logo

Хабарҳо

Байден: «Раҳбарони G7, СММ, НАТО, Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо «Толибон» аз як мавқеъ бархӯрд мекунанд»

ТАСС. Президенти Амрико Ҷо Байден иттилоъ дод, ки ӯ бо роҳбарони кишварҳои G7, намояндагони НАТО, СММ ва ИА вазъи Афғонистонро баррасӣ кардааст ва ҳама розӣ шудаанд, ки дар бораи ҳаракати радикалии «Толибон» бо мавқеи ягона амал кунанд.
«Субҳи имрӯз ман бо  ҳамтоёни G7, инчунин, бо роҳбарони СММ, НАТО ва ИА вохӯрдам» - гуфт ӯ. 
«Мо розӣ шудем, ки қонунӣ будани ҳар як ҳукумати ояндаи Афғонистон аз равише вобаста аст, ки ҳоло вай онро интихоб мекунад, аз нуқтаи назари иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, аз ҷумла нақшаи ҷиҳати монеъ  шудан ба он, ки Афғонистон ҳамчун пойгоҳи терроризм истифода шавад»- илова кард номбурда.  
«Мо, инчунин, ба мувофиқа расидем, ки ҳеҷ кадоме аз мо «Толибон» - ро ба гуфторашон қабул намекунад. Мо онҳоро аз рӯйи амалашон доварӣ хоҳем кард ва дар ҳамагуна қадамҳое, ки мо дар посух ба рафтори «Толибон» мекунем, дар ҳамоҳангии наздик боқӣ хоҳем монд»,- афзуд Байден.
 
 
Ноиби аввали президенти пешинаи Афғонистон мегӯяд, кишвар  диктатураи «Толибон» - ро қабул надорад
 
ТАСС. Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали президенти пешинаи Афғонистон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «India Today» изҳор намудааст, ки диктатураи ҳаракати «Толибон» аз ҷониби Афғонистон қабул нахоҳад шуд, кишвар намехоҳад ба «Толибистон» табдил ёбад.   
Вай иддаои “Толибон”- ро дар бораи ишғоли як қисми вилояти Панҷшер рад кард. Амруллоҳ Солеҳ гуфт: “Ин як дурӯғи комил аст, мо вазъро таҳти назорат  қарор додаем, руҳияи ҳимоятгарони Панҷшер хеле баланд аст. Мо барои музокироти созанда ва, инчунин, барои муқовимат дар сурати ноком шудани гуфтушунид омодаем".
 
Байден дастур дод, ки нақшаҳои эҳтимолии тағйироти эвакуатсия аз Афғонистонро таҳия созанд
 
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден ба маъмурияти худ дастур дод, ки дар сурати тағйироти эҳтимолӣ дар вақти кӯчондани одамон аз Афғонистон нақшаҳо таҳия кунанд. Дар ин бора дар як изҳороти  Қасри сафед гуфта мешавад.
Тавре ки аз ҳуҷҷат бармеояд, “Президент ба Пентагон ва Департаменти давлатӣ супориш дод, ки нақшаҳои таъҷилиро барои танзими муҳлат дар ҳолати зарурӣ таҳия кунанд”. Байден гуфт, ки ҳукуматдорони ИМА интизоранд амалиёти эвакуатсия аз Афғонистон тибқи нақша то 31 август ба анҷом расанд. Тавре котиби матбуоти Қасри сафед Ҷен Псаки дар поёни нишаст зикр намуд, Роҳбари Амрико таъкид кард, ки ИМА рисолати худро дар Афғонистон ҳангоми иҷрои ҳадафҳояш ба анҷом мерасонад.
“Ҳангоми мулоқот бо роҳбарони G7, Президент эълом дошт, ки мо ҳоло тибқи нақша амал карда истодаем, ки амалиётро то 31 август ба анҷом расонем”, - гуфта мешавад дар изҳороти хаттии Псаки.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 931
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед