logo

Хабарҳо

ҲУҚУҚИ ИНСОН. РУШД ВА ТАЪМИНИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «30 соли рушди ҳуқуқи инсон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.   
 
Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Воқеан, даврони соҳибистиқлоли ба мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. 
- Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, адолати иҷтимоӣ асос гузоштааст. Дар Конститутсия таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардида, рушду ҳимояи онҳо аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият чун вазифаи муқаддаси давлатӣ шинохта шудааст, - гуфт Умед Бобозода.  
Зикр гашт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди байналмилалӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро пазируфта, ба конвенсияҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, занон, кӯдакон ҳамроҳ гашта, уҳдадориҳои худро дар заминаи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра иҷро менамояд.
Дар идомаи конфронс Фирӯз Орзузода, муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлудахон Зайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Пратибҳа Меҳта, роҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Осама Маккавӣ, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Мэрилин Йосефен, сафир, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ карданд.  
 
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед