Хабарҳо
ТЕАТРИ ЛӮХТАК. «БИНОИ ИЛОВАГИИ ХОНАИ ПИОНЕРОН»
Сохтмони ҳама гуна иншооти фарҳанг, таърих ва тақдирҷунбони худро дорад. Аз ҷумла, Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе низ. Ташаббускори сохтмони ин театр ходими намоёни давлатӣ Султон Мирзошоев (1932 - 2016) аст.
Қиссаи сохтмони театри лӯхтак аҷиб аст. Пойтахти Ҷумҳурии советии сотсиалистии Тоҷикистон - шаҳри дилорои Душанбе то нимаи солҳои 80 – уми асри ХХ барои кӯдакону наврасон театри алоҳида надошт. Он замон барои атфол намоишҳои идона ва солинавиро дар театри опера ва балет ва театри русии ба номи В. Маяковский намоиш медоданд.
Дархости Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар бораи сохтмони театри лӯхтак дар Тоҷикистон ҳамоно аз Москва, аз Ҳукумати умумииттифоқ дастгирӣ намеёфт. Ба иқрори вазири фарҳанги Тоҷикистон Султон Мирзошоев (1979 - 1987) роҳи ҳалли сохтмони ин театрро ёфта, раиси Совети вазирони Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро дар хусуси ҷудо кардани маблағ ба гап даровард.
Ин амал (ҳила) – и худро вазири фарҳанг «Пристройка к дому пионеров» (Бинои иловагии хонаи пионерон) унвон дод. Ҳамин тавр, бо ризояти роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул гардид. Ниҳоят он рӯзи пурнишот барои кӯдакону наврасон фаро расид. Соли 1985 Театри лӯхтак дари худро дар боғи пионерони шаҳри Душанбе боз намуд. Театр бо навтарин асбоб ҷиҳозонда шуд.
Ду сол қабл аз он Султон Мирзошоев коргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон Зафар Ҷаводовро барои омӯхтани таҷриба ба театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Москва, Тошканд, Рига, Таллин, Вилнюс фиристод, то нозукиҳои театрҳои кӯдаконро биомӯзад.
Рӯзи ифтитоҳи театри лӯхтак дар шаҳри Душанбе аз вазири фарҳанги Иттиҳоди Шуравӣ ва намояндаи барҷастаи театри лӯхтаки ҷаҳонӣ Сергей Образтсов барқияи табрикӣ расид. Султон Мирзошоев дил лабрези фараҳ баробар бо тамошогарони хурдсол хушҳолӣ мекард.
Инак, 36 сол аст, ки Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе побарҷову аҳли он баҳри болидаруҳии кӯдакону наврасон ҳамасола даҳҳо намоишҳои ҷолибро пешниҳод менамояд.
Умари ШЕРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1336