванда дорад. Вай, ҳамчунин, ИМА ва НАТО -ро дар он айбдор кард, ки хуруҷи “омода набуда” - и онҳо аз хоки Афғонистон  муддати дароз таҳдид ба “сулҳ ва суботи байналмилалӣ” -ро  меафзояд.
 
 
 
Reuters: «Байден дар 24 соат тасмим хоҳад гирифт»  
ТАСС. Интизор меравад, ки Президенти Амрико Ҷо Байден дар давоми 24 соати оянда тасмим гирад, ки оё пас аз 31 август муҳлати амалиёти низомии эвакуатсияи амрикоиҳо аз Афғонистон тамдид карда шавад ё на.
Тибқи маълумот, баъзе мушовирони Президенти Амрико бо далелҳои амниятӣ ба тамдиди амалиёт мухолифанд. Як намояндаи маъмурият гуфт, ки Байден метавонад ниятҳои худро дар ин бора дар нишасти таъҷилии G-7 оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзи сешанбе тариқи маҷозӣ баргузор мешавад, изҳор намояд.
 
 
 
Мавқеи якҷояи СААД оид ба вазъи Афғонистон таҳия мешавад!?
Мир 24. Рӯзи душанбе нишасти ғайринавбатии СААД тавассути видеоконфронс баргузор шуд. Александр Лукашенко тақвияти минбаъдаи марзҳои созмон, аз ҷумла марзи Тоҷикистону Афғонистонро зарур медонад.
Бинобар вазъи душвори Афғонистон дар минтақаи нуфузи СААД, хатари терроризм, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа меафзояд. Александр Лукашенко пешниҳод  намуд, ки дар  саммити ду созмон, яъне СААД ва СҲШ  дар Душанбе як мавқеи муштарак таҳия ва  баррасӣ шавад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед