logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ

Дар вожаномаи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи «Истиқлолият» ба маънои «мустақилӣ,  соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва  комилҳуқуқии  кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ» тавсиф шудааст. Ба ин манзур, «Истиқлолият» моҳияти дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдории миллӣ ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад. 
Дар ин робита, бештари масоили марбут ба истиқлолият ва истиқлолиятшиносӣ ифодаи расмии худро дар асару мақолаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд. Бахусус, тавсифи истиқлолият ҳамчун нишони барҷастаи пойдории давлат ва нақши он дар рушди истиқлолияти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар осори пурғановати Пешвои миллат ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва истифодаи афкор ва андешаҳои Пешвои миллат, ки дар асару мақола ва суханрониҳояшон дарҷ ёфтаанд барои дарки моҳияти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон шароит муҳайё сохта, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии мамлакат мусоидат менамояд. 
Матни суханрониҳо, маърузаҳо, мақо-лаҳо, мусоҳибаҳо, изҳоротҳо, хитобияҳо, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз моҳи ноябри соли 1992 дар силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷамъовариву гурӯҳбандӣ шуда, аз соли 2002 аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба табъ мерасанд. Дар маҷмуъ, то имрӯз 20 ҷилди ин силсила чоп шудааст, ки дар онҳо матни 1428 маърузаву суханронӣ, изҳороту паём, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ворид шудаанд. Имсол дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷилди 20-уми маҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба табъ расид, ки дар он матни 44 суханронӣ ва 14 паёми шодбошии Пешвои миллат ворид гардидаанд. Ҷилди 20-ум дорои дастгоҳи маълумотдиҳанда мебошад. Дар он бори нахуст мураттибон се кумакфеҳрист: феҳристи мавзуъҳо, номҳои ҷуғрофӣ ва ашхосро ҳамроҳ кардаанд, ки истифодаи онҳо раванди пажӯҳиш ва дарёфти маводи лозимаро осон мегардонад. Масалан, бо истифода аз феҳристи мавзуъҳо истифодабарандаи китоб имкон дорад, ки бемамоният оид ба 46 мавзуи мушаххас, ки дар заминаи матни суханрониву паёмҳои табрикотӣ мураттаб шудаанд, маълумот пайдо намояд. Истифодаи феҳристи номҳои ҷуғрофӣ бошад, ба хонанда имкон медиҳад, ки доир ба 125 номи давлат, шаҳру вилоятҳо, ноҳияву деҳаҳо маълумот гирад ва тавассути феҳристи ашхос бо исму насаби 103 шахсият шинос шавад. Месазад, ки ин иқдоми наҷибонаи мураттибони китоб минбаъд низ идома ёбад ва бо такмилу иловаҳо чунин кумакфеҳристҳо ба ҷилдҳои қабланчопшудаи маҷмуа тартиб дода шаванд. Ҳамзамон, зарур мешуморем, ки теъдоди нусхаҳои чопии китоб зиёд карда шавад. Чунки бо теъдоди 1000 нусха қонеъ гардондани талаботи бакитобдоштаи эҳтиёҷмандон ғайриимкон аст ва ё тақсими он ба беш аз 6000 китобхонаи дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолиятдошта монеа эҷод мекунад.
Мутобиқ ба мазмуну муҳтавояш силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикис-тон ва эҳёи миллат» бояд китоби рӯйимизии кулли кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот бошад. Чунки дар ин силсиламаҷмуа матни тамоми маърузаву суханрониҳо, паёму изҳорот, мақолаву мусоҳибаҳои Пешвои миллат ҷамъовариву пешниҳод мешаванд ва аз ин мавод ҳар чи бештар  муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм истифода мекунанд. Омӯзгорону донишҷӯён, магистранту унвонҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна низ аз ин силсиламаҷмуа фоида мебаранд. 
Аз ин рӯ, зарур аст, ки нашри такрории силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо тағйироту иловаҳо ва бо назардошти шумораи китобхонаҳои мамлакат бо теъдоди на кам аз 8000 нусха ба роҳ монда шавад.
 
Шариф КОМИЛЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2021    №: 169    Мутолиа карданд: 661
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед