logo

иҷтимоиёт

ИСЛОҲОТ ДАР СОҲАИ ОБ - ГУЗАРИШ БА ШАКЛҲОИ НАВИ ИДОРА

Барномаи ислоҳоти соҳаи об  барои солҳои 2016 - 2025 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 қабул шуда буд. Дар барнома ҳадафҳо, вазифаҳо, усулҳо ва принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об муайян  гардидаанд. Мақсад аз таҳияи он таъмини кафолатнокии об барои ҳамаи обистеъмолкунандагон ва ноил шудан ба идоракунии самараноки захираҳои об ва аз ҷиҳати экологӣ устувор мебошад. Тибқи барнома ниёзҳои ҳамаи истифодабарандагони об дар идоракунӣ ва тақсими захираҳои об бояд ба эътибор гирифта шаванд. Ҳамаи ин чораҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат мекунад. Инчунин, функсияҳои сиёсати об ва танзими он аз фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ ҷудо мегардад. Барномаи ислоҳоти соҳаи об ба тамоми зерсохторҳое, ки ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи об ва истифодаи он марбутанд, алоқаманд аст. Мақсад аз ислоҳоти соҳаи об гузоштани замина барои ғайримутамарказонидани системаи идоракунӣ  мебошад.  Ҳамчунин, як қисми корҳои хизматрасонӣ ва масъулият байни вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ  тақсим мешаванд. 
 
МУТОБИҚСОЗИИ  ИДОРАИ ОБ БА ШАРОИТИ НАВИ ИҚТИСОДӢ
Тоҷикистон дар  марҳилаи гузариш ба бозори иқтисодӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мутобиқсозии идоракунии об ба шароити нави иқтисодӣ низ талаботи замон аст. Масъалаҳои пӯшондани хароҷоти истифодаву нигоҳдории об тибқи шартнома бояд сурат бигирад. Баланд бардоштани самаранокии сохторҳои давлатии масъули идоракунии об ва таъмини тақсими меъёрии об байни истифодабарандагон мувофиқи шартномаҳои басташуда, амалӣ гардондани барномаро  метезонад. 
Ҳамчунин, дар амалигардонии саривақтии  барномаи ислоҳоти соҳаи об, ҷорӣ намудани  идораи ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО) мусоидат мекунад. Тибқи барнома дар идоракунии ИҲЗО бояд ба масъалаҳои аҳамияти муҳими гидроэнергетика, пардохти ҳаққи хизматрасонии об, пешгирии коҳиши оби зеризаминӣ, таваҷҷуҳ бояд кард. Аҳамияти дастрасӣ ба оби обёрӣ, гузариш ба принсипҳои идоракунии ҳавзавӣ, иштироки фаъолона  дар соҳаҳои гуногуни об масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амаликунандаи асосии ислоҳоти соҳаи об ва ҷорӣ намудани ИҲЗО мебошад. Ислоҳоти соҳаи об гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории ҷориро низ талаб менамояд. 
 
МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА
Ислоҳот дар  соҳаи об  дар шароити кунунӣ кори саҳл нест. Аз ин рӯ, барои татбиқи барнома чанд марҳиларо бояд гузашт. Қадами  аввал дар ин самт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсиси Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Агентии мелиоратсия ва обёрӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   буд. Аллакай дар амалишавии барнома натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасанд.  Ин, пеш аз ҳама, барқарорсозии инфрасохтор мебошад. Дар соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия ҳоло 12 лоиҳа бо арзиши умумии 232 миллион доллар амалӣ  шуда истодааст. Тақрибан 80% ин маблағ барои барқарорсозӣ ва сохтмони инфрасохтор равона шудааст.  Инчунин, дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ, бахусус ҳифзи соҳилҳо, айни замон  дар 5 лоиҳа бо арзиши умумии 149 миллион доллари амрикоӣ корҳо идома доранд. 
 
НАТИҶА
Барои амалӣ гаштани ҳар барнома заминаҳои ҳуқуқӣ нақши калон мебозанд. Аз ин рӯ,  Кодекси нави оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» қабул шуданд. Мутобиқи онҳо 11 санади меъёрии ҳуқуқии танзими ҷанбаҳои гуногуни соҳаи об қабул гардид. Тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз 10 санади зерқонунии муҳим дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об” низ дар таҳрири нав қабул гардид. Он, дар навбати аввал,  таъмини истифода ва нигоҳдории шабакаҳои обёриро барои манфиатҳои ҷамъиятӣ ба танзим медарорад.
Лоиҳаи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва ба Ҳукумат мувофиқа шудааст. Лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба  идоракунии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ, Кофарниҳон ва Исфара таҳия гардидаанд. Лоиҳаи “Барномаи барқарорсозии системаҳо ва таҷҳизоти обтаъминкунии саноатӣ бо ҳисобкунакҳои обии онҳо” таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав фиристода шудааст.  Лоиҳаи “Усули ҳисобкунии тарифҳо барои хизматрасонӣ, обрасонӣ ва обпартоӣ” низ омода аст.
Баҳри рушди институтсионалӣ низ аллакай як қатор  корҳо иҷро гардидаанд.  Аз ҷумла, минтақаҳои ҳавзавӣ муайян шуда, дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои об 5 ташкилоти ҳавзаи дарёҳо таъсис ёфтааст. Дар минтақаҳои ҳавзавии Сирдарё, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон чор муколамаи ҳавзавӣ оид ба IWRM ташкил гаштаанд.  Айни замон раванди шурои ҳавзавии дарё дар ин минтақаҳои  ҳавзавӣ оғоз гардидаанд. Аллакай дар минтақаи ҳавзавии Сирдарё  шурои ҳавзавии Сирдарё таъсис дода шудааст. Корҳо барои таҳияи лоиҳаи “Барномаи обтаъминкунӣ ва рафъҳои обҳои партов  барои давраи то соли 2030 ва такмили сохтори идоракунӣ дар бахши обтаъминкунӣ ва корез” низ  оғоз ёфтааст.
Қадами дигар барои амалигардонии саривақтии барнома  ин таҳияи Консепсияи ташкили системаи миллии иттилоотии об мебошад. Дар баробари ин методологияи рамзгузории иншооти об барномаҳои "Кадастри давлатии об", "Тавозуни об", "Махзани маълумоти обёрӣ" омода шуданд, ки онҳо ҷузъи асосии системаи силсилавии иттилоотии об мебошанд.
 
САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ  БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ
Иҷрои саривақтии Барнома  аз сафарбар намудани саъю кӯшиши ҳамаи ҷонибҳои  масъул ва шарикони рушд  вобаста аст. Баҳри амалигардонии Барномаи ислоҳоти соҳаи об, дар баробари маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дастгирии молиявии шарикони рушд ва сармоягузорони дохилию байналмилалӣ саривақтӣ мебошад. Шарикони асосии рушди Тоҷикистон дар ин самт Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Ташкилоти рушд ва ҳамкории Швейтсария, Иттиҳоди Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва  Барномаи рушди СММ  мебошанд. Умед аст, ки дар амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об шарикони рушд иштироки фаъолонаи худро  идома медиҳанд
 
ҚАДАМҲОИ МИНБАЪДА ДАР ТАТБИҚИ БАРНОМА
Барои сари вақт амалӣ намудани  Барнома қабули як қатор барномаҳо зарур аст. Таҳия ва қабули Барномаи «Рушди мелиоратсия ва обёрӣ дар давраи то соли 2030» ва  таҳия ва қабули Барномаи «Таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2030» қадамҳои минбаъда барои ислоҳоти соҳаи об мебошанд. Баланд бардоштани қобилияти кормандони соҳа ва истифодабарандагон барои самаранок истифода бурдани захираҳои об  низ лозим аст.
Барои анҷом додани раванди ислоҳот ва бартараф кардани камбудиҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 боз қабули барномаҳои махсус  метавонанд зарур шаванд. 
 
Сурайё ШУҶОАТ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2021    №: 170    Мутолиа карданд: 561
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед