logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАИ  ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ҒАЙРАТ-2020» 
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии "Ғайрат-2020" дидан намуданд.
Гармхонаи доимамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,54 гектар сохта шудааст. Дар гармхона ду навъи помидор - "Замира" ва "Муалла", ду навъи бодиринг - "Орзу" ва "Ғайрат" нашъунамои хуб доранд. Ҳосили интизории помидорро деҳқонон 600 сентнер ва бодирингро аз 400 то 500 сентнер пешбинӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосили гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардида, беш аз се моҳ идома меёбад.
Обёрии зироат дар иншооти замонавӣ ба тариқи қатрагист. Технологияи обёрии қатрагӣ ба таври автоматӣ кор мекунад ва муҳлат, ҳаҷми об дар ҷӯяк тавассути компютер идора мешавад. Ин низом, ки мутамарказ мебошад, аз чанд ҷониб ба манфиат аст. Аз як тараф, об ва аз тарафи дигар, неруи барқ сарфа мегардад. Барои обёрии зироат дар гармхона соҳибкор чоҳи амудӣ сохтааст.
Бо бунёд гардидани гармхонаи замонавӣ дар шаҳри Турсунзода 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз чанд нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳосили аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии "Ғайрат-2020" бадастомада, асосан, дар бозори дохили мамлакат, аз ҷумла бозорҳои шаҳри Душанбе, ба фурӯш гузошта мешавад ва хоҷагидорон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ низ сабзавотро содир намоянд.
Дар гӯшаи дигари ҳудуди гармхона занону духтарони ҳунарманди шаҳри Турсунзода санбӯса, кулча, чапотӣ ва дигар намуд маҳсулоти нонӣ омода намуда, ба маъраз гузоштанд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари бунёди гармхона, ҳамчунин, соҳибкор беш аз 2 километр роҳи деҳаи Ғайратро асфалтпӯш намудааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ  УМУМИИ РАҚАМИ 49 ДАР ДЕҲОТИ ҶӮРА РАҲМОНОВ
26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-умро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот сеошёна буда, дар арафаи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардида, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона,  ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебост.
Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.
Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буд. Дар мактаби куҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуданд.
Дар ин росто, ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия, омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто, ояндасозони Ватан низ дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба омӯзиши илмҳои замон низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
 
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ  ДЕҲҚОНИИ АНГУРПАРВАРИИ  "БОҒИ СОМОН" 
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосил шинос шуданд. 
Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.
Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла “Ҳусайнии сиёҳ ва сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед” «Президент», ки, асосан, навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш меёбанд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагиро Маҳмадамин Камолов - писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, ба уҳда дорад.
Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо мегузорад. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, то имрӯз беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Ангур дорои сифати баланд ва таъми лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содирот мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карданд ва имсол низ нақша доранд, ки наздики 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон дар намоишгоҳ шинос шуданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳо охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гаштанд. Ҳамчунин, аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки заҳматкашони шаҳри Турсунзода дар самти токпарварӣ ва истеҳсоли ангур мактаби махсус ва таҷрибаи бой доранд. Бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо ангури баландсифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дар хоҷагӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар сардхонаи мазкур зиёда аз 1000 тонна маҳсулот, аз ҷумла ангур, нигоҳдорӣ мешавад. Ба ин восита хоҷагидорон метавонанд, қариб дар ҳамаи фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.
Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпарварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромадҳои софи худ иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шеърозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб 3 километр роҳи ҳудуди деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб 2 километр роҳ асфалтпӯш шуд.
Дар хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона гаштааст. Айни ҳол зиёда аз 5200 сар гӯсфанд парвариш мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
 
ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ АНГУРПАРВАРИИ  “ҲОҶӢ НЕЪМАТ” БОИСИ ТАҲСИН АСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” боздид намуданд. 
Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин 100 гектараш токзор мебошад. Дар хоҷагӣ 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан, ангури навъҳои «Шоҳона», «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд.
Соли дуюм аст, ки дар хоҷагӣ парвариши ангури навъи «Президент» ба роҳ монда шудааст, ки ҳосилнокии баланд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муассиси Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад ва ҳоло роҳбарии хоҷагиро писари ӯ Расул Неъматов ба уҳда дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва усулҳои санҷидашудаи парвариши ток ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии  “Ҳоҷӣ Неъмат” аз боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хӯшаҳои сербори токҳо аён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон мебошад. Ба иттилои мутахассисон, аз 1 гектар боғ аз 30 то 40 тонна ангур рӯёндан мумкин.
Яке аз самтҳои дигари фаъоляти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши беш аз 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, парварда мешаванд.
Бо назардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагии мазкур машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳамасола ташкил ва баргузор шаванд. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ бамаротиб зиёд гашта, содироти он ба хориҷи кишвар бештар гардад.
Ҳамчунин, дар беш аз 1,5 гектар замини хоҷагӣ кишту парвариши сабзавоту полизӣ ба роҳ монда шуда, ҳар қитъа замин босамар истифода мегардад. 
Самти дигари фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ мебошад. Онҳо 2000 сар гӯсфанд мепарваранд. Барои таъмини чорво бо ғизо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ ҷуворимакка ва юнучқа кишту ҷамъоварӣ шуда, чорвои майда дар ҳама фасли сол бо хӯроки хушсифат таъмин аст. Ҳудуди хоҷагӣ ба масофаи зиёда аз 5 километр роҳ асфалтпӯш шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби хоҷагии мазкур қариб 500 тонна ангур ба хориҷи кишвар содирот шудааст ва ин раванд бомаром идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, иқтидори ғунҷоиши он 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.
Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарони Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб низ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии “Эҳсони Сомониён” таъсис ёфта, сарпарастии 50 нафар шахси ниёзмандро ба зимма дорад. Инчунин, хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳмгузор аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарони хоҷагӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2021    №: 171    Мутолиа карданд: 3411
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед