logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо Си Ҷинпин

 
INTERFAX.RU. Хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад, ки  Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вазъи Афғонистонро баррасӣ кард.
«Масъалаи Афғонистон ҳамаҷониба баррасӣ  гардид. Омодагӣ барои тақвияти талошҳо барои мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддири  аз  ҳудуди Афғонистон бароянда изҳор карда шуд. Муҳимияти ҳар чи зудтар дар ин кишвар барқарор  намудани сулҳ ва пешгирии паҳншавии бесуботӣ ба минтақаҳои   ҳамҷавор таъкид  гашт.   
Ҳадаф он аст, ки иқтидори Созмони ҳамкории Шанхай ба таври  комил истифода шавад", - гуфта мешавад дар хабари дафтари матбуот.
 
 
Вирусшинос вақти пайдоиши дору бар зидди ҳама штаммҳои COVID-19-ро гуфт
Лента.ру. Доруе, ки имконияти муҳофизат намудан аз ҳама штаммҳои COVID -19 – ро  дорад, метавонад дар шаш моҳ ё як сол пайдо шавад. Чунин  суханонро вирусшинос, доктори илмҳои биологӣ Александр Шестопалов дар  шабакаи радиоии "Радиои 1"   иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ,  потани (антитела) универсалиро, ки метавонад организмро аз ҳама вариантҳои COVID-19 муҳофизат  намояд, дар як муддати кӯтоҳ сохтан мумкин аст. «Офарин ба олимони амрикоӣ.  Аммо  ҳамтоёни руси онҳо, аз ҷумла олимони Пажӯҳишгоҳи ситология ва генетикаи филиали сибирии Академияи илмҳо низ бо сохтани чунин  потан бомуваффақият кор мекунанд”, - хулоса намуд вирусшинос.
Ба гуфтаи Шестопалов, ин гуна мавод доруе хоҳад шуд  онро  бояд  шахси  ба бемории коронавирус  гирифторшуда истеъмол намояд.
 
 
ХФБ 31 узви созмони террористии "Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод"-ро боздошт кард
ТАСС. "Хадамоти федералии бехатарӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Россия дар доираи амалиёти махсус дар Маскав, Новосибирск,  Ёқутистон, Красноярск, деҳаи Прокудскоеи вилояти Новосибирск фаъолияти сохтори байниминтақавии созмони террористии "Катиба Тавҳид вал - Ҷиҳод"-ро қатъ кард. 
31 нафар аз роҳбарон ва  аъзои он боздошт шуданд», - таъкид  намуданд дар Маркази робита бо ҷомеа.
 
 
Мухолифони «Толибон» дар Панҷшер намехоҳанд муқовиматро қатъ намоянд
INTERFAX.RU. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд итминон дод, ки ҷангиёни ӯ муқовимат ба  ҳаракати «Толибон»-ро (мамнуъ дар Россия) қатъ карданӣ нестанд. Вай дар мусоҳиба бо Paris Match гуфт: "Мо набардро хотима доданӣ нестем.  
Дар Панҷшер ҳама чиз  акнун оғоз мешавад. Дар ин ҷо сухан  дар бораи таслим шудан  нест», - афзуд Масъуд. Вай изҳороти «Толибон»-ро дар бораи он ки гӯё мухолифонро дар дараи Панҷшер иҳота кардаанд, маълумоти бардурӯғ номидааст. Масъуд имкони музокира бо «Толибон»-ро истисно накард. "Гуфтушунид имконпазир аст. Дар давоми ҳама ҷангҳо музокирот  баргузор мешаванд. Бо вуҷуди ин, таслимшавӣ тамоман чизи дигар аст. Ва такрор мекунам: на ман ва на фармондеҳони таҳти фармони ман таслим намешаванд", - таъкид кард ӯ.
 
 
Отрядҳои  мухолифи “Толибон” аз Бағлон ба Панҷшер равона шуданд
ТАСС. Отрядҳои муқовимат бо ҳаракати радикалии “Толибон” (дар   Россия мамнуъ),  ки ҳукуматро дар Афғонистон  забт кардаанд, аз шимоли вилояти Бағлон ба минтақаи Панҷшер, ки неруҳои зидди “Толибон” таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд он ҷо  ҷамъ шудаанд, равона гардиданд. Бино ба иттилои як манбаи ТАСС, дар Бағлон, шоми чоршанбе "тақрибан садҳо ҷанговарон" ба Панҷшер ҳаракат карданд.
"Бале, отряд-ҳои ҷангиён аз минтақаи мо, воқеан, барои кумак ба мардуми Панҷшер рафтаанд. Онҳо ба ҳама гуна неру, ба ҳар ҳизбе, ки ба “Толибон” дар кишвари мо мухолифанд, ҳамроҳ мешаванд", - гуфт  ҳамсуҳбати  агентӣ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 950
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед