logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАҲДУМ ШОҲ МАҲМУД ҚУРЕЙШӢ

25 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро ба Тоҷикистон, муҳокима карданд.
Дар рафти гуфтугӯ, ҳамчунин, ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гашт.
Имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз ҳудуди он имрӯз дар остонаи фоҷиаи гуманитарӣ қарор дорад. Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст.
Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки «Толибон» аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.
Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, қатъиян маҳкум менамояд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони  ҷабрдида  ва  ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шаванд.
Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳар чи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
Баъдан, сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар, муайян карда шавад.
Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.
Таъкид гардид, ки тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳар чи тезтар муътадил гардондани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ бинад.
Беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳар чи зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи  кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2021    №: 170    Мутолиа карданд: 4528
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед