logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ

26 август бо ташаббуси Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба ҷаноби Шарл Мишел барои ташаббуси баррасии мушкилоти Афғонистон изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар ин кишварро зикр карданд.
Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки бинобар хуруҷи босуръати неруҳои эътилофи байналмилалӣ, Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тулонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад.
Аз эҳтимоли дар минбаъда ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил ёфтани қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ гардид.
Бо таассуф зикр шуд, ки "Толибон", сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад, - гуфтанд Президенти Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин, ӯзбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард, - зикр намуданд дар ин маврид Сарвари давлати мо.
Дар ин замина аҳамияти таъсиси ҳар чи зудтари ҳукумати фарогир таъкид шуд.
Инчунин, дар бораи пурзӯр кардани расондани кумаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо буҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ибрози андеша карда шуд.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон мавриди назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо мавқеи якдигарро оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ҷонибдорӣ намуданд.
Дар бораи идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба мушкилоти Афғонистон ва масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мувофиқа ҳосил шуд.
Дар фарҷоми суҳбат Шарл Мишел аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, ҷиҳати анҷом додани сафар ба Брюссел дар моҳи октябри соли равон даъват ба амал овард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2021    №: 171    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед