logo

сиёсат

МАҲДУМ ШОҲ МАҲМУД ҚУРЕЙШӢ: "ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ҶАНОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАНФИАТИ КОР ХОҲАД БУД"

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хос доранд. Ман бо супориши вижаи ҷаноби Сарвазир ба Тоҷикистон омадам, то мавқеи Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар мавриди ба эътидол овардани вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯшан созам. Зеро вазъи имрӯзаи Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ расонад.
 
Ин матлабро Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон, баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Номбурда натиҷаҳои мулоқоташ бо Сарвари давлати моро самараноку судманд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон истифода аз таҷрибаи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ин рӯ, ман тавсияҳои судманди ҷаноби Президентро гирифтам, ҳамзамон, нигарониҳояшонро ба ҷониби Покистон хоҳам расонд.    
- Бо назардошти таъсири вазъи Афғонистон ба кишварҳои минтақа, ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор бояд сари мизи гуфтугӯ нишинанд ва тарҳи ояндаи таъмини сулҳу субот, ҳалли мушкилоти сиёсиву амниятии ин кишварро баррасӣ намоянд. Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷонибдори таъсиси Ҳукумати фарогири инклюзивие дар Афғонистон аст, ки намояндагони ҳамаи қавмҳо тавонанд дар он иштироки фаъол дошта бошанд. Зеро дар Афғонистон ақаллиятҳои миллии гуногун зиндагӣ мекунанд, ки ҳар кадомашон дорои манфиатҳои худ ҳастанд, - иброз дошт Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2021    №: 170    Мутолиа карданд: 600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед