logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ "Алюмин Проф", гузоштани санги асоси марҳилаи дуюми корхона ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ 
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Алюмин Проф"- ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузоштанд.
Зимни боздид аз корхонаи азими "Алюмин Проф" гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ барорад. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овехтани парда ва боз чандин номгӯйи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Ин номгӯйи маҳсулот асосан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешаванд ва бо фаъол гардидани "Алюмин Проф" имкон фароҳам меояд, ки талаботи бозори дохилӣ бо чунин навъи маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ қонеъ карда шавад. Бо ин роҳ нархи ин маҳсулот низ коҳиш меёбад.
Маҳсулоти ниҳоии корхона, ҳамчунин, таъиноти содиротӣ дошта, дар марҳилаи аввал аз рӯи нақша ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда мешаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолии корхонаи навтаъсис аз наздик шинос шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулони корхона дастур доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Алюмин Проф" аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба амалишавии "Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025" мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар доираи ин барнома дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи "Алюмин Проф" расман оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, ба ҳамин васила ҳам ҳаҷми истеҳсолот ва ҳам ҷойҳои кории доимӣ зиёд карда мешаванд.
Баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмуъ, коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар гардида, шумораи кормандони ҷамъият аз 60 нафар ба 200 нафар хоҳад расид. Инчунин, истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешаванд, роҳандозӣ гашта, дар он низ хатҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб мегарданд.
Дар саҳни корхонаи навтаъсис намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ 10 корхонаи шаҳр гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил карда, аз рушду равнақи соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои соҳа ҳамасола рӯ ба тараққӣ дошта, ҳиссаи бахши саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилии шаҳр ба тарзи чашмрас зиёд мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 422 миллиону 182,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 8,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар намоиш корхонаҳои саноати алюминий ва маҳсулоти алюминӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, қуттиҳои гуногун барои маҳсулот ва хӯроквориро, ки айни замон дар шаҳр истеҳсол мегарданд, ба маърази дид гузоштанд.
Зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ, саноатчиёни шаҳри Турсунзода ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба рушди бахши саноат, фароҳам сохтани имтиёзҳои гуногун ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.
 
Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода» мавриди истифода қарор гирифт
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд.
Муассиса аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов бунёд ёфт.
Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расонданд.
Бинои таълимӣ аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 - 2040 дар асоси роҳнамоиҳои Сарвари маорифпарвари мамлакат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, дар он барои хонандагони болаёқат муосиртарин шароит муҳайё карда шудааст.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагону наврасон ба солимгардонӣ майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст. Масоҳати иншооти варзишӣ 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулиятҳо бо хонандагон хеле мувофиқ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии ин даргоҳи маърифат ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамоварда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.
 
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода»
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии «Мактаби кӯдаконаи санъат»-ро мавриди истифода қарор доданд.
 
Бинои нави муассиса дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашт.
Иншооти нави сеошёнаи фарҳангӣ-маърифатӣ аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозхонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хурди консертӣ, китобхона ва 3 ҳуҷраи маъмурият иборат мебошад.
Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расондааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгашта бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омӯзиши нозукиҳои санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардидааст.
 Омӯзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода» соли 1961 таъсис ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мувофиқ карда шудааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушду густариши фарҳанги миллӣ биноҳои нави таълимию корӣ дар ин соҳа бунёд гардида, пояҳои санъати миллӣ устувору беҳтар ва арзишҳои хоси давлатдории тоҷикон эҳё карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзодаро дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода – армуғони идона
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи фарҳангу фароғатӣ дар масоҳати умумии 3,6 гектар, аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Фармоишгари иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни шаҳр зебоии хосса зам кардааст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.
Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудаанд. Бо мақсади таъмини сабзиш ва нашъунамои дарахтон ва гулу буттаҳо боғ обёрӣ гардидааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои боғи фарҳангӣ сафолакпӯшанд. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гаштаанд, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Турсунзода дар ин макон истироҳат менамоянд.
Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладин» бо ҷойгир намудани 12 атраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгиранд. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холии худро босамар истифода бурда, ба варзиш машғул шаванд ва аз дигар имкониятҳои боғ пурсамар истифода баранд. Инчунин, дар ин ҷо лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд.
Дар дохили боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода амфитеатр низ сохта шудааст. Амфитеатр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сифати баланд бунёд гардида, барои баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ шароити созгор муҳайё гаштааст. Дар асоси лоиҳа амфитеатр дорои қариб 700 ҷойи нишаст буда, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудаанд. Масоҳати умумии он 3 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи амфитеатр сабзу хуррам гардонда шуда, ба макони зебою дилписанди сокинон табдил ёфтааст.
Пас аз бунёди боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода бо ҷойгир намудани қасри шоҳмот, амфитеатр ва дигар иншооти варзишию солимгардонӣ ва насби атраксионҳои нави кӯдакона сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғатро пайдо карданд. Аҳолии шаҳр ҳамаи пешравӣ ва муҳайё сохтани зиндагии шоистаро, ки дар заминаи такмили инфрасохтори шаҳр ба миён омадаанд, натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2021    №: 170    Мутолиа карданд: 3128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед