logo

Хабарҳо

Навидҳои фарҳанг

ШИРИНБЕК - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ “JEONJU-2021”
Чанде пеш дар шаҳри Чонҷуи Ҷумҳурии Корея ғолибони Озмуни байналмилалии “Чонҷу - 2021” (“Jeonju International Awards for Promoting Intangible Cultural Heritage, 2021”) дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ эълон гардиданд. Яке аз ғолибони озмун зодаи Тоҷикистон Ширинбек Давлатмамадов мебошад.
Аз байни 44 довталаб, ки 29 кишварро намояндагӣ мекарданд, пирӯз шудани ҳамдиёри мо боиси ифтихор аст.
Ширинбек Давлатмамадов ҷарроҳ, табиби мардумӣ, роҳбари созмони "Гулу гиёҳ" буда, давоми 50 соли фаъолияти хеш ҳазорон маризро шифо бахшида, дар бораи гиёҳҳо ва чашмаҳои шифобахши Бадахшон китобҳои арзишмандеро таълиф намудааст.
 
 
ЗАНОН ВА ИСТИҚЛОЛ.  ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи "Занон ва истиқлол" баргузор гардид.
Дар кори он занони фаъоли ҷумҳурӣ, инчунин, қишри муҳими роҳбарикунандаи мамлакат раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Сухангӯён таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ ба занон ҳуқуқу озодӣ ва имкониятҳои васеи фаъолият фароҳам овард. Бонувони сарфарози тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо фаъол гардида, дар муаррифии кишварамон саҳми шоиста гирифтанд.
 
 
МУҶАССАМАИ МУБОРАКШО  ДАР РӮШОН
19 августи соли ҷорӣ ба ифтихори шастумин солгарди овозхони тоҷик Муборакшо Мирзошоев дар боғи марказии шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон пайкараи ӯ қомат афрохт.
Дар ифтитоҳи муҷассама устодону дӯстон, мухлисон ва пайвандони Муборакшо ширкат варзиданд. Сарояндаҳои шинохтаи тоҷик Далер Назаров, Нобовар Чаноров ва Далер Султонов аз вижагиҳои ҳунари мавсуф сухан гуфта, таъкид карданд, ки сурудҳои таъсирбахшу садои форами Муборакшо фаромӯш намешавад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед