фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
1. ... инъом кардӣ, машав худпараст. 2. Эй дил, ба ғами … гирифтор шудӣ. 3. Дарахти дӯстӣ биншон, ки … дил ба бор орад. 4. Мурғи бе болу паре дидам … омад ба ёд. 5. Дилам … набуд он дам, ки ҷон рафт. 6. Дар … ҳучраи қулай нест маро. 7. Ба дунёе, ки ... асои кур медузданд. 9. То ба кай ошуфтаи зулфи … аст дил. 10. Ин хона зи … куҳна андохтаам. 11. Як қадам ёр аз сари ҷабру ҷафо … нарафт. 12. Чашми ту аз мо … диду абрӯ чин гирифт. 13. Мани … уммеди васлаш зинда медорад. 14. Чун зи кӯят ҳар саҳар бӯе ба ... мерасад. 15. Абр мегиряд ба зорӣ, гул … мекунад. 16. Ёри ман бар чеҳра зулфи худ … мекунад. 17. Сари … дӯш ба болини кӣ буд. 18. Дилбаро, ороми дил ё … ҷон хонамат. 19. Дилам … нан хаставу ҷигар хун аст. 20. Як сару… нигори ман чу аз гулшан гузашт. 21. Дардо, ки дарди ишқи ту … нест. 22. Эй лабат … турраат анбарсиришт. 23. Чашми … ту ба оҳуи ҳарам мемонад. 24. Эй … султони хаёлат дили мо. 25. Дил … кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб. 26. Серӣ … аз лаби ширини ту касро. 27. Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст … туро. 28. Аз … рухат ҳусни бутон як варақ аст. 29. Чашми … ту кофари маст аст. 30. Мамлакат аз ҳиммати … гул мекунад. 31. Ошён гар … дар баландиҳо гузор. 32. Ман дар ҳаваси чеҳраи … ту бошам. 33. Шеъри ман, хуни ҷигар, ё пораи … гӯямат. 34. Агар бинам туро, орам ба ёдам … . 35. Дар миёни чор дарё … кардаӣ.
Таҳияи Комрон ШАРИФОВ, сокини ноҳияи Данғара
Ҷавоб ба муаммои «Табобат» аз 20 августи соли 2021:
1. Витилиго. 2. Оҳан. 3. «Ношпа». 4. Асҳоб. 5. Бутлеров. 6. Вараҷа. 7. Анис. 8. Саратон. 9. Невропотолог. 10. Гиппократ. 11.Тарбуз. 12. Забон. 13. Намуд. 14.Дандон. 15. Нон. 16. Нифос. 17. Сирко. 18. Олус. 19. Сар. 20. Райҳон. 21. Насиҳат. 22. То. 23. Омос. 24. Садаф. 25. Фалаҷ. 26. Ҷоғар. 27. Ришта. 28. Ашк. 29. Кузоз.
Вайбер:
93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
СЕНТИНЕЛИ ШИМОЛӢ
ҶАЗИРАЕ, КИ ТО ҲОЛ КАСЕ ТАҲҚИҚОТ ГУЗАРОНДА НАМЕТАВОНАД
Дар Ҳиндустон ҷазираест бо номи Сентинел бо масоҳати 59,67 километри мураббаъ. Бошандагони онро аз 50 то 500 кас тахмин мекунанд. То кунун дар ин ҷазира одами муосир қадами худро наметавонад бимонад. Аниқтараш бо бошандагони ин ҷазира иртибот (контакт) карда наметавонанд. Борҳо хостанд наздик шаванд, аммо аз ҷониби сокинони ҷазира ҳадафи тири найза қарор гирифтанд.
Ҳукумати Ҳиндустон қарор баровард, ки дигар таҳқиқот ва думболагири ба сокинони ин ҷазираро қатъ кунанд. Тарзи зиндагӣ, забон, одату расми ин мардумро то ҳол касе намедонад чӣ гуна аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
31 СОЛИ МОДАРИ ЧАШМИНТИЗОР
Маъмури давлатӣ дари хонаи кампиреро кӯфт. Пиразан дарро боз намуд. Маъмур пурсид:
- Дар хона чанд нафар ҳастед? Шиносномаҳоятонро биоваред, то сабти ном кунам.
Пиразан ба кӯча нигоҳ карда, бо чашмони пур аз ашк гуфт:
-Агар имкон бошад, фардо меомадӣ ва аъзои оилаи моро мешумурдӣ.
Маъмур гуфт:
- Модар, чӣ фарқ мекунад, имрӯз ё фардо?
Пиразан гуфт:
- Писарам 31 сол боз рафтааст, шояд имрӯз баргардад ва мо то фардо се нафар шавем.
Дар ин ҳангом ҳамсояи пиразан ба суҳбат ҳамроҳ шуда, ба маъмур гуфт:
31 сол мешавад, ки пиразан ҷигарбанди аздастдодаашро мунтазир аст. Ҳар куҷое равад, калиди хонаашро ба ман мегузораду мегӯяд:
- Шояд дар набудани ман писарам биояд ва хаставу монда моро интизор нашавад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
3. ШОҲКӮБРО
(королевская кобра)
Шоҳкӯбро аз заҳрноктарин ва ҳам зеботарин морҳои сайёра аст, ки, асосан, дар ҳудуди ҷангалҳои тропикии Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (Ҳиндустон, Покистон, Индонезия ва Филиппин) ба сар мебарад. Маъмулан ин намуди хазандаҳо дар чашми дигарон намоён буданро хуш надоранд ва бештар дар сӯрохиҳои бехавф руст шуда мегарданд. Шоҳкӯбро ҳарчанд хеле хатарнок аст, вале ба таҳаммул афзалият дода, заҳрашро беҳуда сарф намекунад. Бовар нокарданист, вале далели собитшуда аст, ки ҳангоми бо одам рӯ ба рӯ задан он метавонад «неши дурӯғин», яъне бе заҳр занад. Зеро ин ҷонвар медонад, ки инсон барояш наметавонад хӯрок бошад. Аз ин рӯ, заҳрашро барои мақсадҳои бузургтар сарфа мекунад. Факти аҷибтар ва хеле муҳим ин аст, ки «неши дурӯғин» задани шоҳкӯбро маънои онро надорад, ки ӯ шуморо намекушад, яъне ҳатман аз эҳтиёт бояд кор гирифт.
Таҳияи ШОҲИД НАЗЗОРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҒАЗАБИ ГЕНЕРАЛ ВА ҶАСОРАТИ ДУХТУР
Яке аз дӯстони наздики генерал Михаил Дмитриевич Скобелевро, ки ба қавле дар дами марг ба беморхона оварда буданд, табибон наҷот дода натавонистанд. Генерали ҷавон, ки он замон (соли 1882) инқилобро роҳбарӣ мекард, аз ғазаб ба сари духтур дод зада мегӯяд:
- Ҳамин рӯзҳо шумо чанд нафарро мекушед?
- Нисбат ба шумо даҳ ҳазор маротиба камтар,- мегӯяд духтуре, ки аз афташ ҳолаш аз аҳволи генерал беҳтар набуд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ВЕЛОСИПЕДСАВОРӢ
САРФАИ МИЛЛИАРДҲО ЛИТР БЕНЗИН
Дар саросари дунё велосипедронҳо масрафи бензинро соле миллиард литр кам менамоняд. Қуввае, ки велосипедрон ба 1000 километр сарф мекунад, ба қувваи як литр бензин баробар аст.
Тибқи нишондодҳо, дар кишварҳои рушдкарда сарватмандон нисбат ба камбағалҳо 2,5 баробар зиёдтар велосипед меронанд.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
4. ИССИҚКӮЛ
«Иссиқкӯл» дар баландии 1608 метр ҷойгир буда, 180 километр дарозӣ ва 70 километр паҳноӣ дорад. Чуқурии кӯл то 668 метр мерасад. Бо вуҷуди он ки атрофи кӯлро қуллаҳои барфпӯш иҳота кардаанд, он ҳаргиз ях намебандад.
Онро «Дурдонаи Тиёншон» ном мебаранд. Соли 2004 он сарвати миллии Қирғизистон эълон шуд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
526 ДАНДОНИ БАРЗИЁД
Моҳи августи соли 2019 табибони шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баъди 5 соати ҷарроҳӣ 526 дандони зиёдатии кӯдаки 7- солаеро ба номи Равиндранат кандаанд. Ин дандонҳо Равиндранатро ҳанӯз аз 3 – солагӣ азоб медоданд. Варами рухсораҳои кӯдак рӯз то рӯз зиёд мешуд ва, билохира, волидонаш ӯро ба беморхона бурданд.
Ҳоло Равиндранат 21 дандони солим дорад ва ба гуфтаи дандонпизишкон, дандонҳои зиёдатии ӯ дигар намесабзанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
115 000 ЕВРО БАРОИ АНГУШТОНИ СӮХТА
Чойники барқии вайрона ба Ҳукумати Австралия 115 000 евро зарар овард. Ҷейн Мэррей, завҷаи собиқ вазири туризм, ангуштони худро ба вақти бардоштани чойник сӯзонд. Чойник аз ҷумлаи асбоби офиси вазир ба ҳисоб мерафт, аз ин рӯ, бону қарор дод, ки товони зарари расидаро аз ҳукумат рӯёнад. Ҳукумат ба вай танҳо 20 000 евро пешниҳод намуд, аммо барои зани пурҷасорату адолатхоҳ ин маблағ ҳеҷ тофт. Вай ба суд аризаи шикоятӣ навишт, судяҳо ҳаҷми товони зарари расидаро 115 000 евро таъин карданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
КОКА – КОЛА
КӢ ОФАРИДУ КӢ МАНФИАТ ДИД?
Соли 1886 Ҷон Стит Пембертон, фарматсевт аз иёлати Ҷорҷияи ИМА аз шираи дарахти тропикии коли ва баргҳои буттаи кока (рустание дар Амрикои Ҷанубӣ) нӯшидании фараҳафзое офарид. Вай пешниҳоди ёрдамчиаш Фрэенк Робинсонро оид ба номгузорӣ писандида, борҷомаашро Кока – Кола унвон дод . Барои равнақи кораш сармоя надошт, бинобар ин, онро чун як навъ давои бемориҳои халалёбии асаб дар бузургтарин дорухонаи Ҷекоба ба фурӯш гузошт. Гуфтан ба маврид аст, ки аз ин пеш дорусози дигар Алберт Ниманн аз баргҳои буттаи кока маводи таскинбахш омода мекард, ки онро какаин низ меномиданд.
Торафт нӯшидании фараҳафзои Ҷон Стит Пембертон дар хонадони ҳар амрикоӣ талабгор пайдо кард. Аммо ба номбурда умр вафо накард. Бо гузашти солҳо номи офарандаи аввалини Кока – Кола номаълум монд. Аза Кендлери ирландӣ, ки он замон ба Ҷорҷия муҳоҷир шуда буд, тавонист ба бренди Кока – Кола шуҳрати ҷаҳонӣ бахшад. Вай ҳини омадан ба ин ҷо дар ҷайбаш ҳамагӣ 1 доллару 75 сент дошт. Азбаски тоҷири зираку кордоне буд, сармоя ҷамъ оварду аз зани Пембертон дастурамали омодасозии Кока– Коларо ҳамагӣ бо 2300 доллари амрикоӣ харид. Ӯ ҳамроҳи бародараш дар иёлати Ҷорҷия ширкати « The Coca-Cola Company» - ро бунёд кард, ки то кунун бомаром фаъолият дорад. Имрӯз истеҳсол ва фурӯши Кока– Кола дар беш аз 200 кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамарӯза миллионҳо қуттии ин нӯшокӣ ба фурӯш меравад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ПОДОШИ АМАЛИ БАД
Як ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ки чанд сол пештар дар Россия ҷиноятеро кушодам. Маълумам гардид, ки таҷовузкунанда ба номуси духтари бошқирд ҷавони қазоқистонӣ будааст.
Парванда барои баррасӣ омода шуд. Пеш аз он, ки парвандаро ба роҳбарият бисупорам, хабари марги модари ҷинояткор тариқи телеграмма, ба ман расид. Дасту поямро ларза фаро гирифт. Овозам олудаи гиряи дарунӣ шуд. На пеш рафта метавонистам, на ба воситаи телефон ин хабари мудҳишро расонда.
Тафтиш кардем. Модар аз ҳамон лаҳза, ки фарзандаш ҷиноятро содир намуда, бемор гардида, дар ҳолати бехудӣ афтода будааст. Бо анҷоми парванда, на пештар ва на баъдтар, ҷон додааст. Ба ин васила дарёфтам, ки амалҳои баду ҷинояткоронаи одамон ба ҷисму руҳи одамон, агар ҳам ҳазорон километр дур бошанд, таъсири манфии худро мегузоранд. Инчунин, дар бисёр маврид боиси ҳалокаташон мегарданд. Ин рухдод ҳақиқат аст. Агар ба он бисёр таваҷҷуҳ зоҳир карда бошеду донистан бихоҳед, ки он ҳуқуқшинос кист, дар шумораи оянда аз ӯ ном мебарем. Шахсияти машҳур ва шинохташуда мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
5. ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ
Искандари Мақдунӣ бешак аз машҳуртарин лашкаркаши аҳди қадим маҳсуб меёбад, ки дар замони салтанаташ ягон муҳорибаро набохтааст. Бо ҳамин далел пеш аз марги Искандар паҳнои ҳокимияти ӯ 5000 километрро аз Шарқ ба Ғарб ташкил медод. Албатта, бо чунин қудрат Искандари Мақдунӣ имкон дошт империяи азими худро созмон диҳад, вале хатои таърихии ӯ заҳматҳои тули солҳо кашидаашро ба боди фано дод. Хатои ин лашкаркаши бузург ин аст, ки ҳатто солҳои охири умраш ҳам дар бораи меросбараш андеша накард ва бефарзанд хок шуд. Ҳамин гуна як хатои тақдирсоз баъди марги Искандар ба он оварда расонд, ки мардуми давлати созмондодааш ду садсолаи баъдӣ бо ҳам ҷангида, дар қашшоқӣ ба сар баранд.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ЯК ҲИКОЯ БАРОИ МУЛОҲИЗА
Модаре субҳи содиқ ба фарзандаш занг мезанад. Писар телефонро бардошта, мепурсад, ки ягон гап шудааст модар?
Не – не бачам ту имрӯз зодрӯз дорӣ. Мехоҳам туро табрик гӯям, - хушҳолӣ мекунад модар. Писар ба ҷойи шод шудан аз меҳрварзии модар ва изҳори сипос , бо нороҳатӣ мегӯяд:
- Соат чори субҳ аст ва тоқат накардӣ, ки ман аз хоб сер шуда, бархезам.
Мадар ҳам бо навозиш мепурсад:
- Ту 30 сол пеш соати чори субҳ ба дунё омада будӣ, чаро тоқат накардӣ ки ман ҳам аз хоб бедор шавам.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ПУШКИН ВА 36 ҲАРФИ АЛИФБО
Пушкин баъди гирифтани ҳаққи қалам чанде аз дӯстони худро дар тарабхонаи машҳури Доминика зиёфат медод, ки граф Завадовскийи бойбача аз мизи ҳамсоя бо тамасхур луқма партофт:
- Аз афташ имрӯз корат омад кардааст шоир?
- Кори ман ҳамавақт сафед аст дӯстам. Бо тафовут аз шумо ҳеҷ вақт интизор намеистам, ки кай аз деҳаҳо андоз ҷамъ мешавад, ман ризқи худро аз 36 ҳарфи алифбо меёбам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ДАР ҲАЁТ ИМКОНИЯТИ ХУШБАХТ БУДАН ХЕЛЕ ЗИЁД АСТ
Зане назди равоншинос омад ва якбора аз нокомиҳояш шикоятро сар кард.
- Дӯстони ҳақиқӣ нестанд. Музди хуб надорам, хонаи барҳаво ҳам. Ҷавонӣ рафт. Ва умед ҳам дигар надорам, ки ҳамаи инро рӯзе ба даст орам.
Равоншинос ӯро бодиққат гӯш кард, чашмайнакашро дуруст гузошт ва, бо исрор гуфт:
- Албатта, шумо бисёр чизҳоро надоред. Вале фаромӯш накунед, ки баъзан надоштани чизе, аллакай, дороӣ аст. Масалан, шумо бемории ҷиддии табобатнашаванда, қарзи калон, масъулияти нигоҳубини хеши гирифтори бемории вазнин надоред. Ҳеҷ гуна маъюбӣ низ. Шумо бисёр чизҳои бадро надоред. Агар шумо рӯйхати мушкилоти надоштаатонро нависед, руҳияатон фавран беҳтар мешавад. Зан фикр кард ва дар хаёлаш ин ҳамаро ҳисобиду табассум намуд. Воқеан, дар ҳаёт имконияти хушбахт будан хеле зиёд аст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ИШТИБОҲИ ТАЪРИХӢ Ё ЧӢ ТАВР ХАНСИ ДАВАНДА ЧЕМПИОНИ ОЛИМПӢ ШУД?
Ханс Парчмент, давандаи ямайкаӣ, ҳангоми Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар риштаи давидан ба масофаи 110 метр бо монеаҳо ба воқеаи аҷиб рӯ ба рӯ шуд. Ӯ рӯзи сабқати марҳилаи финалӣ, аз Деҳаи олимпӣ иштибоҳан ба автобусе савор шуд, ки номбурдаро ба қасри шиноварӣ бурд. Вақте аз нақлиёт мефарояд, дар ҳайрат монда, сарсон мешавад, зеро то оғози мусобиқа вақти кам монда буд.
Аз сабабе, ки нақлиётҳои расмӣ банд буданд, Ханс чи кор карданашро намедонист. Дар ҳамин ҳол, ӯ Тиана ном духтараки волонтёрро дида, ба наздаш меравад. Вазъиятро ба вай фаҳмонда хоҳиш мекунад, ки барои роҳкиро ба ӯ маблағ диҳад. Пас аз дарёфти маблағ Ханс такси киро карда, сари вақт ба макони мусобиқа мерасад ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мегардад.
Баъд аз ҷустуҷӯ Тианаро пайдо карда, қарзашро баргардонда, барояш либоси олимпии варзишгарони Ямайкаро тақдим мекунад. Инчунин, вазири сайёҳии Ямайка бонуи ҷопониро ба кишвараш ба меҳмонӣ даъват мекунад.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
КИШВАРҲОИ ДОРОИ БУЗУРГТАРИН ҶАНГАЛЗОР
Россия – 765,9 миллион гектар,
Канада – 494 миллион гектар,
Бразилия – 488 миллион гектар,
ИМА – 296 миллион гектар,
Конго (Заир) – 173 миллион гектар.
Таҳияи Додо УМАРХОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2021 №: 171 Мутолиа карданд: 2502