logo

Хабарҳо

Аз таркишҳо дар Кобул беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид

 
Известия. Дар натиҷаи таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул  103 нафар кушта шуд, - хабар додааст нашрияи The Wall Street Journal.
Дар миёни кушташудагон 90 афғон ва 13 сарбози амрикоӣ ҳастанд.
Таркиши аввал дар пойтахти Афғонистон 26 август дар даромадгоҳи фурудгоҳ ва дуюм  дар назди меҳмонхонаи «Барон» ба амал омад. Расонаҳо дар бораи дар таркиши аввал даст доштани як  террористи маргталаби ДИ (созмони террористии "Давлати исломӣ", ки дар Федератсияи Россия мамнуъ аст) хабар доданд.
Таркиши дуюм дар натиҷаи таркондани як мошини минадор рух дод. Пас аз он дар Кобул таркиши сеюм ба амал омад.
Илова бар ин, то бегоҳ дар Кобул боз ду таркиши нав рух дод. Баъдтар,  ҳукуматдорони нави пойтахти Афғонистон гуфтанд, ки онҳоро  Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА барои нобуд кардани таҷҳизоти худ  ба вуҷуд овардаанд.
Толибон дар Кобул рӯзноманигор ва наворбардорро лату кӯб карданд
Лента.ру. Зиёр Яад, хабарнигори шабакаи телевизионии Tolo News, гуфт, ки ҷангиёни ҳаракати радикалии «Толибон» ӯ ва наворбардор Баёз Маҷидиро дар Кобул заданд.   
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки рӯзноманигор ва наворбардор гузоришеро дар бораи афзоиши бекорон дар пойтахти Афғонистон ба навор мегирифтанд. «Толибон ба мо наздик шуданд ва бидуни пурсиш, ки мо кистем, ғавғо бардоштанд ва телефони ману камераи наворбардорро гирифтанд. Мо шаҳодатномаҳои худро нишон додем, вале онҳо моро бо силоҳҳои худ кӯфтанд», - гуфт Яад.
 
 
 
«Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон, аз ҷониби «Толибон» ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд
Мир 24. Бино ба гузориши CNN, президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаи нашрия, раиси Шурои олии оштии миллӣ Абдулло Абдулло низ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Карзай ва Абдулло аз  муҳофизони шахсӣ маҳруманд, онҳоро «Толибон» посбонӣ мекунанд. Мошинҳои шахсиашон низ мусодира  шудаанд.
Карзай ва Абдулло Афғонистонро тарк накарданд, мехостанд бо «Толибон» дар бораи ташкили ҳукумати фарогир машварат намоянд.
 
 
 
Байден амр дод, ки нақшаҳои зарба задан ба ҷангҷӯёни "ДИ" - ро омода созанд
ТАСС. Неруҳои мусаллаҳи ИМА пас аз анҷоми таркишҳо дар пойтахти Афғонистон нақшаҳои зарба задан ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ дар Хуросон», як шохаи созмони террористии "Давлати исломӣ" (дар Федератсияи Россия мамнуъ) -ро омода хоҳанд кард. Дар ин бора президенти ИМА Ҷо Байден зимни суханронӣ дар  Қасри сафед бо муроҷиат дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Кобул хабар дод.
"Ман, ба сарварони низомии худ амр додам, ки барои зарба задан  ба объект ва роҳбарияти «ДИ дар Хуросон» нақшаҳои амалиётро  таҳия кунанд. Мо бо қувва ва дақиқият дар вақт ва макони муқарраршуда, ки интихоб мекунем ва дар лаҳзаи интихобкардаамон посух хоҳем дод", - гуфт Сарвари давлат.
 
 
Чин сарватмандонро  водор сохт, ки  барои беҳбудии кишвар маблағ ҷудо  намоянд
Лента.ру.   Bloomberg хабар медиҳад, ки ҳафт миллиардери чинӣ  5 миллиард доллар хайрия кард. Афзоиши кумакҳо бо эълони охирини Раҳбари Чин Си Ҷинпин дар бораи "шукуфоии умумӣ" - маъракаи густардае, ки барои рафъи фарқияти сарват дар байни аҳолии кишвар пешбинӣ шудааст, рост омад.
Дар як нишасти рӯзи 17 август, ҳукумат гуфт, ки он "бояд даромадҳои аз ҳад зиёдро оқилона танзим  намояд ва афроди сарватманду ширкатҳоро барои ба ҷомеа бештар додани мол ташвиқ созад".
Идеяи "дасти  мадад", ба гуфтаи расонаҳои давлатӣ, ба  қарзҳои ахлоқӣ ва интизориҳои иҷтимоӣ такя хоҳад кард, ки сарватмандтарин одамони мамлакатро  водор  месозад, як қисми  маблағҳои худро барои беҳбудии зисти мардум  хайр намоянд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед