logo

Хабарҳо

Қадрдонии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент бо мукофотҳои давлатӣ

Аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мукофотҳои давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонда шуданд, тақдим гардид.
Дар маҷмуъ, ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, ба 2 нафар медали Шафқат, ба 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.
 
 
 
«Беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон»
Таҳти ин унвон 27 август дар шаҳри Душанбе бо ҷалби соҳибкорони ҷавони давлатҳои аъзои СҲШ ва ИДМ Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад, - хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар назар аст, ки дар форум роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъол иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории форум имкони татбиқи ҳамгироии иқтисодии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ байни соҳибкорони ҷавони тоҷик бо дигар мардуми олам ва рушду тавсеаи имконияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
 
 
 
Китобҳои нодири дастнавис ва  чопи сангӣ намоиш дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади муаррифию арҷгузорӣ ба мероси хаттии тоҷикон таҳти унвони «Мероси хаттӣ – бозгӯйи осори ниёгон» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 20 сентябр идома меёбад.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 120 намунаи гуногуни китобҳои нодири дастнавис ва чопи сангӣ, ки фарогири мавзуъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шудаанд.
Ҳамчунин, 20 сиккаи таърихӣ (санадҳо оид ба харидуфурӯши замин), 11 лавҳаи ҳунари хушнависӣ, 4 сӯзании катибадор ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг, китобдориву китобсозӣ ва ҳунарҳои хаттотӣ, хушнависӣ ва саҳифабандиву муқовасозии ниёгони мо мебошанд, пешниҳод гардидаанд.
 
 
 
КОРОНАВИРУС. Дар Тоҷикистон 98,6 дарсади беморон шифо ёфтанд
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 58 нафар аз ин маризӣ табобат ёфт, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 23 август дар кишвар 16514 нафар гирифтори COVID-19 сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 16297 кас (98,6%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1241
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед