logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

Пирӯзии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар даври 17-ум
24 – 25 август бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба  футбол  миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. Садрнишини ҷадвали чемпионат – «Истиқлол» бо натиҷаи калони 5:0 бар дастаи «Душанбе» ғолиб омад, - хабар доданд аз ЛФТ.
Дар бозии дигар тими «Хуҷанд» дар майдонаш ба дарвозаи дастаи «Хатлон» ду голи беҷавоб зад. 
Вохӯрӣ миёни «Файзканд» ва «Равшан» мусовӣ (0:0) ба анҷом  расид. 
Натиҷаи  ду  рақобати  дигар:  «Истаравшан»  –  «Кӯктош» – 2:2 ва «Эсхата» – КМВА – 1:2.  
 
 
БАДМИНТОН
Варзишгарони Хатлон мақоми аввалро гирифтанд
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни наврасон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон доир шуд. 
Тибқи иттилои масъулони мусобиқа, бадминтонбозони вилояти Хатлон маҳорати баланд нишон дода, мақоми аввалро касб карданд.
Варзишгарони ВМКБ ва вилояти Суғд мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро гирифтанд. 
 
 
БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПИИ ТОКИО – 2020  
Кӣ нахустин медалро ба даст овард?
XVI Бозиҳои паралимпӣ 24 август расман дар Токио (Ҷопон) ифтитоҳ гардид. Аввалин медали тиллои ин мусобиқоти бонуфузро Пейҷ Греко (Австралия) дар риштаи велосипедронӣ ба масофаи 3000 метр соҳиб шуд. Мақомҳои дуюму сеюмро Ванг Сяомэй (Чин) ва Дениз Шиндлер (Олмон) ба даст оварданд. 
Бояд гуфт, ки Паралимпиада то 5 сентябр идома ёфта, беш аз чор ҳазор варзишгар барои 539 маҷмуи медалҳо дар 22 намуди варзиш рақобат хоҳад кард.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 939
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед