logo

Хабарҳо

«Эмомалӣ Раҳмон - яке аз бунёдгузорони СҲШ»

Таҳти ин ном бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 август дар Китобхонаи миллӣ баргузории конфронси илмӣ-назариявӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимони маъруф ва коршиносони соҳа дар назар аст.
Конфронс дар чаҳорчӯбаи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, якҷо бо Академияи миллии илмҳо, Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи миллӣ доир мешавад.
Ҳадаф бозтоби нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯбаи созмони мазкур мебошад.
 
 
 
«Нақши Парламент дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Зери ҳамин унвон бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки сӣ сол қабл - 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатӣ дар асоси Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ҳуқуқи халқҳои аъзои ИҶШС ба худмуайянкунӣ, бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибистиқлол эълон намуда, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард.
 
 
 
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии директори минтақавии бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфт. 
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд. Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор аҳолии ноҳияи Сино аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшоӣ  кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад.
Дар  ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.
 
 
 
Масъалаи таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин мулоқот кард. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
 
 
 
Фарогирии беш аз 1 миллиону 891 ҳазор нафар бо ваксина
То 23 август дар  ҷумҳурӣ 1 миллиону 891 ҳазору 850 шаҳрванд ба ваксинаи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуд. 
Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар қабул кард, - иттилоъ медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҳукумати кишвар аз давраи хуруҷи бемории коронавирус ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз бемории мазкур 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина ворид намуд ва ин иқдом идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед