Хабарҳо
“МЕРОСИ ХАТТӢ – БОЗГӮЙИ ОСОРИ НИЁГОН”
Таҳти ҳамин унвон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса намоиши ихтисосӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади муаррифӣ ва арҷгузорӣ ба мероси хаттии тоҷикон ташкил гардидааст.
- Хушбахтона, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар кишвари азизамон ҷамъоварии мероси хаттӣ ва оммавигардонии он ба ҳукми анъана даромада, ин осори гаронбаҳои ниёгонамон дар ихтиёри оммаи васеи хонандагон қарор гирифтааст, - гуфт дар ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода.
Дарвоқеъ, мероси хаттии ҳар миллат ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи он нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Аз ин рӯ, дар намоиши мазкур аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 120 намунаи гуногуни китобҳои нодири дастнавис ва чопи сангӣ, ки фарогири мавзуъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамзамон, 20 васиқаи таърихӣ (санадҳо оид ба харидуфурӯши замин), 11 лавҳаи гуногуни ҳунари хушнависӣ, 4 сӯзании катибадор ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг, китобдориву китобсозӣ ва ҳунарҳои хаттотӣ, хушнависӣ ва саҳифабандиву муқовасозии ниёгони мо мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Мероси хаттии тоҷикон дар баробари муаррифгари бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик будан, инчунин, инъикосгари забон, хат ва ҳунари волои китобдории тоҷикон мебошад, ки то имрӯз намунаҳои гуногуни он мондааст.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 995