logo

иҷтимоиёт

ТУЛУИ ОФТОБИ ЗИЁБАХШ

 
Замону таърихи миллат пайваста ҳушдорамон медиҳанд, ки рисолати ҳастии худро хуб дарк бинмоем ва дурусту шоиставу пурифтихор зиндагӣ бикунем. Ҳамзамон, ба зиндагиву кори қаҳрамонон ошно бишавему аз он ибрату панд бигирем. Пас аз он, ба яқин, маълумамон мегардад, ки ҳеҷ яке аз қаҳрамонон махсус барои қаҳрамон шудан назистанд. Онҳо рисолатшинос буданду адолатпеша ва барои пойдории ҳақиқат талош варзиданд. Дар ин роҳ, инчунин, аз рафтани сару додани ҷон ҳеҷ натарсиданд. Бо он донишу маърифате, ки доштанд, метавонистанд, хуш бизиянд, шоду масрур зиндагӣ ба сар бибаранд ва танҳо барои худ. Он ки ин гуна роҳро интихоб карду чанд соле ба табъи дили хеш зист, баъд аз ёдҳо рафт, балки аслан дар ёдҳо ҳам набуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи нафароне маҳсуб мешавад, ки барои худ назист, манфиати шахсиашро дар мадди аввал нагузошт. Рисолати ҳастии худро мешинохт, аз ин рӯ, раҳеро интихоб кард, ки дар он ҳазорон хавфу хатар буд ва ҷонфидоиро тақозо дошт. Ҳамин тавр, аз зумраи муборизони ҷонфидо барои поягузории давлати миллии тоҷикон гардид. 
Оре, гуфтану навиштани ин суханон имрӯз осон аст, тасаввураш низ. Аммо дар он рӯзгори даҳшатбор  чун дӯстдори Ватану давлати миллӣ зистану кор кардану мубориза бурдан басо мушкил буд. Ин ҳақиқатро ҳолиё касе беҳтару бештар дарк менамояд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии охири асри рафтаро дидаву шоҳид гардидааст. Дар ин даврон низ хавфи нестии давлату миллат вуҷуд дошт. Замон қаҳрамони навро мехост, қаҳрамонеро, ки ҷон дар кафи даст мегирифт ва барои давлату миллат ҳастияшро дареғ намедошт. Қаҳрамонеро ҳам , ки бояд хиради азалӣ ва дили софу бекинаро соҳиб мебуд. Тарафҳои даргирро ба ҳам меовард, оташу алангаи ҷанги бародаркушро хомӯш менамуд ва сари вақт тадбирҳои заруриву дурустро меандешиду гурезаҳоро ҷамъ меовард, хонаҳои сӯхтаву валангорро обод менамуд. Кӣ ин рисолатро бо азми ҷавонмардӣ, муҳаббату садоқат ба Ватану миллат ба дӯш мегирифт? Магар шоҳид набудем ва надидем, ки «ватанхоҳон», ба ном дӯстдорони миллат бо оғози ин ҷанг фирор карданд? Магар танҳо фирор намуданд? Не. Аз дур санги маломат ба миллату мардуми ҷонфидои давлат андохтанд. Худро фурӯхтанд ва хидмати хоҷагони навро, ки душманони сулҳу ризоят, ваҳдату истиқлоли давлати мо буданд, ба ҷо оварданд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз ба хотири қаҳрамони миллат шудан масъулияти сарварии кишварро бар дӯш нагирифт. Дар он рӯзгор ҳеҷ кас аз ин хусус намеандешид. Ҳеҷ кас намедонист, ки то фардо ӯву давлату миллаташ оё пойдор мемонад ё не. Дили ҳамаи хурду калони кишвар ба ин Сарвари ҷавони тозаинтихобшудаи давлат месӯхт. Ҳасудону душманон мепиндоштанд, балки бовар доштанд, ки аз уҳдаи сарварӣ баромада наметавонад ва ё зуд кушта мешавад. 
Худи ӯ низ баъдҳо иқрор гардиду изҳор дошт, ки медонистааст чи масъулияти бузургу вазнинро ба хотири наҷоти давлату миллат ба дӯш гирифтааст. Розӣ будааст, ки агар дар ин роҳ лозим бишавад, ҷонашро бидиҳад. Ҳодисаҳои рухдодаи зиёде ин ҳақиқатро собит сохт: ба нуқтаҳои доғ рафт, мардумро ба оштӣ, сулҳу ваҳдат даъват кард, ба ҷонаш суиқасд ташкил намуданд. Ӯ аз ҳамаи имтиҳонҳои таърих бо сарбаландӣ гузашт, миллатрову давлатро аз вартаи ҳалок шудан баровард, наҷот дод. Кишварро ободу зебо гардонд. 
Дар зимн, аз қаҳрамонони собиқу содиқи миллат ёд овард, онҳоро қадрдонӣ намуда, ба мардуми кишвар ошно намуд. Таъкид дошт, ки аз зиндагиномаи онҳо дарси ибрат бигирем. То ба ӯ ҳеҷ кас ба ин қаҳрамонони асил, он гунае, ки бояд арҷ мегузошт, нагузошт ва аз зумраи чеҳраҳои мондагорашон нахонд. Ӯ худ дид ва дар худ санҷид, ки барои пойдории миллат, давлат зистану қаҳрамонӣ кардану ҷон додан осон нест. 
Воқеоту ҳодисоти аввалу охири асри рафта, яъне асри 20, бо ҳам хеле монанданд. Дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсиятҳои асил, дӯстдорони  ҳақиқии миллату давлат ошкор мешаванд. Танҳо ин гурӯҳ аз ҷон нисор кардан барои Ватан наметарсанд ва дар мақоми хеш доимо устувор мемонанд, ба ҳеҷ чизе фурӯхта намешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар ибтидои асри гузашта, аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳо маҳсуб мешуд. Дар ӯ неру, ҷасорат, дониш, маърифат ва муҳаббату садоқат ҷамъ омада буданд. Ӯ дар он рӯзгори пуртазоду пурихтилоф дигар хел ҳам буда наметавонист. 
Албатта, амалҳои гурӯҳҳои шахсони ғаразнок бо такя ба баъзе аз зимомдорони давр ба хотири аз миён бурдани адолати таърихӣ буд. Дар муқобили онҳо танҳо бо донишу ҷасорат ва мардонагӣ бояд мубориза бурда мешуд. Шириншоҳ Шоҳтемур наметавонист бо ин афрод бисозад ва шартҳои гузоштаву «ҳадияҳо» - и онҳоро бипазирад. Дар ҳақиқат, чӣ гуна метавонист манфиатҳои миллӣ, иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по бизанад? Худхоҳӣ ва манфиатҷӯӣ барои хештан, инчунин, хиёнат  ба давлату миллат хоси ҳеҷ қаҳрамоне асил набудааст ва буда ҳам наметавонад. 
Ӯ дар баробари дигар абармардон ба пуштибонии ин миллату давлат бархост ва, ҳамзамон, барои ҳифзи дигар шахсиятҳои асил, ки дар ин роҳ ҳатто аз ҷоннисорӣ наметарсиданд, тамоми тадбирҳои заруриро андешид. Бо таъсири ҷараёнҳои тундрави замона бархе аз шахсиятҳои маъруфи миллат аз худӣ ба бегона табдил шуданд. Шинохтани онҳо ва ошкори амалҳои хоинонаашону бо ин афрод мубориза бурдан низ бисёр мушкил буд. 
Дар умр ва сарварии бас кӯтоҳаш бо ҳамроҳии абармардоне чун худ тавонист ҳуқуқҳои таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя бикунад. 
Тавре зикр шуд, муборизаҳо дар он рӯзгор басо шадид сурат мегирифтанд. Ба таъсису фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рӯзномаву китобҳои дарсии тоҷикӣ зид мебаромаданд ва ба ҳар василаву баҳона монеаҳо ба вуҷуд меоварданд. Ин ҳақиқатро Шириншоҳ Шоҳтемур ба роҳбарияти вақти Ҳукумати шуравӣ дар номаи муфассалаш таҳти унвони «Дар бораи аҳволи маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон» равшан арзёбӣ мекунад. Бо ин муроҷиати ҷасуронааш, ҳамзамон, ислоҳи вазъро хоҳон мешавад. Бешак, ин амал барои душманони ӯ ва миллату давлат зарбае маҳсуб мешуд, инчунин, онҳоро водор месохт, ки бар зиддаш бибароянд. Бегумон, ин амали ӯ он маъноро надошт, ки муносибати байни миллату қавмҳо инкор бишавад. Баръакс, мехост, ки ҳақиқати таърихӣ поймол нагардад, фарҳангу анъана ва урфу одатҳову дӯстии қавму миллатҳо пойдор бошанд, аз миён нараванд. 
Маҳорати баланди ташкилотчигӣ, тарбияи мутахассисони маҳалливу дӯстдори миллату давлат будани ӯро  шахсиятҳои асили сиёсиву фарҳангӣ ёдовар шудаанду арҷ гузоштаанд. 
Ҳамин тавр, Шириншоҳ Шоҳтемур  дар оғози асри 20 барои эъмори давлати тоҷикон, фарҳанги он, таҳия  ва қабули Конститутсияву дигар қонунҳо, Нишони давлатӣ фаъолияти чашмрас дошт. 
Масъулияту ҷасораташ боис гардид, ки соли 1937 ба қатлаш бирасонанд. Пас аз 19 сол номи ӯро сафед карданд, аммо  аз кору пайкораш, тавре ки зарур аст, нагуфтанд, нанавиштанд. Қаҳрамони дигаре дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баробари додани  унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба ӯ дар борааш, аз ҷумла изҳор дошт: 
 - «Шириншоҳ Шоҳтемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллат ва меҳани худ маҳсуб мешавад.  Ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард. Ӯ аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумуи Ватанаш меболид… Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш тулуъ хоҳанд кард». 
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2021    №: 169    Мутолиа карданд: 1249
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед