logo

Хабарҳо

НОВОСИБИРСК

Намоиши филмҳои тоҷикӣ
Аз 23 то 26 августи соли ҷорӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони фарҳанги шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия филмҳои ҳунарии «Тоҷикфилм»-ро дар ҳама муассисаҳои фарҳангӣ ба намоиш гузоштанд.
Дар ин муддат филмҳои «Қисмати шоир», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Оинаи беҷило» ва «Духтарак аз «Суғдиёна» намоиш дода шуданд. Ин иқдом аз тарафи маркази фарҳангиву фароғатии «Победа» ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск роҳандозӣ шуд.
 
 
"ҚОНУНИ ТИБ" ЧОП ШУД
Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик орзуи деринаи миллати моро ҷомаи амал пӯшонд ва китоби ҳазорсолаи шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб"- ро бо сатҳу сифати баланд аз чоп баровард.
Ин китоби бошукӯҳ, ки то аввали асри ХVI дастурамали тибби ҷаҳонӣ буд, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шуда, армуғони арзанда барои доираҳои илмиву тиббии мамлакат дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гардид.
 
 
«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД»-РО  БА КРАСНОДАР МЕБАРАНД
Филми нави ҳунарии «Охирин сайди сайёд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки аз рӯйи асари адиби шинохта Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи экран омад, дар озмуни филмҳои ҳунарии ХХХ Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» иштирок мекунад. 
Фестивал дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Россия аз 25 сентябр то 2 октябри соли 2021 сурат мегирад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед